Чанд шеър аз Бузургмеҳр ва Дилором
Буалӣ Синои тоҷик
Дарди Сомонро ба Сино
Андаруни гоҳвора
Ҷойи алла қисса мекард
Модари дилхун – Ситора.
Гӯӣ набзи кишвараш буд
Дастаи гаҳвора дар даст.
Аз Бухоро буд сурудаш
Бар писар гаҳ тезу гаҳ паст.
Чун Зарафшон хушк мешуд
Ашк дар чашмони модар,
Дар нигоҳаш медурахшид
Пури Сино ҳамчу гавҳар.
Он даме ки дар Бухоро
Аҷнабӣ шӯру мағал дошт,
Дар раҳи фардо Ситора
Офтоб андар бағал дошт.
Аз кафи дастони модар
Чун кабӯтар кард парвоз.
Ахтари чашми Ситора
Бо ситора гашт анбоз.
Мунтасир рафту Бухоро
Рафт аз дасти бузургон,
Хун шуд ахтар бешумора
Дар таҳи дандони гургон.
Дар китоби Ибни Сино
Дар амон будӣ Бухоро.
Ҳамчу нақши санги хоро
Ҷовидон будӣ Бухоро.
Чун замину осмон дар
Сӯзаниҳои Самарқанд
Ними оламро ба тоҷик
Бо қалам бинмуд пайванд.
Дидаи Мағриб агарчи
Аз «Шифо» гардид бино,
Ёфт таскин дарди тоҷик
Бо ду байти ибни Сино.
Як варақ з-осори Сино
Бас ба тоҷики хушиқбол,
То шавад мушкилкушояш
Чун пари Симурғ бар Зол.
Бар алайҳи кӯрчашмон
Дидаи бинои тоҷик
Нур мегирад зи номи
Буалӣ Синои тоҷик.
Рақси ҷон
Барои Малика Қаландарова
Танга мепош ба пову сари ӯ,
Рӯйи як танга, бубин, мерақсад.
Саҳна бо чарх баробар гардад,
То ки чун чархи барин мерақсад.
Ҳамчу мавҷ аст, на бал ҳамчу насим
Бивазад, саҳна муаттар бикунад.
Дили кас пар бикушояд, то ӯ
Панҷаро боли кабӯтар бикунад.
Куртаи пар-пари ӯ пеши назар
Парпари шаршараи Хосор аст.
Содаву поку баланду мумтоз –
Нусхаи шеъри тари Бозор аст.
Чашми фаттони самарқандии ӯ
Нур аз сурмаи тоҷик дорад.
Ишваи рақси ғарибонаи ӯ
Шавқ бар саҳнаи тоҷик борад.
Ҳамчу ахтар бинамояд, гарчи
Дур аз хонаи худ афтода.
Дили тоҷик занад гум баҳраш
Чун дафи дасти Валаъматзода.
Ҳамчу гулҳои нахустини баҳор,
Ҳамчу Варзоб равон мерақсад.
Рӯйи як танга чу мори печон,
Зери сад парда чу ҷон мерақсад.
Барои модаркалонам
Ду даст ба осмон дуоят дорам,
Чун гунг ба ангушт садоят дорам:
Эй кош, ки шодмон равонат бошад,
Рӯшан раҳи дури он ҷаҳонат бошад.
Аз панҷаи ман гули дуо мерӯяд:
Гулҳои биҳишт соябонат бошад.
Ҷудоӣ
Ҷудоӣ кандани ҷон аст, модар,
Ғамат кӯҳи Бадахшон аст, модар.
Дуоят мекунам бо гиря, дастам
Гули дар зери борон аст, модар.
Анбоз
Барои сарояндаи бузурги ҳинду Лата Мангешкар
Вақте садои ту
Дар чашми ман ҷабини фалак боз мекунад,
Хуршедро ба холи ту анбоз мекунад.
Бузургмеҳри Ҳаким
***
Кӯчаи ёд
Кӯчаи гардолуди русто,
Бо хотироти оҳанги қадамҳои навҷавониамон,
Зеботарин роҳи дунёст.
Ҷӯйборе бо поктарин шавқи ҷорӣ шудан,
Набзи дунё зеботарин суруди вуҷудамон буд.
Фурсати булуғ
Бар идомаи иштибоҳҳои одамӣ.
Ман ҳузни сафедорони рустоямро
Дар руҳи хеш таҷриба кардаам,
Вақте поёни ин кӯча расидам,
Кӯчаи гардолуди русто…
Ҳоло ҳамвору зебову беэҳсос,
Деворҳои кулӯхии хушбахт аз сояи мо,
Симониву сарду сокиту танҳо.
Бомҳои белолаву бекабӯтар,
Ҷӯйбори хушкида аз шавқи ҷорӣ будан,
Роҳҳои пазмони садои қадамҳоямон,
Кӯчаи гардолуди русто…
Хоки захмӣ
Замин, эй модари маҷруҳи дунё,
Ҳазорон дил ба каф, аммо чи танҳо.
Гаҳе дар шохаи шарёни сурхат
Садои лолаи дилхуни саҳро.
Замин, эй чашмаи беоби таърих,
Сукути мондагору хоби таърих.
Чӣ захмӣ гашт дил аз моҷароҳо,
Бигиряд чашми ту хуноби таърих.
Дареғо, бозии дасти ҳарифӣ,
Замин бо ин бузургиат наҳифӣ,
Чу як модар, ки бо ҷурми таҳаммул
Зи дасти кӯдакони худ касифӣ.
Ту пояндоз тифли навқадамро,
Ба оғӯши ту поён аст дамро.
Ҳамон тифле, ки хокат кард бозӣ,
Зи борут кошта тухми адамро.
Бепаранда
Фасли буғзи осмон, эй тирамоҳ,
Фасли ангеза барои сӯзу оҳ.
Чатри сабзи махмалии ин дарахт
Буд рӯзе ёдҳоро сарпаноҳ.
Осмон буд бе паранда дар назар,
Рафт аз мо вақт, танҳо монд роҳ.
Хандаҳои сурху сӯзони анор
Аз дареғи интиҳои нимароҳ.
Метавон аз шишаҳои осмон
Дид ҳатто илтиҳобу ҳузни моҳ.
Фасли падруди паранда аз само,
Фасли буғзи осмон, эй тирамоҳ.
Дареғ
Ҳамеша дастҳои фаромӯшӣ бозанд
Барои кӯдаконе, ки
ҳанӯз наомадаанд.
Дар оташи моҳ
Барои дӯстам
Дар осмони сенсорӣ
акси Заминро медидем,
ки дар оташи моҳи комил равшан буд.
Туро он рӯз шинохта будам,
ки дарҳои чӯбии Замон боз мешуд.
Ҳузни чашмҳоят
пораҳои гумшудаи маро ба ҳам овард.
Дӯст, эй дӯст,
Қабл аз ҳузури дунё
Чашмҳои мо магар бо ҳам ошно буд?
Меҳан
Фаротар аз ҷонӣ
Маро, ки вуҷудам дар муҳаббати ту метапад.
Кӯҳсоронат
Ашки талхи таърихи хешро
Дар обшорони ширинаш мегиряд…
Имрӯз
Биҳишт аз ту илҳом мегирад.
Ва бӯйи гулҳои туро мешамад,
оне, ки бӯйи Ватанро дӯст медорад.
Шинохт
Русто вазни андӯҳро медонад,
Ончунон ки ғуруб
Садои ҳузнро.
Дилором



