«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН…»

Қабл аз оғози маҳфили адабӣ овози Мирзо Турсунзода, ки шеъри мондагори худ «Шоиро»-ро қироат менамуд, шунавониданд. Бад-ин васила, онҳое, ки садои устодро нашунида буданд, шуниданд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро таърихи умумӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангию маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Солҳои охир бо ибтикори сарони ду давлат робитаҳои дӯстиву бародарии ин ду халқ як андоза густариш ёфт. Вақте аз қаробати халқҳои мо ёд мекунем, муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи симои рӯшани ду адабиёт — Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ пеши назар меояд.

Шоири бузург Мирзо Турсунзода аз парчамбардорони дӯстиву ҳамбастагии халқҳо, аз ҷумла, халқҳои тоҷику ӯзбек буд. Ӯ бо адибони номии ӯзбек Ойбек, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Зулфия, Миртемир ва нависанда, арбоби давлатии Ӯзбекистон Шароф Рашидов дӯстӣ ва робитаи эҷодӣ дошт.

– Амаки Мирзо, ки бо он кас бори аввал дар Маскав шинос шуда будем, вақте гузорашон ба Тошканд меафтод, албатта, ба хонаи мо ташриф меоварданд. Бо падарам, ки яке аз донандагони адабиёти форсӣ — тоҷикӣ буданд, ба қавле, суҳбаташон қӯр мехӯрд. Онҳо ба тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Падару модарам низ, вақте чизеро аз мо — фарзандон пинҳон доштанӣ мешуданд, дар хона байни ҳам тоҷикӣ гап мезаданд. Ҳашт сол қабл, вақте дар ҷашни 100 — умин солагии амаки Мирзо дар Душанбешаҳр навбати суханро ба ман доданд, аҳли толор маро бо кафкӯбиҳои дуру дароз истиқбол гирифт. Мисле, ки на ман, балки падарам ба минбар мебаромаданд. Аз ин қадрдонию қадршиносӣ сарам ба осмон расид, — изҳор дошт дар баромади хеш духтари Ғафур Ғулом, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, адиба Олмос Аҳмедова. Олмосапа дар рафти сухан аз шеъри Мирзо Турсунзода — «Барно йигит» ёдовар шуд, ки ба падараш бахшида шудааст. Инак чанд сатр аз он шеър:

Бо муҳаббат гӯямат: барно йигит,

Хушқаду хушқомату доно йигит…

Назми ту кори ҷавонӣ мекунад,

Бо ҷавонон зиндагонӣ мекунад…

Корбурди ибораи «амаки Мирзо» аз ҷониби Олмосапа дили ҳозиронро як андак нарм кард. Зеро дар тоҷикону ӯзбекон фарзандони ду бародар якдигарро амак мегӯянд. Адиба ба он ишора  мекард, ки падари ӯву Турсунзода на дӯст, балки бародар буданд…

Меҳмононро ба забони тоҷикӣ хайрамақдам гуфтани ҷонишини Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва ин шоҳбайти Мирзо Турсунзода:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун,-

ро қироат кардани ӯ низ барои меҳмонон ва аҳли толор хушоянд буд.

Шоири мардумии Тоҷикистон Низом Қосим баромади пурмуҳтавое дошт. Вай аз ҷумла гуфт:

— Роҳи эҷодии Мирзо Турсунзода аз Тошканд оғоз ёфтааст. Вай дар дорулмуаллимини ин шаҳри зебо таҳсил карда, дониш андӯхт. Метавон гуфт, ки порае аз достони «Ҳасани аробакаш» ҳолномаи ӯст. Он солҳо роҳи оҳани Осиёи Марказӣ то Душанбе нарасида буд. Мардум, барои ба Тошканд омадан,  аввал тавассути аспу ароба то шаҳри Тирмиз меомаданд. Дертар устод Мирзо Турсунзода шӯҳраи олам гашт.  Ӯ, вақте аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ сухан меронд ё бо амирону вазирон ва президентҳои мамолики мухталиф суҳбат мекард, манфиати халқҳои Осиёи Марказӣ ва шӯравии собиқ дар пеши назараш буданд. Сарфи назар аз миллату нажодашон, ғами парвариши истеъдодҳои ҷавонро мехӯрд. 

Бале, дуруст мегуфт Низом Қосим. Шоҳидон гувоҳи он гардидаанд, ки баъди шеърхонии шоири он вақтҳо ҷавони ӯзбек Абдулло Орифов дар яке аз маҳфилҳои шеърхонии Маскав аз президиум фуруд омада, дасти ӯро фишурда табрик кардани шоири бузург далели ин гуфта аст.

Ҳамчунин раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон  қайд намуд, ки барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстонаю адабӣ бо халқҳои бародар, аз ҷумла халқи ӯзбек, дар Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Маркази тарҷума созмон дода шудааст. Сексияи адабиёти ӯзбек дар назди Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон фаъолияти густурдае дорад. Ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон аз шоиру нависандагони ӯзбекзабон 20 нафар ба узвият пазируфта шудаанд. Ба наздикӣ мо 10 нафарро ба узвият қабул кардем, ки 4 нафарашон аз бародарони ӯзбекзабонанд. Чорабиниҳои мушаххас, мисли таҷлили зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода дар Тошканд ва таҷлили  зодрӯзи шоири бузург Эркин Воҳидов дар Душанбе ба қаробати адабиёту халқҳои мо мусоидат менамоянд… 

Вақте инҷониб аз адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон доир ба дирӯзу имрӯз ва дурнамои робитаҳои адабии ду халқи бародар суол кардам, аз ҷумла ӯ гуфт:

— Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику  ӯзбек аз қарни XV ба баъд ба ҳар ҳол болоравӣ дошт. Дар асрҳои XVII — XVIII ва ибтидои асри XX бисёре аз адибони мо, хусусан шоирон, дузабона буданд, яъне бо ду забон асар менавиштанд. Дар даврони Шӯравӣ ҳам ин анъана идома ёфт. Устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва шогирдони онҳо дар таҳкими дӯстии ин ду халқ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар Ӯзбекистон аз ҷониби Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Зулфия ва дигарон ин ҷараён дастгирӣ пайдо кард. Аммо баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои адабӣ як андак кунду суст шуд.

Боиси хушнудӣ аст, ки бо ташаббуси сарони ду давлат — Ӯзбекистону Тоҷикистон муносибатҳо ранги дигар гирифтанд, ба маҷрои нав даромаданд. Ман фикр мекунам, ки робитаҳои адабӣ  дар ин ҷараён нақши равшан дошта метавонанд.

Ҷашн гирифта шудани зодрӯзи Мирзо Турсунзода дар Тошканд  фоли нек аст. Мо агар зодрӯзи шоир Эркин Воҳидовро дар Душанбе ҷашн гирем, дар робитаҳои адабии ду халқи бародар боз як риштаи пайванд хоҳад шуд.

Дар нимаи дуюми он рӯз дар толори хурди маҷлисҳои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти раёсати раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид доир ба роҳандозии кори тарҷума ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои адабиву фарҳангии ду халқи бародар бо  иштироки адибон, тарҷумонҳо, сармуҳаррирони нашрияҳои адабӣ табодули афкор ба амал омад.

Мушоираи шоирони тоҷику ӯзбек ба гирдиҳамоии фарҳангиву маърифатӣ шукӯҳи тоза бахшид.

Шоми ҳамон рӯз ба шарафи меҳмонон дар «Қасри мусиқӣ» — и пойтахт консерти шоми дӯстӣ баргузор шуд. Дар иҷрои ҳунарпешагони мамлакат сурудҳои тоҷикиву ӯзбекӣ садо доданд.

А. СУБҲОНОВ,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

Дигар хабарҳо