Як соли “Садои Шарқ”
27 феврали соли равон муҳтавои маводи соли 2023 дар маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» чопшуда бо иштироки адибону донишмандон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки соли гузашта кормандони маҷалла анъанаҳои пешинро идома дода, дар 12 шумора матлабҳои хубу хонданиро ба чоп расониданд. Сипас, мувофиқи тартиб, шеърҳои маҷалларо мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон баррасӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки соли гузашта дар саҳифаҳои маҷалла беҳтарин намунаҳо, ки намоёнгари давраи нави рушди шеъри имрӯз мебошанд, ба табъ расидаанд.
Осори насрии маҷалла аз ҷониби нависанда Шодӣ Раҷабзод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда ҳикояҳо ва қиссаҳои соли гузашта дар маҷалла чопшударо дархури завқи хонандагон дониста, муҳтавои онҳоро ба таври васеъ ба риштаи таҳлил кашид.
Маводи бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносиро адабиётшинос, мудири кафедраи адабиёти навини факултаи филологияи ДМТ Қарор Муҳаммадизода ва асарҳои бахши иҷтимоиётро устоди факултаи журналистикаи ДМТ, номзади илмҳои филология Наргис Усмонова баррасӣ намуданд.
Дар бораи сифати матлабҳои чопшуда адибони шинохта Бахтиёри Муртазо, Абдулҳамид Самад, Мирзо Шукурзода, Боймурод Шарифзода ва дигарон ибрози назар карданд. Зикр гардид, ки кормандони маҷалла барои дар ҳама бахшҳо ба хонандагон маводи хубу хонданӣ пешкаш намудан ва муаррифии дастовардҳои адабиёти имрӯзамон талош варзидаанд. Бо назардошт ин, фаъолияти маҷалла дар соли гузашта қонеъкунанда дониста шуд.
Дар охир маслиҳатҳо ва пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам ҷолибтар гардидани маҷалла аз ҷониби сардабири он Рустам Ваҳҳобзода бо сипосгузорӣ пазируфта шуданд.