ШАНБЕЗОДА НОДИР

 ШАНБЕЗОДА НОДИР

НОДИР ШАНБЕЗОДА 20 июни соли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1932 Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1933-1940 вазифаҳои мухталифи ҳизбиро адо кардааст. Аз ҷумла, мудири шуъбаи табъу нашри КМ ПК Тоҷикистон будааст. Аз соли 1940 ба рӯзноманигорӣ пардохта муҳаррири маҷаллаҳои «Коркуни ҳизбӣ», «Бо роҳи Ленин», рӯзномаи «Бадахшони Сурх» будааст. Чанде муҳаррири нашриёти «Ирфон» буда, баъдан дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.

Аввалин шеърҳояш аз солҳои 30-юм ба табъ расидаанд. Нахустин мунтахаби ашъораш «Ғунчаҳои Бадахшон» соли 1936 зери таҳрири Устод Айнӣ аз чоп баромада, соли 1937 маҷмӯаи дигараш «Гулғунча» ба табъ расидааст. Сипас китобҳояш «Аз Боми Ҷаҳон» (1961), «Силсилаи Бадахшон» (1964), «Таронаи нур» (1966), «Навои Бадахшон» (1968), «Химча ва Набот» (1969), «Армуғони дил» (1976), «Мунтахабот» (1979), «Тарози дил» (1984), «Навои кӯҳсорон» (1985) ва ғ. мунташир гардидаанд.

Китоби шеърҳои Р. Ризо (1969), достони Ш.Руставели «Палангинапӯш» (1966), асарҳои дигар адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҳофиз, Сайидо, дар таҳрири «Ҳазору як шаб» иштирок доштааст.

Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1980 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо