Шарораҳои «Оташи тасвир»

 Шарораҳои «Оташи тасвир»

«Оташи тасвир» унвони китоби тозаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим аст, ки нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд чанде пеш ба табъ расонд. Дар ин китоб, дар баробари шеърҳои нав, ашъори солҳои гуногун сурудаи шоир аз маҷмўаҳои пешинаш гулчин шудаанд. Метавон гуфт, ки он беҳтарин шеърҳои шоирро фаро гирифта ва аз ҳар дидгоҳ ҳунари шоирии ўро пеши чашми хонандагон ошкор мекунад. Бо иттико ба ин китоб, доир ба вижагиҳои муҳимтарини ашъор ва рамзу рози коргоҳи эҷодии муаллиф қазоват кардан мумкин аст.

 Шеърҳои ватандўстонаи шоир, ки дар қисмати аввали китоб манзур шудаанд, бо чанд махсусияти худ қобили таваҷҷуҳанд. Пеш аз ҳама, маънои тозаи шоирона ва баёни равшану устувор ба онҳо имтиёз дода ва боиси дилрасу ҳадафрас шуданашон гардидааст. Аз назари танаввўи шакливу мавзўӣ низ ин силсилаи шеърҳо ғаниянд ва аз гулу гиёҳу обу хоки Ватан сар карда, то мавзўъҳои густардатарро фаро гирифтаанд ва дар қолабҳои суннатие чун маснавию ғазал ва қолабҳои нави шеър, монанди чаҳорпораву арўзи озод суруда шудаанд. Дар ҳар навъе аз ин шеърҳо мо тасаллути комили шоирро ба абзорҳои гуногуни ҳунари шоирӣ шоҳид мешавем. Ба он шеърҳое, ки сурати хитобаву шиор доранд, фасоҳати калому балоғати маънӣ, орояҳои лафзиву суварӣ ва таносуби мустаҳкам хос мебошанд. Қимати бадеии ин навъи ашъори ватандўстонаи Низом Қосим бо ҳамин хусусиятҳо зоҳир шудааст. Маснавии «Баҳри орзу» намунае аз онҳост:

Ин ҳама обе, ки рўду наҳру

                                     ҷўи тоҷиканд,

Чун ба ҳам оянд, Баҳри Обрўи

                                                тоҷиканд.

То ба кай бо оҳу бо афсўс

                                                 бояд сохтан? –

З-оби кишвар баҳру уқёнус

                                                     бояд сохтан.

Дар як қисмати дигари ашъори меҳанпарастонаи шоир тасвир ва ҳикмати шоирона саҳми бештар доранд. Намунае аз онҳо «Балладаи марзбон» мебошад, ки дар қолаби чаҳорпора рўи коғаз омадааст ва дар ҳар банди он ҳолати рўҳии марзбон ва фазои перомуни ў бо чирадастӣ тасвир шудааст. Ин шеър ҳосили бархурди шоир бо ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғистон аст ва дар миёни шеърҳои дар ин мавзўъ эҷодшудаи шоирони дигар имтиёзи хос дорад ва бе тардид онро метавон аз ҷумлаи муваффақонатарин ашъори иҷтимоиву сиёсии солҳои охир ба шумор овард. Шоҳид будем, ки бештари шеърҳои дар мавзўи мазкур гуфташуда, ба истиснои ашъори баъзе аз устодони пуртаҷриба, хушку муҷарраду дарунтиҳӣ буданд ва маъно ё тасвири хосси шоиронае надоштанд. Аммо «Балладаи марзбон»-и Низом Қосим бо сужаву фазои мушаххас ва ҷамъбасти ҷолиби бадеии худ дар ин миён фарқ мекунад. Манзараҳои риққатоваре, ки лаҳзаи ҷон додани марзбон дар оинаи дилу хаёлаш муҷассам мешаванд, бо забони содаву бетакаллуф ва ба таври мунсаҷиму якпорча ба коғаз кўчидаанд ва муҳимтар аз ҳама, хулосаи шеър аст, ки бадеияти соф дорад. Тири шоир ин ҷо воқеан ба ҳадаф расидааст:

Дидааш бар сўи марз аст ин замон,

Қад-қади марзи Ватан бинад аён:

Чун ватандору Ватан омехта

Хатти марзу хатти хуни марзбон.

Пайдост, ки дар мавзўи Ватан шеъри тоза гуфтан ва аз маъниву тасвирҳои обшуста канортар рафтан кори сахту душвор аст. Дар ин китоб шеърҳои ватандўстонае ҳастанд, ки ҳосили мушоҳидаву нигариши хосси шоиранд, мисли шеъри кўтоҳаки зерин, ки дар он манзараи одии замони кўдакӣ шоирона дарку маърифат шудааст:

Эзорчаҳои кўдакиямро

Бингар, ҳама кандагӣ сари зону –

Зону зада будам, эй Ватан, аз ҷон

Аз тифлии хеш ман ба пеши ту.

Ин ҷо ҳатто шоир аз корбасти калимаи ба қавле, ғайришеърии, «эзорча» парҳез намекунад, зеро медонад, ки он бо аҷзои боқии шеър ҳамхониву таносуби табиӣ дорад. Воқеан ин калимаи ба назар номаънус дар ҷои худ мувофиқ афтода ва ҳатто мешавад гуфт, ки маҳз ҳамин «эзорча» ба шеър тозагӣ бахшидааст.

Чунин гурези шоирона аз суханҳои куҳнаву умумӣ ва такрории мавзўи Ватан дар шеъри «Чашма» ҳам мушоҳида мешавад. Ин ҷо сухан аз чашмае меравад, ки аз байни хасу хошокҳо гузаштаву худро полуда, «дар кафи поки Ватан обрў» мешавад. Дар ду банди аввали шеър аз саргаҳ ҷорӣ шудани чашма ва худро раҳ ба раҳ полудани он бо калимоту ибораҳои сода зиндаву маҳсус тасвир шудааст ва шеър дар банди охир, чун дар аксари ашъори китоб, нишонрасу ҳикматноку шоирона хулоса шудааст:

Чашмаи дилпоку ҷўшони Ватан

Шуд яке рўҳи хурўшони Ватан;

Сўи мавҷи нуру нор овард рў,

Дар кафи поки Ватан шуд обрў.

Умуман, ҳини мутолиаи ашъори китоби зери назар, махсусан он шеърҳое, ки нақлу сужа доранд, мушоҳида мешавад, ки қудрати шоирии Низом Қосим барои ҳарчи бадеътару ҳикматноктар ҷамъбаст кардани шеър сарф шудааст ва ин, албатта, бозгўкунандаи ҳунари баланди шоирист. Маҳз аз ҳамин роҳ метавон тири суханро ба нишон расонд ва вуҷуди хонандаро ба ҷунбиш овард. Дар шеъри «Гургодам», ки ба услуби ҳикояи манзум навишта шудааст ва худи шоир ҳам онро «ҳикояти шикорчӣ» номидааст, ҳамин гуна ҷамъбасти ҷолиби бадеиро мебинем. Шикорчӣ дар ин шеър ба сифати ровӣ ҳузур дорад ва нақл мекунад, ки чӣ гуна боре ба лонаи гургон ҳамла оварда, гургакеро захмӣ карда буд. Мувофиқи нақли ў, чунин иттифоқ меафтад, ки модари ин гургбача назди хонаи шикорчӣ меояд. Шикорчӣ ҳаросон мешавад, ки гург ба тифлаки ў ҳамла карда, интиқомашро меситонад. Вале гург аз роҳи худ пас мегардаду осебе ба тифлак намерасонад. Ин ҳикоя, ки мавзўаш муносибати одамвору дилсўзона ба табиат ва ҳайвонот аст ва дар шеъри мо то ҷое тозагӣ дорад, дар тасвири Низом Қосим муассиру ҷолиб баромадааст. Шикорчӣ баъди чунин муносибати гург, дар сурати ў Одам ва андаруни худ Гургро мебинад ва ин шеър чунин шоирона хулоса мешавад:

…Лек боз

Дидам он гуна аён,

Бо азоби дилу ҷон –

Одам аз хонаи ман ноҷо рафт,

Гург дар хонаи ман барҷо монд.

Дар шеърҳои ба истилоҳ тасвирии Низом Қосим тасвирҳои зиндаву айнӣ ва қобили ламсу тасаввур бештар дида мешаванд, тасвирҳое, ки реша дар воқеият доранд ва зеҳниву ваҳмӣ нестанд. Чизи дигаре, ки ин тасвирҳоро қувват додааст, ҳикмати шоирона аст. Шоир кўшидааст, ки тасвир на ба хотири тасвири маҳз, балки дар хидмати маънову ҳикмат бошад. Мисли ин ки шоир ҳикмат бардоштанро аз ҳодисаҳо ва манзараҳои табиӣ ҳадафи эҷодии худ қарор додааст, чун дар ин шеъри кўтоҳ, ки бо тасвири айнӣ оғоз ёфта, бо маънои зебо хулоса шудааст:

Ҷӯй

Аз дилсардӣ

Буд як афсурда,

Буд ях тобуташ,

Худ – ба мисли мурда.

Лек сеҳри назари ишқ бубинед,

Ки чун маҷнунбед

Мўи худ кард ба рўяш афшон,

Об гардид аз эҳсосу бишуд

боз равон.

Сохтори айнӣ дар ин шеър бо сохтори зеҳнӣ (таъбири Ризо Бароҳанӣ)-и он таносуби комил ёфтааст. Банди дувум маҳз бо сохтори қавии зеҳнӣ бо банди аввал гиреҳ хўрда ва онро тамомияти маъноӣ бахшидааст.

Шеъри «Бозии маргу зиндагӣ», ки ҳамагӣ аз чор мисраъ иборат аст, ҳамин гуна вижагӣ дорад. Ин ҷо шоир аз мушоҳидаи фасли баргрез ва аз вазидани бод бар сари хазонбаргҳо ҳикмати шоирона кашф мекунад. Бо хазон бозӣ кардани бодро «бозии маргу зиндагӣ» ва афтода боз хестани баргро ваҷҳи ширинии зиндагӣ донистан воқеан далели ҳунармандист:

Бо хазон бод мекунад бозӣ,

Бозии маргу зиндагӣ ин аст.

Уфтода хазону мехезад,

Зиндагӣ сахт, сахт ширин аст.

Чунин шеърҳои тасвирии кўтоҳ дар китоб фаровонанд ва дар ҳар яке аз онҳо ҷарақае аз бадеияти баланд ба чашм мехўрад. Кўтоҳанд, аммо бадеъу пурмаъно ва ороста бо санъатҳои маънавию лафзӣ. Маънии зиёди таҳтонӣ ва тасвири манзараву ҳолатҳоро дар зарфи хурди чунин шеър ба таври муҷазу ихчам гунҷондан кори на ҳар шоирест. Мурур ба саҳифаҳои китоби «Оташи тасвир» дасти қавӣ ва ҳунари хуби Низом Қосимро дар сароиши шеъри кўтоҳ равшан нишон медиҳад. Намунаи дигар:

Ин ҷаҳон аст чароғ,

Ғаму дардаш – карасин,

Ману ту пилтаи онем – бисўзем дарозу кўтоҳ.

Рози ин даҳр ҳамин асту ҳамин.

Ин ҷо дигар вожаи ғарибнамои «карасин» ҳам, ки бори маънои асосии шеърро ба дўш мекашад, ба як вожаи худӣ табдил ёфта ва ба сурати табиӣ вориди шеър шудааст. Аз ин даст вожа- ву ибораҳои «ғайришеърӣ» дар дигар ашъори китоб низ фаровон истифода шудаанд ва дар дасти шоир ба вожаву таъбирҳои шеърӣ табдил ёфтаанд.

Хусусияти дигари ашъори ин китоб иртиботи қавӣ доштани онҳо бо ҳаёти воқеӣ ва рўйдодҳои замона мебошад, ки аз ҷиҳати мавзўъ, муҳтаво ва ҳунари шоирӣ онҳоро пурбор намудааст. Шоир талош кардааст, шеърияти воқеотеро, ки дар ҳаёти рўзмарраи мо рух медиҳанд, дарёбад ва онҳоро дар либоси муносиби бадеӣ бо забону баёни равшану устувор рўи коғаз орад. Аслан ин навъи шеър дар замони шўравӣ роиҷ шуда буд ва дар замони мо бо баҳрабарӣ аз вежагиҳои шеъри нав ва забону баёни тозаву рангин ба зинаи болотар баромад. Низом Қосим бо шеърҳои дар ҳамин равиш эҷоднамудаи хеш ба тозакориҳои қобили мулоҳизае даст ёфтааст.

Поягузори шеъри нави форсӣ Нимо Юшич, мувофиқи навиштаҳои мансураш, орзу дошт, ки табиияти насрро вориди шеър намояд ва байни ин ду соҳаи адабиёт як навъ қаробат ба вуҷуд оварад. Имрўзҳо ҳамин хусусият, яъне судҷўӣ аз имконоти наср дар шеъри шоирони форсигў зиёд ба назар мерасад ва ба як ҷараёни махсус табдил ёфтааст. Баъзе шоирон ҳатто дар қолабҳои суннатие чун ғазал аз имконоти наср истифода бурдаанд. Низом Қосим ҳам дар ин самт ибтикороти шоистае пеш гирифт. Ин ҷо хусусан зикри шеъри дар зоти худ навоваронаи “Ҳикояти шеър”-ро, ки дар қолаби шеъри нимоӣ эҷод шудааст, лозим медонем. Шеваи нақл, манзараҳои ҳаётӣ ва чеҳраҳои мушаххас, тасвирҳои муносибу баҷо ва лаҳни гуфтори озоди ин шеър як навъ қаробати дарунӣ бо насри бадеӣ дорад ва аз табиияту озодии он баҳравар гардидааст. Ин равиш дар шеъри имрўз, бетардид, қобили пайравиву густариш додан аст ва ҳудуди имконоти назмро фарохтар мекунад.

Баҳрабарӣ аз услуби рўзнома низ яке аз вижагиҳои шеъри нави имрўз аст. Дар ашъори ҳамзабононамон аз имконоти услуби матбуот, театр, синамо ва ҳатто аз услуби расмиву коргузорӣ огоҳонаву бамаврид истифода мебаранд. Дар шеъри сапеди «Гадоён», ки шоир онро «шеърмақола» гуфтааст, аз имконоти забону услуби мақола хубу баҷо суд ҷустааст ва аз ин роҳ забони шеъри худро ғанӣ сохтааст. Бо ҳамин равиш устод Лоиқ низ чанд шеъри мансур гуфта буд.

Як қисмати китоби зери назарро ғазалҳо ташкил додаанд, ки паҳлуи дигари ҳунари шоирии Низом Қосимро бозкушоӣ мекунанд. Дар ҳар ғазал табъи салиму равон ва маҳорати хуби ғазалгўии шоир бармалост. Дар гуфтани ғазал, ба назари банда, устод Низом Қосим дар сарҳади байни дирўзу имрўз қарор дорад, яъне ғазалаш муътадил аст. На ба ғазали гузаштагон тақлид мекунад ва на ба ғазали форсиву тоҷикии имрўз, ки ба ғазали нави пост-мудерн машҳур аст. Ғазали зерин ҳама хусусиятҳои асосии ғазалҳои шоир – равшаниву мустаҳкамӣ, фасеҳӣ ва заминиву табиӣ будани онҳоро пеши чашми мо ба намоиш мегузорад:

Як роз маро бо ду ҷаҳон бознамонда,

Амроз басо мондаву ҳамроз намонда.

Эй даҳр, намондаст касе аз ту дилобод,

Эй чарх, тане аз ту сарафроз намонда.

Рафтӣ чу нафас зуд, аё умри ҷавонӣ,

Аз пушти туям зўри даву тоз намонда.

Дӣ дар ҳама ҷо сад дари бозам нигарон буд,

Ҷуз хотира имрўз даре боз намонда.

Дар кўдакиям буд басо бозии ширин,

Ҷуз бозии тақдир яке бознамонда.

Бар ҷону дилам ларзаи анҷом расида,

Ҷуз дар ҳавасам лаззати оғоз намонда.

Сад бими ба зер омаданам монда чу шоҳин,

Бар авҷ дигар қуввати парвоз намонда.

Атре зи Самарқанду Бухорои ман имрўз

Ҷуз дар ғазали Хоҷаи Шероз намонда.

Лоқайдиям аз ҳар касу ҳар чиз гузашта,

Ҷуз биму ҳароси ғаму ғаммоз намонда.

Созии ҷаҳон буд муроди ману аз ман

Ҷуз соз дар ин олами носоз намонда.

Он ҳофизи пирам, ки маро аз гузари умр

Овоза басо мондаву овоз намонда.

Дар рубоиву дубайтиҳои китоб низ ҳамин услуб пайгирӣ шудааст. Ин ҷо ҳузури санъатҳои бадеӣ, ки муқтазои асосии ин қолабҳост, бештар эҳсос мешавад, чун дар ин рубоӣ, ки ашк ба ситора монанд шуда:

Аз доғи дилам ҳазор гулшан дорам,

Аз сўзи дилам ҳазор гулхан дорам.

Дар дидаи ҳамчу осмони торам

Аз ашк ситораҳои равшан дорам.

Суханбозиҳову таҷниссозиҳои ҷолиб ва маъниҳои баланди шоирона зинатбахши ин рубоиҳост. Ин маъниҳову тасвирҳо бо забони гирову ангезанда ва устувор ба қалам омадаанд. Намунаи дигар:

Аз миллати худ туро на тоб асту на таб,

Бо сурату сиратӣ саропой араб.

Байни ману ту чаҳордаҳ аср бувад,

Ту марди араб мондиву ман марди адаб.

Китоби «Оташи тасвир» симои эҷодии устод Низом Қосимро чун шоири неруманду ҳунарманд ва соҳиби истеъдоду ҳунари шоирии гуногунпаҳлу, маънисозу тасвиргар, ошно бо ғаму шодии мардум, набзшиноси замон ва заҳматдўсту риёзаткаш муаррифӣ мекунад. Симои шоиреро оинадорӣ мекунад, ки бо кўлворе пуропур аз таҷрибаву донишу ҳикмат ва армуғону дастовезҳо аз роҳ расидааст. Дар ин кўлвори эҷодӣ ҳама чиз гунҷида: аз ғазалу қасидаи ғарро то рубоиву дубайтии дилнишину зебо, аз нимоиҳои дилнишин то сапедҳои озарин. Умедворем, ки хонандагон таъми ҳар якеро мечашанду лаззат мебаранд.

Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо