ШЕРАЛӢ МАСТОН
МАСТОН ШЕРАЛӢ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1950 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солиёне корманди адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи Нашриёти «Ирфон» будааст.
Асарҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта чоп шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд. Муаллифи китоби ашъори «Мавҷи Зарафшон» (1964), «Илҳом (1969), «Реша дар об» (1970), «Ситора» (1972), «Ташнагӣ» (1975), «Суруди роҳ» (1983), «Ихлос» (1986) ва ғ. мебошад, ки ба туфайли забони суфтаву пухта, образҳои хотирнишин, банду басти қавӣ ва шеърияти баландашон мақоми ӯро дар адабиёти шӯравии тоҷик шоиста гардондаанд.
Иддае аз ашъорашро суруду таронавор мехонанду месароянду лаззату ҳаловати эстетикӣ мебардоранд.
Китоби шеърҳои ба русӣ тарҷумашудаи ӯ «Жажда» соли 1981 дар Маскав ба чоп расидааст. Драмаҳои «Золу Рудоба», «Зебуннисо», «Тоҳиру Зуҳро» ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар чанде аз театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
Китоби шеърҳои В.Сосюра, Р.Ҳамзатов, А.Кешоков, Д.Кугултинов, Ш. Петефи, «Домод»-и А.С.Пушкин, достонҳои Ю.М. Лермонтов, шеъру таронаҳои алоҳидаи Т.Лорка ва П.Нерударо ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба чанд забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1988 аз олам даргузашт.