Фархунда

 Фархунда

SAMSUNG CAMERA PICTURES

Шоираи соҳибсухан, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фархунда дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Навиштаҳои шодравон аз солҳои 70-уми асри гузашта дар нашрияҳои «Пионери Тоҷикис­тон», «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Машъал» ва ғайра чоп шудаанд ва баъдан тавассути маҷмуаҳои «Пероя», «Оинаи ҳамроз», «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷо­на», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ва ғайра пешка­ши хонандагон гардидаанд. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Чанде аз шеърҳояшро овозхонон ба оҳанг дароварда сурудаанд.

Фаъолияташро дар шуъ­баи фарҳанги зодгоҳаш ноҳияи Ашт оғоз намуда, сипас ҳамчун муҳаррири нашрияи «Китоб ва омма», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила», хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва корман­ди нашриёти «Истеъдод» адои хидмат намудааст.

Равоншод номи неку осори хуб ба ёдгор гузошт, ки шамъи хоти­раашро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоранд.

Ёду номаш гиромӣ бод!

Раёсати иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо