Устод Сотим Улуғзода ва таҳаввули насри таърихӣ

Дар ташаккулу такомули насри таърихии тоҷик тасвири реалистӣ, ки бо таъсири адабиёти рус ва Ғарб шакл гирифтааст, мақоми арзанда дорад. Устод Айнӣ бо эҷоди «Дохунда» дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ дар насри давраи нави адабиёти тоҷик аввалин асари калонҳаҷми эпикиро ба вуҷуд овард. Бо таълифи «Ғуломон» дар насри тоҷик романи таърихӣ пайдо шуд, ки муҳтавои он воқеаҳои зиёда аз сад сол (солҳои 1825-1933)-и ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифта, дар он ҳуҷҷатҳо ва санадҳои бисёри таърихӣ истифода шудаанд.
Нависандаи дигаре, ки дар асарҳои бадеии худ аз ҳуҷҷат ва санадҳои таърихӣ фаровон истифода карда, дар рушду нумуи насри таърихии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст, устод Сотим Улуғзода мебошад. Асарҳои таърихии устод С. Улуғзода, аз ҷумла қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», бо муҳтаво ва забони равону фасеҳ ва муассири худ дар адабиёти тоҷик мавқеи намоён доранд.
Бояд таъкид кард, ки устод Сотим Улуғзода дар шинохти таърих ва фарҳангу тамаддуни ғаноманди миллати тоҷик ба ҳамватанон ва ҷаҳониён хидмати басо арзанда кардаааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: «Мо аз таърихи начандон дури Ватанамон низ номи даҳҳо шахсиятҳоеро бо ифтихор ба забон оварда метавонем, ки ба нафъи миллати хеш хидмати фидокорона ва бузург кардаанд… Бо назардошти хидмати шоёни нависандаи забардаст Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ки ҷашни 100-солагияш дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бобати абадӣ гардондани хотираи онхо бояд тадбирҳо андешанд». Маҳз ҳамин қадршиносии Сарвари давлат буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28- уми декабри соли 2008, №594 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.
Хидмату рисолати таърихии Сотим Улуғзода ҳамчун нависанда ва мутафаккири хештаншиноси тоҷик он аст, ки ба мавзуъҳои таърихӣ рӯ овард, то ба алоқамандону муддаиёни кӯрдил фаҳмонад, ки халқи тоҷик фарҳанг ва таърихи бостониву заволнопазир дорад. Ҳокимияти Шӯравӣ худшиносиро бузургманишии миллӣ маънидод мекард ва маҳз аз ҳамин назар ба он муборизаи беамон мебурд. Алорағми ин ақидаву пиндор рӯ овардани адиби тоҷик С. Улуғзода ба гузаштаи халқи худ, омӯхтани таърихи миллати хеш аз солҳои 20-уми асри гузашта оғоз мешавад. Тибки шаҳодати худи адиб, такони ҷиддиро дар вуҷуди Улуғзода олими рус, профессор М. С. Андреев барангехта будааст.
Омӯзишу таҳқиқи насри таърихии Сотим Улуғзода, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аҳаммияти зиёди илмӣ ва адабӣ дорад, зеро он мавқеи нависандаро дар ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва масъулияти ватандории шаҳрвандон бозгӯй менамояд.
Аз охирҳои солҳои 60-ум ба сабабҳои сиёсӣ дар зарфи 10-15 сол эҷодиёти нависанда таҳқиқ нашудааст. Дар ин муддат режими вақт ба Сотим Улуғзода раҳму шафкат накард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ солиёни зиёд ба чопи асарҳояш имкон надошт, аз сафи ҳизби коммунист ронда шуд, ӯро ба ҷамъомадҳо даъват намекарданд, номашро ба рӯйхати мукофотгирандагон ворид намекарданд ва ғайра. Ин ҳама кӯшиши радди маърака намудани нависанда, драматург ва олими забардаст фақат як сабаб дошт – фирори писараш Азиз аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳарчанд ки Азиз дар он замон баркамол буду барои ҳар кирдораш худаш бояд ҷавоб мегуфт.
