ШАМСИДДИНЗОДА БОБОНАЗАР

 ШАМСИДДИНЗОДА БОБОНАЗАР

БОБОНАЗАР ШАМСИДДИНЗОДА 15 марти соли 1967 дар деҳаи Яккатути ноҳияи Хисор таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаи деҳаро хатм карда, соли 1987 донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шудааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат карда, баъди адои он (1997) таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1992 хатмаш намудааст. Солҳои 1992-1993 курси интернатураро гузашта, аз соли 1993 дар шуъбаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии кӯдакони БКҶ ба номи А. Т. Дяков (ҳозира Маркази миллии тиббии ВТ ҶТ) ба фаъолият пардохтааст. Соли 2002 дар мавзӯи «Фито ва диетотерапияи бемориҳои шадиди бинӣ аз нуқтаи назари миҷоз» рисолаи номзадӣ, соли 2007 дар мавзӯи «Муолиҷаи папиломатози ҳанҷара дар кӯдакон» рисолаи доктори ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 50 асари илмӣ мебошад.

Ба шеъру шоирӣ низ рағбат дошта, соли 1999 «Нафаси субҳ», соли 2000 «Файзи саҳар», соли 2001 «Ояти шаб», соли 2001 «Тану дарду дармон», соли 2003 «Марде дар нимароҳ» ном маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ расидаанд. Соли 2009, бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам, манзумаи фалсафии «Аз қаър то ба авҷ»-ро пешкаши хонандагон гардондааст.

Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо