Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас!

 Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас!

(Мусоҳибаи адиб ва рўзноманигор Абдурауф Муродӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод)

— Тибқи анъана нахустсуоли тоҷикон ҳангоми вохўрӣ чунин аст: корҳо чӣ тавр? Ҳоло мехоҳам ин суоли маъмулро дар оғози суҳбатамон ба гунаи зер тарҳрезӣ бикунам: вазъи корҳо дар бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд чӣ гуна аст? Ҳадафҳои меҳварии бахш кадомҳоянд?

 — Фаъолияти бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамасола мувофиқи нақшаи муайян дар иртибот бо воқеият ва рўҳияи замон, ниёзҳои мардумӣ ҷараён меёбад. Шохаҳои онро метавон чунин тавзеҳ бахшид: дастгириву раҳнамоии адибон, аз ҷумла, мусоидат ба чопи осори онҳо, ташкилу роҳандозии робитаи доимии аҳли адаб бо мардум, созмонбахшии маҳфилу вохўриҳо, таҷлили шоистаи ҷашну солгардҳо, муҳокимаву баррасӣ ва таҳриру такмили асарҳои тозаэҷоди аҳли қалам ва дар маҷмўъ, ҷидду ҷаҳд барои рушду такомули адабиёт дар тамоми манотиқи вилояти Суғд. Мекўшем, ки эътиқоду эътимоди ҳамагониро ба каломи бадеъ қавитар бикунем, аз неруи созандаву тарбиятгар ва илҳомбахши адабиёти бадеӣ бештар кор бигирем. Адабиёт дар ҳама давру замон раҳнамои маънавии мардум буд, аҳли ҷомеаро ба некию накукорӣ, дўстиву ҳамдилӣ, ободгарию зебоипарастӣ, ватандўстиву ваҳдатгароӣ талқин мекард ва имрўз низ чунин бояд бошад. Ҳар як асари хуб неруи як донишгоҳи тарбиявиро дорад. Гумон мекунам, ки дар замони мо вобаста ба тезутундшавии муносибатҳои давлатҳои абарқудрат, фаъолгардии неруҳои иртиҷоиву тахрибкор, афзудани таблиғоти хориҷии пурғаразу ҳангоматалабона, ҳамлаҳои экстремистию террористӣ, қувватёбии раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо нақшу масъулияти адабиёт ҳамчун сипоҳи шикастнопазири ҳимоятгари амнияту осоиштагии ҳа- магонӣ ва шукуфоии сайёра боз ҳам боло рафтааст. Инро адибони мо хуб эҳсос мекунанд ва мекўшанд, ки пеш аз ҳама, осори бозгўй ба ниёзҳои мардумӣ ва созгор ба рўҳияи замон биофаранд.

 — Бисёр хуб гуфтед. Мехостам аз ин гуфтаҳоятон ибораи «ташкилу роҳандозии робитаи доимии аҳли адаб бо мардум»-ро шарҳе бештар бубахшед, ин робита ба чӣ роҳҳое таъмин карда мешавад?

 — Ҳамбастагии адиб бо мардумро метавон ба ҳамбастагии илму амал мушобеҳ донист. Чун илми бе амал «нахли бебар» асту «ҷуз арбадаву ҷадал набошад», адиб низ бидуни халқи хеш киштие дар биёбонро монад, имкони ҳаракат надорад, вомонда аст. Аз ин рў, мо мунтазам ба идораву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳо рафта, бо мардум мулоқот меороем, аз шеъру сухан ҳарф мезанем, ба суолҳояшон вобаста ба вазъи замону рисолати адабиёт, моҳияти сиёсати халқпарваронаи Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ посух мегўем.

Одамон, новобаста аз самти фаъолият, пешаву амалашон, дар маҳфилҳои адибони мо, дар ҳамоишҳои адабӣ, солгарду ҷашнвораҳо, дар муаррифии китобҳо фаъолона ширкат меварзанд. Воқеан, солҳои охир таваҷҷуҳи мардум ба китоб, хушбахтона, хеле афзудааст. Инро, аз ҷумла, зимни ташкили маҳфили муаррифии китобҳо метавон ба мушоҳида гирифт. Мо аксаран ин гуна муаррифиро дар таълимгоҳҳову коргоҳҳои гуногун ташкил мекунем. Дар онҳо бидуни таблиғоте, танҳо аз рўи эълон гурўҳи калони хоҳишмандон ширкат меварзанд ва аз мазмуну муҳтавои китобҳои нав огаҳӣ ёфта, онҳоро харидорӣ мекунанд. Дар муаррифии китоб маҳфили «Суханварони Суғд» бештар фаъол аст. Бо ибтикори ин маҳфил, ҳамчунин, ҳамоишҳои муассиру муҳтавоманди адабӣ бахшида ба эҷодиёти адибон Муҳиддин Хоҷазод, Муқим Воҳид, Матлубаи Мирзоюнус, Абдулҳамид Ҷўраев, Равшан Замир, Камоли Рўмонӣ баргузор шуданд. Маҳфилҳои адабии «Наврўзи ҷаҳонӣ», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Адибони ваҳдатсаро» низ одамони зиёдеро гирд оварданду роҳ ба дилҳо ёфтанд. Маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» бо иштироки адибон камина, Фарзона, М. Хоҷазод, М. Бобоҷон, Озарахш, Д. Эгамзод, М. Воҳид, Гулноз… дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Масчоҳ, Айнӣ, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Зафаробод дар сатҳи баланд ва бо ширкати доираи васеи мардум баргузор гашт. Соли гузашта ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки муҳимтарин рухдоди сол буд, мо дар беш аз даҳ шаҳру ноҳияи вилоят базми эҷодии адибонамонро созмон бахшидем, ки дар онҳо ҳаводорони каломи бадеъ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамасола дар қаламрави вилоят маҳфилҳои «Рўдакихонӣ», «Камолхонӣ», «Туғралхонӣ», «Лоиқхонӣ», «Айнихонӣ», «Турсунзодахонӣ» ташкил карда мешаванд, ки басо ҷолибу муассиранд ва мухлисони зиёд доранд. Дар меҳвари ин ҳама ва дигар тадбирҳои адабию фарҳангии мо, албатта, адибо- намон қарор доранд ва ба ин васила аз хоставу ниёзҳову рўҳияи мардум бештар огаҳӣ пайдо мекунанд ва мекўшанд, ки нигоштаҳояшонро дар ин замина такмил бубахшанд. Яъне, чунонки устод Турсунзода гуфтаанд, «Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас!»

 — Суҳбати мо дар нахустрўзҳои соли нави 2022 баргузор мешавад ва табиист, ки ҳоло ҳамагон ба суоли «Соли гузашта чӣ нақше дар рўз- горони мо дошт?» посух меҷўянд. Вобаста ба фаъолияти бахши Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд Шумо ба ин суол чӣ ҷавобе хоҳед гуфт?

 — Он гуна ки мегўянд, «На ба мансаб бувад баландии мард, Балки мансаб бувад ба мард баланд». Чигунагии ҳар сол ҳам бештар ба ҳар яки мову азму нияту ҷаҳду ҷадаламон вобаста аст. Соли 2021 барои тамоми халқи саодатманди тоҷик соли фаромўшнопазир — соли ҷашни сивумин солгарди Истиқлоли давлатӣ буд. Ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳо боз як қадами устувору бобарор ба пеш гузошт, Ватанамон ободтар шуд. Шукри ин ҳама!

Адибони вилояти Суғд ба ифтихори солгарди Истиқлол асарҳои тозаи ватандўстона офариданд, китобҳо ба нашр расонданд, маҳфилҳо оростанд, дар ҳамоишҳои гуногуни фарҳангию адабии вилояту ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карданд. Китоби «Сӣ баҳори Истиқлол» яке аз беҳтарин дастовезҳои адибони мо буд ба аҳли кишвар ба муносибати ин фархундаҷашн.

Бидуни тавзеҳ чанд маъракаи адабии муҳимро номбар мекунам, ки мондагортарин ҳодисаҳои соланд:

  1. Баргузории Машварати вилоятии адибони ҷавон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо (моҳҳои феврал — апрел);
  2. Баргузории Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон бо иштироки устодон ва меҳмонон аз кулли манотиқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд (моҳи май):
  3. Таҷлили бошукўҳи 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд;
  4. Маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар маркази вилоят;
  5. Маҳфили эҷодии нависанда Додохон Эгамзод дар деҳкадаи Ворух ва дар Хуҷанд;
  6. Маҳфили ёдбуди шоир Махсум Олимӣ дар ноҳияи Айнӣ ва дар Ки- тобхонаи вилоятии ба номи Т. Асирӣ;
  7. Созмонбахшии маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ва илмии «Адибони ваҳдатсаро» ва «Ганҷи сухан» дар як қатор манотиқи вилоят…

Алқисса, соли пурбору мондагору файзбахше буд соли гузашта. Ва ин хуҷистасолро ҳусни мақтааш мунав- вартару шукўҳмандтар сохт. Манзурам Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурист, ки 21.12.2021 ироа гашт. Паём марҳилаи тозаеро, аз ҷумла, дар ҳаёту фаъолияти мо – аҳли қалам ифтитоҳ бахшид . Сарвар и кишвар боз ҳам ба нақши зиёиён дар рушду такомули мамлакат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки «танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ва- тан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад». Дар иртибот ба ин гуфтаҳои барҳақ мо, аҳли адаб, низ метавонем соли нав ва солиёни дигарро ба марҳилаҳои самарбору зарнисори ҳаёти кишварамон табдил бидиҳем.

