Ёдгори Фаридуну Ҷамшед

 Ёдгори Фаридуну Ҷамшед

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукўҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирўзаи Давлат, фазои боғ идона ороста шуда, дар ҳар гўшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хосси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хўрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки чашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кўчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷўю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрўзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дўстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.

Дигар хабарҳо