Шумораи нави «Садои Шарқ», № 9, 2024
Маҷаллаи нави «Садои Шарқ» (№ 9) ба дасти хонандагон расид. Дар ин шумора дар бахши назм ашъори Низом Қосим «Эй биҳишт, эй Тоҷикистон», Хурсандӣ Ҳоҷимурод, дар бахши наср порае аз романи «Исмоили Сомонӣ»-и Бароти Абдураҳмон, ҳикояи «Гадои ишқ»-и Муҷибахон Ҷавҳарӣ, дар бахши бузургдошт мақолаи Беҳрӯзи Забеҳулло – «Мавлоно – кашшофи олами ботин», дар бахши мактаби адабӣ «Вазн ва мусиқии шеър»-и Шафеии Кадканӣ, дар бахши тарҷума гуфтори Конфутсий, дар бахши иҷтимоиёт мақолаи Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода – «Ташаккули мактаби зеҳнгароёнаи идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бахши пажӯҳиш мақолаҳои Камол Насрулло – «Бедилонро бедиле дилдор кард» ва Мисбоҳиддини Нарзиқул – «Кароматуллоҳи Мирзо ва коргоҳи эҷодии ӯ» ва дар бахши тақриз ва китобиёт нигоштаи Насимбек Қурбонзода – «Дар партави рӯшноӣ» ба нашр расидаанд. Умед аст, ки ин шумораи «Садои Шарқ» мисли шумораҳои қаблӣ мавриди писанди алоқамандон хоҳад шуд.