 — Дар бисёр суҳбату маҳфилҳои аҳли адаб шунидаам, ки бахши Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд дар чопи китобҳои адибон хеле фаъолу кўшост.

 — Аз ҳар касе, ки чунин ситоишро нисбат ба мо раво дида, сипосгузорам. Воқеан ҳам, нашри китоб дар фаъолияти мо мавқеи чашмрас дорад. Ҳар сол вобаста ба ҷашнвораву солгардҳо, воқеаву рухдодҳои муҳим, комёбиҳои эҷодии адибон, санаҳои таърихӣ китобҳои арзишманд ба нашр мерасонем. Чунончи, китобҳои «Достони Ваҳдати миллат» ва «Иҷлосияи наҷотбахш» (ба ифтихори солгарди ин рухдодҳои нишотовари кишвар), «Дарвозаи тиллоӣ» (нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон), «Ви- лояти Суғд: захираҳои об ва истифодаи онҳо» (Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ), «Тоҷикистон — Ўзбекистон: дўстии безавол» (муносибатҳои неки халқҳои тоҷику ўзбек), «Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин» (5500-солагии Саразм), «Сӣ баҳори Истиқлол» (ба шарафи солгарди Истиқлол), «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ» (ба ифтихори 700-солагии шоир)… беҳтарин ва мондагортарин ҳадяҳо шуданд ба аҳли адабу ҳаводорони сухани волои мамлакат. Дар ҳамин чанд соли охир мо, ҳамчунин, китобҳои «Девон»-и Лоиқ, «Осори мунтахаб»-и Сайфуддини Исфарангӣ, «Рўзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ»-и М. Мирзоюнус, «Асарҳои мунтахаб»-и Озод Аминзода, «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил, «Найсон»-и Фарзона, «Маҷмўаи осор»-и А. Ҳаким (дар 7 ҷилд), «Хаймаи дил»-и Н.Ниёзӣ, «Осори мунтахаб»-и М. Хоҷазод (дар 8 ҷилд), «Бозтоби офтоб»-и М. Бахтӣ, «Тирамоҳи сабз»-и А. Абдулло, «Лолаҳои муҳаббати модар»-и А. Олим, «Аз боғи осмон»-и Адибаи Хуҷандӣ ва низ китобҳои чанде аз ҷавонадибонро бо сифати баланд дар ҳамкорӣ бо нашриётҳои хушкори шаҳри Хуҷанд ба чоп расондем, ки сазовори истиқболи гарму самимии доираи васеи хонан- дагон гардиданд. Танҳо дар давоми соли 2021 бештар аз даҳ китоб бо кўшишу эҳтимоми бахши мо рўи дасти муштариёни сухани ноб гузошта шуд. Китобҳои «Сада оғози соли ориёист», « Сӣ баҳори Истиқлол » , « Пешвои хирадсолор»-и А. Раҳмонзода, «Оташи тасвир»-и Н. Қосим, «Ватаннома»-и У. Олим, «Ҳаштод баҳори ишқ»-и Лоиқ ва «Шукўҳи Ворух»-и Д. Эгамзод (дар 4 ҷилд) дар ҳамин силк қарор доранд. Дар нашри китобҳо раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша дастгири моянд ва дар омади гап бояд бигўям, ки раиси вилояти мо дар иртибот бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли эҷод таваҷҷуҳи хосса доранд ва қаламкашонро пайваста дастгирӣ мекунанд.

Мо минбаъд низ ба қадри имкону тавон чопи китобҳои адибонамонро идома мебахшем. Чун адиб китоби тозанашрашро рўи даст овард, бо ҷаҳони шодиву ифтихор бештар мепайвандад, ин ҳодиса барояш илҳомбахшу масъулиятафзо мешавад, ба эҷоди осори нав ҳидоят мекунад.

***

Дар идомаи суҳбатамон муҳтарам Аҳмадҷони Раҳматзод оид ба ҷоизаҳои вилоятии аҳли адаб – Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Маҳастӣ, Ҷоизаи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи Қутбӣ Киром, оид ба нашрияҳои адабии вилоят, дастгирии молиявии адибон, омодагиҳо ба ҷашнвораҳои сол, озмуну ҳамоишҳои адабию фарҳангии навин… хеле самимона сухан гуфтанд ва дар фарҷоми гуфторашон изҳори умед карданд, ки соли нав барои тамоми тоҷикистониён соли саршор аз бахту барору комёбиҳо мешавад, Ватани азизамон боз ҳам мешукуфад, сатҳи маърифату фарҳанги мардум боз ҳам боло меравад ва, албатта, адабиёти тоҷик рушди тоза ёфта, шуҳрату эътибораш меафзояд ва баҳри пешрафту такомули пайвастаи диёри арҷмандамон хидмати шоиста мекунад.

Дигар хабарҳо