Дар замони бозсозӣ (1985-1990) ва Истиқлол С. Улуғзода аз банди мафкураи сиёсии замон озод мешавад ва таваҷҷуҳи мунаққидону адабиётшиносон ба эҷодиёти нависанда меафзояд. Махсусан, дар таҳқиқоти Раҳими Мусулмониён, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷабӣ, Маъруф Исоматов, Шамсиддин Солеҳов, Сайрам Бақоева, Алиҷон Чориев, Матлубаи Мирзоюнус, Ҷамила Мурувватиён ва У. Ғаффоров ҷанбаҳои гуногуни осори фарогири нависанда таҳлилу баррасӣ шуда, мавқеи арзишманди адиб дар адабиёти давраи нави тоҷик таъкид мешавад.
Дар бастагӣ бо насри таърихии С. Улуғзода профессор Х. Асозода изҳори назар карда, аз ҷумла гуфтааст: «С. Улуғзода дар байни адибони садаи бисти тоҷик баъд аз С. Айнӣ ягона фардест, ки ба офаридани симо ва шахсиятхои фарҳангии таърихӣ ҷиддан камар баст». Профессор Х. Асозода дар асарҳои ба С. Улуғзода бахшидааш – «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2000), «Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода» (2001) ва «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) бо истифода аз усули муқоисавӣ-таърихии таҳқиқ бурду бохти зиндагӣ, ҳунари образофаринӣ ва диди фарохи таҳлилии нависандаро нишон дода, собитқадамӣ ва майли беандозаи ӯро дар шинохти шахсиятҳои бузурги фарҳангии миллати азизаш – Абулқосим Фирдавсӣ ва Садриддин Айнӣ таҳлил кардааст.
Иттилооти комил аз сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик, муҳаббату арҷгузорӣ ба забони адабии тоҷик ва иқтидори таърихии он, истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нигорандагӣ ба нависанда имкон доданд, ки дар андак муддат давраи ҷустуҷӯҳои эҷодиро паси сар карда, соҳиби услуби хоси эҷодӣ гардад.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъд дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии халқҳои Иттҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, тағйироти муҳим ба вуқуъ пайваст. Ин тағйироти муҳити сиёсии мамлакат адибонро водор намуд, ки ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд. С. Улуғзода, ки ҳанӯз аз давраи таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд ба омӯхтани таърихи халқи худ камар баста буд, аз солҳои 60-уми садаи XX ба таълифи асарҳои насрии таърихӣ шуруъ мекунад ва таҷрибаи хуби зиндагӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки дар насри тоҷик барҷастатарин асарҳои таърихӣ – қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-ро офарад.
С. Улуғзода дар адабиёти аҳди шуравии тоҷик пас аз устод С. Айнӣ дуюмин адиби забардаст аст, ки ба таърихи миллати худ ҷиддан рӯ овардааст. Ӯ танҳо дар эҷоди «Ривояти суғдӣ» аз 10 сарчашмаи дараҷаи аввал, чун асарҳои Табарӣ, Ал-Балозурӣ, Ибни Аъсами Кӯфӣ, Наршахӣ, Ал-Истахрӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон истифода кардааст. Интихоби мавзуъ, офариниши симоҳо, низоъсозӣ, бархурдҳо, баҳсу муҳовараҳо, дифоъ аз ҳақиқат, офариниши портретҳои зоҳирӣ ва ифшои сурату симоҳо, тасвирҳои равонӣ ва ғайра дар «Ривояти суғдӣ» басо мӯшикофона ва ҷаззобу ҷолиб, бо забони фасеҳу балеғ руйи кор омада, асарро дилчаспу хотирмон кардаанд..
Қиссаи «Ривояти суғдӣ» дар адабиёти шӯравии тоҷик як бозёфти адабии нодир маҳсуб мешавад, ки номи муаллифашро машҳуртар намуд.
Халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ барои озодиву истиқлол бо аҷнабиёни истилогар ва ғосибони дохилӣ муборизаи беамон бурда, саҳифаҳои дурахшони таърихиро ба вуҷуд овардааст. Кӯшиш ва муборизаҳои бошарафонаи аҷдоди барӯманди тоҷик, аз ҷумла шӯриши куҳистониёни тоҷик дар адабиёти шифоҳиву хаттӣ басо возеҳу равшан инъикос ёфтаанд. Корномаи Восеъ агар дар адабиёти шифоҳӣ аз охирҳои асри XIX пайдо шуда бошад, дар адабиёти хаттӣ аз нимаи аввали асри XX ба назар мерасад ва ҷолиб аст, ки аввалин маротиба дар драматургия мавқеъ пайдо мекунад. Баъдтар симои Восеъ дар шеърҳои алоҳида низ тасвир шудааст. Вале нақши Восеъ дар насри бадеӣ маҳз дар нимаи дувуми солҳои шастум ба вуҷуд омад ва ин образ якбора мавзуи жанри калони эпикӣ – роман қарор гирифт. Устод Улуғзода, ки то солҳои 60-ум дар офаридани асарҳои таърихӣ таҷрибаи зиёде андӯхта буд, ба офариниши симои муборизи Восеъ иқдом намуд ва бо ҳамин костагии насри таърихии тоҷикро як андоза бартараф намуд.
Мутолиа, омӯзиш ва ба риштаи таҳқиқ кашидани нақши Восеи диловар, ки баҳри озодию истиқлоли халқу Ватанаш ҷонбозиҳо кардааст, дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят зарур аст ва дорои аҳаммияти зиёди маърифатию тарбиявӣ мебошад.
Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон, вақте ки ба ҷавонон дар хусуси таърихи бою қадима ва фарҳанги волои худ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур мешавад, корномаи Восеъ намунаи барҷастаи сарбаландӣ, сарфарозӣ ва озодихоҳию адолатписандӣ мебошад.
Дар романи «Фирдавсӣ» тасвири муҳити оила, фарҳанги оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мавқеи хоса дорад ва ин тасвирҳо бо усули муколама барҷаста ифода шудаанд. Фирдавсӣ дар ин муколамаҳо чун шавҳари меҳрубон нисбат ба Фотимабону ва падари ғамхору масъулиятшинос нисбат ба фарзандон – Ҳушанг ва Манижа тавир шудааст, ки баёнгари фарҳанги волои миллати тоҷик мебошад. Аз тасвири нависанда муҳити оилавии Фирдавсӣ чун масъалаи муҳимми иҷтимоӣ дар ҳама давру замон ба назар мерасад.
Ҳар боби романи «Фирдавсӣ» як масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангиро фарогир аст. Дар боби «Мубоҳиса» забони миллӣ ва таъмин намудани рушду нумуи он ба миён гузошта шудааст. Шоир, дар тасвири С. Улуғзода, бонии забони миллӣ аст, онро аз забони арабӣ кам намедонад ва чун ашъори Рӯдакиву Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ дар мисоли «Шоҳнома» кохе бунёд кардааст, ки забони миллиро дар дарозои таърих аз аҷнабиёни истилогар чун сипар нигаҳдорӣ мекунад. Маҳз ҳамин асарҳои оламшумули бадеию илмӣ буданд, ки забони тоҷикӣ бо ҳама назокату фасоҳаташ то замони мо омада расид.
С. Улуғзода дар тӯли фаъолияти хеш оид ба саргузашти чаҳор тан саромади сухангустарӣ ва илм, ҳунар ва фарҳанги миллӣ – Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Дониш чаҳор асари таърихию адабӣ таълиф намудааст, ки то кунун на дар кишвари мо ва на дар хориҷ аз диёри мо ҳамто пайдо накардаанд.
Хидмати С. Улуғзода боз аз он иборат аст, ки ӯ бо тафаккури воло, истеъдоди фитрӣ ва бо коргирӣ аз ҳофизаи ғании таърихӣ симоҳои фавқуззикри миллиро ба миллати худ ва ба ҷаҳониён шиносонида тавонист.
Ҳамин тариқ, дар адабиёти давраи нави тоҷик адибе баъди устод С. Айнӣ дар инъикоси бадеии ҳақиқати таърихӣ дар пояи Сотим Улуғзода нест. Андеша ва мулоҳизаҳои фарогир нисбат ба муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба нависанда имкон додаанд, ки аз усулҳои гуногуни тасвири воқеӣ ва бадеӣ бо маҳорат истифода карда, тавассути сужа ва образҳои асосӣ таърих, иҷтимоъ ва фарҳанги волои халқи тоҷикро дар асрҳои миёна ба таври амиқу равшан инъокос намуда, бо ин амал ҷомеаро дар шароити нави таърихӣ дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва пос доштани забону фарҳанги миллӣ тарбия кунад.
Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,
адабиётшинос