ТУЛЎИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ

 ТУЛЎИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм роҳандозӣ мешавад, баргузор гардид.

 Дар маросими ҷоизасупории он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Бинобар сабаби ҷавобгў набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 27 ҷой, вилояти Суғд 25 ҷой, вилояти Хатлон 10 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҷой ва ВМКБ соҳиби 7 ҷой гардиданд.

Ҳамчунин ба 21 нафар омўзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10 000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинаҳои адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ғолибон муаррифӣ шуданд.

Дар эҷоди наср Муртазоалӣ Муродов — омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи якум, Мирзошариф Шарифзод — омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва Ҷамила Муродова — омўзгори литсей ба- рои хонандагони болаёқати шаҳри Кўлоб соҳиби ҷойи дуюм, Садафмоҳ Азимова — хонандаи синфи 11-и литсейи № 2-и шаҳри Душанбе ва Фурқат Низомов — корманди ТВ «Сафина» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинаи эҷоди назм Родмеҳр Сулаймонӣ — омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и ноҳияи Масчоҳ соҳиби ҷойи якум, Баҳманёри Саидқул — мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳритўс ва Кўҳзод Тағоев — муҳаррири Кумитаи телевизион ва радио соҳиби ҷойи дуюм, Давлатмурод Алиев — корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор ва Фозил Муқимзода — донишҷўи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омўзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Зарангези ЛАТИФ

Дигар хабарҳо