ВОҚЕЪНИГОР
Ба муносибати 120-солагии зиндаёд Тоҷӣ Усмон
Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону публитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта бо нигоштаҳои худ ба матбуот ворид гардидааст. Фаъолият дар матбуоти даврӣ боис шуда, ки Тоҷӣ Усмон дар баробари иҷрои вазифаи рӯзноманигорӣ ба эҷоди асарҳои публитсистӣ рӯй оварад, лавҳаву очерк ва ҳаҷвияҳои зиёдеро ба табъ расонад, ба таҳқиқи рӯзгору осори адибаҳои тоҷик машғул шавад. Навиштаҳои ӯ дар маҷмуаҳои «Кашфи асрор» (1958), «Ганҷинаи шеъри тоҷикӣ» (1960), «Ханда ва истеҳзо» (1962), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Шоира Маҳастӣ» (1963), «Духтари ниқобдор» (1965) «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва ғайра интишор гардидаанд.
Ба қавли Мирзо Турсунзода, “Тоҷӣ Усмон ҳар он чизе, ки дар бисот дошт, яъне ҳама қувва, дониш, маҳорат ва ҳатто саломатии худро бедареғ ба кори халқ дод”.
Дар бораи Тоҷӣ Усмон ҳамкорону ҳаммаслаконаш фикрҳои ҷолиб ва гуногун баён доштаанд, ки барои муайян намудани зиндагиномаи ӯ ва вижагиҳои осораш аз аҳаммият холӣ нестанд.
Нашрияи «Правда Востока» Тоҷӣ Усмонро «соҳибқалами ноороме номидааст, ки тамоми ҳастии худро ба пешрафти кори халқ бахшидааст».
Тоҷӣ Усмон 12-уми июли соли 1906 дар деҳаи Унҷии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Солҳои 1920-1923 дар мактаби шуравӣ таҳсил намуда, соли 1924 Техникуми хоҷагии қишлоқро ба итмом расонидааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз соли 1925 дар рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» шуруъ гардидааст. Соли 1926 муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқат» таъйин гардида, бо Ҳаким Карим, Қурбон Баҳлулзода, Муҳиддин Аминзода, Саид Носиров ва Ҳоҷӣ Содиқ фаъолияти пурсамар нишон медиҳад. Аввалин мақолаҳои публитсистии ӯ дар ҳамин нашрияҳо ба табъ расидаанд.
Соли 1933 Тоҷӣ Усмонро чун журналисти фаъол ба шаҳри Сталинобод даъват намуда, муовини сармуҳаррири нашрияи «Тоҷикистони Сурх» таъйин кардаанд. Як сол дар ин нашрия фаъолият намуда, моҳи июни соли 1934 боз ба шаҳри Ленинобод даъват мешавад, ба вазифаи муҳаррири нашрияи вилоятии «Болшевики Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») интихоб мегардад ва то соли 1936 дар ин вазифа кор мекунад. Солҳои 1937-1939 котиби Кумитаи ҳизбии шаҳри Ленинобод будааст. Ҳамон солҳо бо Садриддин Айнӣ муносибати дӯстона пайдо намуда, дар сафари якмоҳаи устод ӯро роҳбаладӣ мекунад. Маҳз дар заминаи ин сафар андешаи таълифи очеркҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ва «Тирози ҷаҳон» дар дили устод пайдо мегардад.
Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷӣ Усмон ба фронт меравад ва ҳамчун капитани артиши шуравӣ аввал дар матбуоти ҳарбии Закавказия хидмат намуда, сипас соли 1943 чун донандаи алифбои форсӣ ба сифати мушовир ба сафоратхонаи Иттиҳоди Шуравӣ дар Эрон фиристода мешавад, ки то соли 1947 дар он ҷо мемонад. Ӯ яке аз масъулони вохӯрии роҳбарони Сегонаи бузург – Сталин, Рузвелт ва Черчил дар Теҳрон (1943) будааст.
Соли 1947 ба Сталинобод меояд ва дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло “Ҷумҳурият») ба вазифаи муовини сармуҳаррир таъйин мегардад.
Соли 1953 бо таъсиси маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ба ин нашрия ба кор гузашта, то охири умр (1968) дар вазифаҳои котиби масъул, муовини муҳаррир кор мекунад.
Фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон доманадор буда, самтҳои журналистика, публитсистика, адабиёт ва пажуҳишро фаро мегирад. Бахусус, публитсистикаи ҳаҷвии ӯ имрӯз низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Осори Тоҷӣ Усмон аввал дар матбуоти даврии замон ва баъдан дар шакли китоб нашр гардидаанд. Аз ҷумла, «Бисту се адиба» (1957), «Кашфи асрор» (1958), «Ганҷи шеъри тоҷикӣ» (1962), «Ханда ва истеҳзо» (1962), «Шоираҳои боистеъдод» (1963), «Шоира Маҳастӣ», (1964), «Муборакқадам» (1966), «Духтари ниқобдор» (1965), «Лаънаткардаи халқ» (1967). Ин осор аз нигоҳи мавзуъ ва мундариҷа гуногун буда, дар онҳо ҳаёти пешазинқилобии мардуми тоҷик, таърихи шаҳри Душанбе, мубориза барои ҳаёти нав, саҳми шахсони ташаббускор дар ин раванд, сохтмони роҳҳо, ташкили аввалин хоҷагиҳои халқ, маҳви бесаводӣ ва амсоли ин тасвир ёфтааст. Очерку мақолаҳои ӯ, ба мисли «Изи панҷаи хунин», «Баҳодур», «Ҳофиза», «Насими бахт», «Кашфи асрор» ва ғайра ба зиндагии пешоҳангони истеҳсолот, бунёдгузорони ҳаёти нав дар Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Дар аввалин маҷмуаи Т. Усмон «Бисту се адиба» доир ба осору рӯзгори адибаҳои тоҷик Робиаи Балхӣ, Исматии Самарқандӣ, Ойишаи Самарқандӣ, Муниса Маҳастии Хуҷандӣ, Сити Хонум, Мутрибаи Қошғарӣ, Ҷаҳон Хотун, Меҳрии Ҳиротӣ, Комила Бегим, Шоира Ниҳонӣ, Мунира, духтари Мушфиқӣ, Зебуннисо, Зинату Ниссо, Бузургии Кашмирӣ, Нурҷон Бегим, Зӯҳро, Моҳлиқои Ҳайдарободӣ, Лола-Хотун, Иффатии Исфароинӣ, Шоира Тоҷуддавлат, Мавзуна маълумоти арзишманд ҷой доранд.
Дуюмин китоби ӯ «Кашфи асрор», ки аз 13 ҳикояи воқеӣ, се ҳаҷвия ва панҷ очерк иборат аст, зери таҳрири Сотим Улуғзода ба табъ расидааст. «Духтари ниқобдор» очерки таърихӣ буда, аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1965) ва баъдан аз ҷониби нашриёти «Ирфон» дар шакли китоб чоп карда шудааст. Дар ин асар ҳаёт ва эҷодиёти шоираи соҳибистеъдоди тоҷик – Робиаи Балхӣ таҳқиқу баррасӣ карда шудааст. «Муборакқадам» (бо ҳаммуаллифии Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадов) низ очерки таърихӣ буда, саргузашти фидоии роҳи озодӣ Муборакқадам Аҳмадхонро, ки соли 1927 дар ҷанг бо босмачиён ҳалок гардидааст, дар бар мегирад.
Очерку мақола дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон мавқеи намоён дорад. Ӯ зиёда аз 100 мақола ва очерк навиштааст, ки дар матбуоти даврӣ нашр гардидаанд. Мавзуъҳои асосии очеркҳои ӯро обшор кардани заминҳои нав, маҳви бесаводӣ, муборизаи ҳаёти нав бо куҳна, рӯйдодҳои инқилобӣ, ташкили сохти шуравиро фаро мегиранд. Аксари мақолаҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи воқеа ва рӯйдодҳои иҷтимоӣ навишта шуда, бо факту рақамҳои зиёд асоснок гардидаанд.
