Шеъри зиндагӣ
Ба муносибати 100-солагии Жола Бадеъ
Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дувуми худ ихтиёр намуда ва дўст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ ва ҳамкории доимӣ дошт ва тақрибан тамоми осораш дар Тоҷикистон мунташир гардидааст. Шеъри Жола шеъри содаву равшан ва саршор аз рўҳиёти шодзистӣ ва умедворӣ ба ояндаи фарруху фархунда мебошад. Жола, ки бори зиндагии душвореро рўи шонаҳои нозукаш ҳама умр кашида, шаҳомати як инсони фарзона ва озодаро дар вуҷуди худ ҳифз намудааст, бо дардҳои башар беш аз ҳар касе ошност ва сарояндаи ин дардҳо низ ҳаст. Лозим ба таъкид аст, ки осори Жола Бадеъ он тавре ки шоиста аст, ҳанўз дар Тоҷикистон мавриди тадқиқот ва пажўҳиши ҷомеу фарогир қарор нагирифта, то мавқеи воқеӣ ва ҷойгоҳ ва осори мавсуф дар адабиёти тоҷик таъйин гардад.
Жола Бадеъ, ки то охири умр бо маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамкорӣ мекард ва ҳатто аз ғурбат, аз Урупо ашъори худро ба сурати дастнавишта ба унвони маҷаллаи «Садои Шарқ» ирсол менамуд, дар мавриде муҳаббати худро ба ин маҷалла бо чунин шеъри самимӣ баён кардааст:
Садои Шарқи куҳансол буда садҳо қарн,
Нидои донишу шеъре, ки монда ҷовидон.
Садои Шарқи навин – нағмаҳои озодист,
«Садои Шарқ», ту з-ин ҳарду ёдгор бимон!
Басо намудиям аз хоби субҳдам бедор,
Ки хезу бо ҳама ҳастӣ ба зиндагӣ рўй ор.
Басо ба гўши ту хондам навои шодиву ғам,
Басо зи панди ҳакимонаат шудам маҳкам…
«Садои Шарқ» дуруди маро, саломи маро,
Умеди поки маро, беҳтарин паёми маро
Расон ба шоири фардо, ки баъди ман ояд,
Ба булбуле, ки бад-ин ҷовидон чаман ояд…
Жола Бадеъ дар соли 2007 дар Ландан, дар ҳалқаи фарзандонаш ин ҷаҳонро падруд гуфт. Аз ашъори охирини ишон, ки ба дасти фарзандонаш дар ҳамон сол дар маҷмўае бо номи «Шукуфаҳои зимистон» тадвин ва мунташир гардида, маълум мегардад, ки шоира то вопасин нафас лабе ошно бо шеър дошта ва охирин анфоси худро бо раёҳини шеъри ноб омехтааст. Хўшае аз охирин хирмани умри пурбаракати Жола Бадеъи Исфаҳониро ба пайвасти чанд шеъри дигар аз саҳифаҳои бойгонии «Садои Шарқ» ба шумо пешкаш менамоем.
Рўзи васли дўстдорон ёд бод.
Ёд бод он рўзгорон, ёд бод.
Ҳофиз
****
ТОҶИКИСТОН
Точикистон,
Ман зи даврони ҷавонӣ
Бо ту дорам ошноӣ;
Ошноӣ бо заминат,
Бо забонат,
Бо зану марди матини меҳрубонат,
Бо бузургони адаб,
бо шоиронат.
Борҳо дар дафтари шеъри ту будам,
Нағмаҳо баҳри туву Эрон сурудам.
Борҳо дар сарзаминат
Бо гурўҳи шоирон
саршору шайдо.
Шеър буду орзуҳо…
Соҳили Варзобу домони Ҳисорат.
Даштҳои сабзпўши лолазорат,
Ҷиргаи уммедворон
«Ёд бод он рўзгорон!»
Борҳо дар домани меҳрат нишастам,
Баҳравар аз номи Лоҳутиву Айнӣ
Аҳдҳо бо шеър бастам,
Гарчи имрўз аз ту дурам,
Дар ҳузурам, бо ту ҳастам.
Тоҷикистон,
Бод пайванди ту поё
Ҳамчу Помири баландат
Ҳарчи рўшантар
раҳи пирўзмандат.
ДАШТИ АНДЕША
Шаб асту моҳ фурўзону сарви ҳамсоя,
Ки соярўшани сабзаш
нишаста бар девор
Мане, ки сарвқадонро
басе зи худ рондам
Бубин кунун зи дарахте
чи гунаам саршор!
БАҲОР КАРДА ҶАВОНАМ
Дар ин хазонзадагӣ
Баҳор кард ҷавонам;
Чи шўру шавқи шигифте
Шукуфта дар дилу ҷонам,
Ки лаҳзае нагузорад
Дигар ба хона бимонам.
Зи бонги чаҳчаҳи мурғону рақси сабзи дарахтон,
Зи атри дарҳами гулҳо чи маст мешавад инсон!
Хушо, чу оҳуи ваҳшӣ задан ба кўҳу биёбон
Ва ё ба шўри ҷавонӣ
Пайи умед давидан
Ба авҷи қулла расидан…
ТАН БА ТАН
Дар ин пайкори тори тан ба тан
фотеҳ туӣ ё ман?
Намедонам.
Ҳамин донам, ки ман омодаам,
истодаам,
сангам.
