УЛУҒЗОДА СОТИМ

 УЛУҒЗОДА СОТИМ

СОТИМ УЛУҒЗОДА 1 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидойиро дар мактаб-интернати Чуст фаро гирифтааст. Соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм ва дар ҳамон ҷой муаллимӣ кардааст. Соли 1930 ба Душанбе омада, муддате котиби масъули рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони Сурх», ҷонишини котиби масъули маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби масъули ИН Тоҷикистон будааст. Соли 1940 вориди аспирантураи Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) гаштааст. Солҳои ҶБВ рӯзноманигори ҳарбӣ будааст. Солҳои 1944-1946 раисии ИН Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Соли 1951 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Мақолаҳои илмияш роҷеъ ба масоили гуногуни адабиёти гузаштаву имрӯза аз ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта ба чоп расидаанд. Дар таҳия ва нашри «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) иштирок доштааст. Ҳамон солҳо ба эҷоди драма шуғл варзида, драмаҳои «Шодмон» (1939) ва «Калтакдорони сурх» (1940)-ро офаридааст. Асари охирӣ рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) аз ҷониби ҳунапешагони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиш дода шудааст.

Пйесаҳои ӯ «Дар оташ» (1944), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1970), «Восеъ» (1971), «Шифокори бузург» (1980) ва ғ. дар театрҳои Душанбе, Тошканд, Боку, Бишкек рӯи саҳнаро дидаанд ва дар инкишофи драматургияи тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Асарҳои асосии саҳнавии нависанда соли 1984 дар як ҷилд аз чоп баромадаанд.

Филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино» («Узбекфилм», 1956), «Қисмати шоир» («Тоҷик­филм», 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Қисмати шоир» дар Фестивали филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи «Уқоби тилло» сазовор гардидааст.

Сотим Улуғзода дар насри бадеӣ ҳам устоди забардасте буда, фаъолияти нависандигияш аз иншои қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), ки соли 1949 бо номи «Диёри навобод» нашр шудааст, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967)-у «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975-2014)-ро ба қалам овардааст, ки дар инкишофи насри муосири тоҷик марҳилаи наве гардидаанд. Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар Озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мушарраф гардидааст.

Устод Улуғзода дар тарҷумаи осори Л.Войнич «Ғурмагас» (1931, 1981), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Голдони «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Ҳамлет» (1970), Ж.Б. Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), Сервантес «Дон Кихот», Шарл-де Костер «Тил Уленшпигел» (1975) маҳорати фавқулодаи суханварию тарҷумонӣ зоҳир кардааст.

Дар заминаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»-ро офаридааст (1976-1977), ки маҳбуби пиру барнои кишвар аст.

Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990), унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986).

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст. Чандин мактабу муассисаву кӯча ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон номи шарифашро доранд.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

25 июни соли 1997 дар Маскав аз олам даргузашт. Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.

Дигар хабарҳо