Шумораи якуми Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» дар соли нав аз чоп баромад. Дар саҳифаҳои аввали моҳнома Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷо дода шудааст. Дар партави Паёми Пешвои миллат мақолаи публитсистии Нозир Ёдгорӣ манзур гардидааст, ки «Эҳёи нур» ном дошта, дар он дар бораи иқтидори энергетикии неругоҳҳои барқии кишварамон сухан меравад.
Пора аз романи «Нони шарикӣ»-и нависанда Мирзо Насриддин бори аввал тавассути маҷалла пешниҳоди хонанда гардид. «Афсонаи зиндагӣ» унвон гирифтааст эссеи Алӣ Ҷӯра. Муаллиф дар ин жанр бо забони содаву равон мақсади хешро ба хонанда мефаҳмонад.
Ба муносибати 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ шеърҳои мавсуф нашр шудаанд, ки баёнгари меҳри беандозааш ба хоки аҷдодӣ ва миллати қадим мебошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо имсол 95-сола шуд. Барои пос доштани хотири ӯ шеърҳои «Вопасин дидор» (Видоъ бо Турсунзода), «Ду Турсунзода буд дар Тоҷикистон», «Мувофиқи дилу ният» ва ғайра пешниҳод шудаанд. Ғазалҳои ватандӯстонаву ошиқонаи шоир ва пажуҳишгари маъруф Муҳаммадалии Аҷамӣ ба муносибати 70-солагияш ба табъ расидаанд, ки бо шириниву равонияшон писанди ҳаводоронанд.
Назму насри пирӯзгаштагони Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаҳёд Шарифзода, Хуршеди Эҳсон, Бахтиёр Раҳмониён ва дигарон аз ояндаи хубашон дарак медиҳанд.
«Бародаҳо» яке аз китобҳои машҳури шоири Эрон Сайидҳасани Ҳусайнӣ аст, ки андешаҳо ва назарҳояшро дар бораи ҳунари нигорандагӣ фаро гирифтааст. Пораҳое аз ин китоб дар ин шумора чоп шудаанд, ки кӯтоҳу пурмазмунанд.
Дар мақолаи «Ҳамбастагии илмҳои қофия ва бадеъ» адабиётшинос Урватулло Тоиров дар бораи вазни арӯз, қофия ва баҳрҳои шеър андешаҳои худро муфассал баён доштааст, ки барои эҷодкорони ҷавон аз манфиат холӣ нест.
Ҳамин тавр, бо он чӣ ном бурда шуд ва чандин маводи дигар моҳномаи «Садои Шарқ» ба зевари нашр ороста гардид.