«Сияҳсол» аст агар дар пеши рўям,
ё сиёҳӣ, бар сари ҷангам.
Дар ин поёни раҳ
гўӣ дар оғозам,
Умеду орзумандист
боли бози парвозам.
ОЁ?
Бо сукути кўҳ,
Бо ғавғои дарё,
Дар тўли таърих,
Дар арзи умр,
Дар инфиҷори фишорҳо
Инсон
Шуъла, шуъла сар мекашаду
ногаҳон
Хомўш мешавад.
Оё
Аз амвоҷи каҳкашонҳо
В-аз хотираҳои замон
Фаромўш мешавад?
ҶУҒРОФИЁИ ҶАҲОН
Ман Шарқу Ғарб дидааму дарк кардаам:
Фарқе намекунад, ки куҷо зиндагӣ кунем,
Мардум ягонаанд,
ҷудогона марзҳост.
Ҷуғрофии ҷаҳон
Як шеъри ошиқона
барои ману шумост.
МЕХАНДИД
Ба ёди пирамарди ношиносе, ки дар Душанбе
дар назди театри Лоҳутӣ дидам.
Шаби шавқовари баҳорон буд,
Ба рухи Зуҳра моҳ механдид.
Он дарахти ҷавони зардолу
Пой то сар шукуфаборон буд.
Лаби сабзи гиёҳ механдид.
Пирмарде рухаш чу оташ сурх,
Дар хаму печи роҳ механдид.
Хандаи рўш мавҷ мезаду мерехт,
Рўйи риши чу обшор сафед.
Ханда дар кўдакӣ фаровон аст,
Дар ҷавонӣ чӣ ханда ларзон аст.
Сояи ханда бо гузашти замон,
Камтар афтад ба чеҳраи инсон.
Он шаб он пирмард монанди
Кўдаки бегуноҳ механдид.
Масти май буд ё ки масти баҳор,
Ё ба ёди ҷавонии дураш,
Ё ба кўтоҳии фасонаи умр,
Ё ба торикии шабони дароз,
Ё ба уммеди равшани фардо,
Гоҳ мехонду гоҳ механдид.
Рафтаму то кунун намедонам,
Хандаи пирмард баҳри чӣ буд,
Он шабонгаҳ, ки моҳ механдид.
ПОСБОНИ ДАРУНӢ
Як шаб зи посбони дарунӣ гурехтам,
Парҳезро, ки ҷоми пуре буд, рехтам.
Пеши ту омадам.
Танҳо канори панҷара чашмат ба роҳ буд,
Шаб буду моҳ буд.
Гуйӣ биҳишти гумшударо ҳарду ёфтем.
Ҷойи ҳазор гуфтаи сўзон, ки доштӣ,
Дасти маро гирифтаву бо ларзиши хамўш,
Бар рўйи қалби пуршарари худ гузоштӣ.
Ҷойи ҳазор қиссаи ғамгин, ки доштам,
Сарро ба рўйи синаи гармат гузоштам.
Як дам биҳишти гумшударо ҳарду ёфтем.
Ногоҳ посбони дарунӣ зи ҷо парид,
Ҳамчун паланги ваҳшии маҳтобдидае,
Зад наъра бар сарам, ки “чаро хоб дидаӣ?!”
ИНСОН ВА САНГ
Танҳоии беинтиҳо тақдири санг аст.
Тақдири санг аст, ин ки кўру лол бошад.
Ҳаргиз нагиряд аз ғаме, ҳаргиз нахандад,
Бедарду беуммеду беомол бошад.
Гоҳе ба шакли сахра аз дунёи дуре
Силӣ хўрад рўзу шабон хунсарду ором.
Гоҳе ба қабре афтаду ногуфта гўяд,
Он кас, ки ҳаргиз барнагардад, чисташ ном?
Аммо чу гардад пайкари мардони ҷовид,
Резанд мардум бар сараш гулҳои хушранг.
Санге агар инсон шавад, хушбахт гардад,
Эй вой, агар инсони бадбахте шавад санг!
РЎҲИ ИСЁНГАР
Ба рўзгори гузашта намехурам афсўс,
Ба он чӣ додаам аз дасту он чӣ буда азиз.
Ба боғҳои шафақранг аз гули бодом
Ба зиндагонии ороми кўҳҳои тамиз.
Ба даври кўдакиву хандаҳои шавқовар.
Ба атри ишқи нахустин, ки чун гули обӣ,
Ба субҳгоҳи ҷавоним ҷовидона дамид.
Ба навбаҳори ҷавонӣ, ки чун парандаи маст,
Ба боғи зиндагиям лаҳзае нишасту парид,
Ба ошёнаи навсоз, гашта зеру забар.
Дареғи ман зи басо ҷазру мадди ҳодисаҳост,
Ки аз талотуми дарё маро ба дур афканд.
Дилам, ки ташнаи фарёди хашми тўфон аст,
Зи ҳеҷ лаззати дигар намешавад хурсанд.
Чи созам ин ману ин ранҷи рўҳи исёнгар.
Ба ҳар нафас, ки барорам, ба ҳар куҷо, ки равам,
Ба ҳар даре бизанад фикри чораандешам,
Ки лаҳзае, ки барои абад бибандам чашм,
Ба худ нагўям, мадюни мардуми хешам.
Вуҷуди бесамарам баст кўлбори сафар.
Таҳияи Рустам ВАҲҲОБЗОДА