Тоқдони чашми мо — ҷои китоби «Тоҷикон»

 Тоқдони чашми мо — ҷои китоби «Тоҷикон»

Ба пешвози 115-солагии Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз, дар замони соҳибистилолӣ, тарғиби шахсиятҳои монда­гор, мероси маънавӣ ва суннатҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд, муваффақтарин сиёсати илмию фарҳангие мебошад, ки барои тақ­вият бахшидан ба истиқлоли сиёсӣ, худшиносӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи босазо мегузорад. Хабари таҷлили бузургдошти 115-солагии ходими сиёсӣ, олими барҷаста ва Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муждае аст, ки мояи ифтихору арҷгузорӣ мебошад.

Устод Бобоҷон Ғафуров аз ҷум­лаи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳангу адаби миллати тоҷик мебо­шад, ки барои ташаккул ва ташвиқу тарғиби тамаддуни мардуми тоҷик хизматҳои шоёне намудааст. Ӯ арбоби давлатӣ, таърихнигор ва шарқшиноси шинохтаи Машриқза­мин мебошад, ки дар ташаккули мактаби таърихнигорони навини тоҷик, таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷалб намудани дониш­мандони варзида ба корҳои илмӣ саҳми беназир дорад. Махсусан хизмати олимону пажуҳишгарони зиёде, ба монанди Султон Умаров, Солеҳ Раҷабов, Александр Семё­нов, Александр Якубовский, Михаил Андреев ва дигарон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик беҳамто арзёбӣ шудааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров ра­ванди таҳқиқоти «Шахсиятҳои наҷи­би халқи тоҷик»-ро амалӣ ва ҳам­замон «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намудааст, ки ин асар ба забони русӣ тарҷума ва се маротиба солҳои 1949, 1952 ва 1955 дар шаҳри Москва нашр гардидааст.

Бо ибтикори Бобоҷон Ғафуров мавзуи аҳди Кӯшониён ба барномаи таҳқиқотии ЮНЕСКО ворид гарди­да, соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат Конференсияи байналмилалӣ оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар за­мони Кӯшониён дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар баробари ин, диққати Б. Ғафуров ба давраи ҳалкунанда дар таърихи давлатдории тоҷикон — аҳди Сомониён бесабаб набуд. Ин даврае буд, ки забон, адабиёт, фарҳанг ва дар маҷмуъ тамаддуни халқҳои ҳинду аврупоӣ, аз ҷумла тоҷикон рушд намуда буд. Забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва забони адабиёт гардид. Маҳз бо ин забон бу­зургони илму адаби тоҷик – Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар мутафаккирони мо асарҳои монда­гор эҷод намуданд.

Дар қатори ин асару мақолаҳо осори дигаре, аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи дуҷилдаи халқи тоҷик», «Давраи Кӯшониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Масоили муҳимми наҳ­затҳои миллӣ — озодихоҳӣ», «Тадқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ»,«Ал- Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва ғ. боиси ифтихори миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Мавриди тазаккур аст, ки «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров баъд аз «Шоҳнома» ва «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ барои миллати тоҷик бузургтарин таснифот ба шу­мор меравад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи зиёда аз 400 асару мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Монографияи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» соли 1972 дар Москва ба забони русӣ чоп шуда, соли 1983 қисми 1 ва соли 1985 қисми 2 ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки он ҳамчун шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик шинохта шудааст.

Китоби «Тоҷикон» воқеан, оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бо­боҷон Ғафуров мебошад, ки муҳим­тарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.

Инчунин Бобоҷон Ғафуров барои интихобу нашри намунаҳои беҳтари­ни адабиёти халқҳои Шарқ, аз ҷумла осори адибони тоҷик кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Дар ин раванд як қисми «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бо муқаддимаи академик Бобоҷон Ғафуров ба табъ расида буд. Бо дастгирии ӯ дар шаҳри Москва на­шри интиқодии «Шоҳнома» бо хатти форсӣ дар нуҳ ҷилд чоп шуд. Ин гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров ба «Шоҳнома» ҳамчун асари фалсафаю ҳикмат хеле зиёд будааст.

Дар баробари ин, ҷойгоҳи Бо­боҷон Ғафуров ҳамчун арбоби сиёсӣ ва таърихшиноси ҳирфаӣ дар ташвиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо назардошти расму ойинҳо, забон ва услуб дигаргуна ба назар мерасад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ӯ кашшофи таърихи мардуми тоҷик ва дигар мардумони ориёитабор аст, ки ифтихораш барои мардуми мо ҳамеша ҷовидон боқӣ мемонад.

Мегӯянд, ки «бузургонро бузур­гон зинда медоранд». Дар воқеъ, Пешвои муаззами миллат муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ чун рамзи сипос ва эътирофу эҳтиром барои хидматҳои таърихӣ абармардони тоҷик Садрид­дин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусра­тулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва аз ҷумла Бобоҷон Ғафуровро бо унвони баландтарини давлатӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардониданд. Ин амале буд, ки барои нигоҳ доштани ном ва хизматҳояшон барои Ватан ва рушди давлатдории миллӣ муҳиммияти хос дорад.

Хулоса, хидматҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар эҳёи хоти­раи таърихӣ ва таҳкими ташаккули миллати тоҷик хеле муҳим аст. Ӯ ба хотири омӯзиши амиқи таъри­ху тамаддуни халқи тоҷик аз ҳама имконияти замони худ истифода намуда, корҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки имрӯз бояд наму­наи заҳмати ҳар олиму пажуҳишгари тоҷик гарданд. Хидматҳои илмию таҳқиқотӣ ва ватанпарастонаи ӯ на танҳо дастуру ҳидояти фарҳангӣ, балки рамзи бузургию пос доштани хотираи абармардони миллат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мо, то ҳанӯз тамо­ми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди бузург ба шакли пурра баррасӣ нагаштааст. Бинобар ин, мо бояд дар шинохти ин чеҳраи сиёсию миллӣ Маркази махсуси «Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода, дар он таҳқиқоти илмию таърихиро амалӣ намоем.

Ин нобиғаи бузург марди заминӣ ва бонуфузе буд, ки сухани ӯ дар дунёи сиёсати замонаш мақому мар­табаи баланду боло дошт. Имрӯз ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва дигар форси­забонони дунё ба бузургии шахси­яти Бобоҷон Ғафуров арҷ гузошта, асари «Тоҷикон»-и ӯро пайвандгари наслу асолати таърихӣ мешуморанд.

Аз ин бармеояд, ки таҷлили бу­зургдошти 115-солагии академик Бо­боҷон Ғафуров рамзи арҷу эҳтиром ба хотираи неки ин фарзанди сар­супурдаи миллат ва илму фарҳанги точик мебошад.

Муҳаммад Абдураҳмон,

узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дигар хабарҳо