Муаллиф дар инъикоси масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба руҳияи замон такя намуда, рӯзгору фаъолияти шахсони мубориз, заҳматпеша ва ободкорро бо истифода аз аносири ҳунари бадеӣ нишон додааст. Ӯ дар баррасии чунин масъалаҳо бештар ба тасвири симои ботинии қаҳрамонон эътибор медиҳад. Ҷаҳони ботинии қаҳрамонони очеркҳои Тоҷӣ Усмон рангину ҷолиб аст. Нависанда дар тасвири воқеаҳо, инъикоси характер, симои қаҳрамонон аз воситаҳои образофар – диалог, суҳбат, нақл, тасвир ва амсоли ин моҳирона кор гирифтааст. Мутолиа ва таҳлили мақолаҳои публитсистии Тоҷӣ Усмон нишон медиҳад, мавзуи тақдири занон, бавижа занони суханвар, эҷодкор, ҷалби занону духтарон ба мактабу маориф нисбатан бартарӣ дорад. Симои чунин занон дар осори мустанади ӯ «Айса», «Ҳафиза», «Насими бахт», «Чилдухтарон» ва ғайра табиӣ ва боварибахш тасвир ёфтааст. Ин мавзуъ алалхусус дар маҷмуаи «Бисту се адиба», ки бо сарсухани шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз нашр баромадааст, мақоми барҷаста дорад. Дар ин маҷмуа нахустин маротиба дар бораи бисту се адиба муҳити зиндагӣ ва эҷодии онҳо маълумот ироа гардида, аз осори онҳо порчаҳои шеърӣ иқтибос шудаанд. Тоҷӣ Усмон ин амалро идома дода, дар бораи адибаҳои на он қадар маълуму машҳури замони худ – Азалбегим Ғуломҳайдарова, Гулнисо Одинамаҳмадова, Кифоят Вафоева, Лайлӣ Муҳаммадиева, Марҳамат Носирова, Мусаввада Эргашева, Тазарв Шамсова, Умринисо Султонова, Шамсинисо Басират, Амина Маҳмудова, Садорат Аюбҷонова, Музаффара Рустамова ва Бибии Хуҷандӣ маълумот ҷамъоварӣ намуда, бо номи «Шоираҳои боистеъдод» ба нашр расонидааст. Хусусияти хосси шеърҳои ин бонувон он аст, ки ба ҳаёти воқеии замон, колхоз, бинокорӣ, маорифу озодӣ бахшида шуда, ҳамнафаси ҳаёт мебошанд.
Дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон хотираҳои ӯ дар бораи устод Айнӣ мавқеи муҳим дорад. Ин хотираҳо дар «Шарқи сурх» (1962, № 8) бо номи «Як моҳ бо Садриддин Айнӣ» нашр гаштаанд. Муаллиф, ки дар сафари Айнӣ ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ҳамроҳ будааст, ба хислату характери устод, муносибати ӯ бо мардум, мавзеъҳои таърихӣ, ҳисси кунҷковии ӯ нисбат ба дидаву шунидаҳо, эҳтироми мардум ба вай аз наздик шинос шуда, дар ин замина симояшро ҳамчун шахси ватандӯст, худшинос, донандаи хуби таърих, адабиёт, забон нишон додааст.
Дар фаъолияти эҷодии Т. Усмон мақолаи ҳаҷвӣ низ мавқеи хос дорад, зеро фаъолияти ӯ дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» инро тақозо намудааст. Дар ин маҷалла зиёда аз панҷоҳ асари ҳаҷвии ӯ дар жанрҳои фелетон, памфлет, пародия ва эпиграмма ба табъ расидааст. Дар фелетону памфлетҳои ӯ «Сад шикоят аз ҳикоят», «Гила аз дӯст», «Муаммо ё худ мурғи мусаммо», «Пул пулро меёбад», «Тилисмоти уштурбақа», «Арӯси ду шавҳар» «Сир аз анҳор» ва ҳоказо, ки бо имзоҳои гуногун интишор гардиданд, камбудҳои соҳаҳои алоҳида, амалҳои номатлуби ашхоси ҷудогона, зарарҳои хурофотпарастӣ, баъзе намояндагони аҳли дин ва мардумфиребии онҳо танқиду мазаммат шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷӣ Усмон бо шеърҳои намакин ҳам бар зидди зиёнкорону мансабпарастон мубориза бурдааст. Шеърҳои ҳаҷвии ӯ оҳанги баланди иҷтимоӣ дошта, дар онҳо воқеаҳо ва амалҳои номатлуби мушаххас мавриди танқид қарор гирифтаанд.
Дар ташаккули публитсистикаи ҳаҷвии Тоҷӣ Усмон ду манбаъ: адабиёти классикӣ ва ҳаҷви матбуоти рус таъсиргузор будааст. Ӯ, ки донандаи хуби адабиёти рус ва забони русӣ буд, ба асарҳои Н. А. Крилов, Гогол, Салтиков-Шедрин, А. П. Чехов барин адибони машҳур ошноӣ дошт, пайваста аз маҷаллаҳои ҳаҷвии русии “Крокодил”, “Бегемот” ва “Ревизор” меомӯхт ва беҳтарин осори ҳаҷвнигорони русро ба тоҷикӣ тарҷума мекард.
Ёду номаш гиромӣ бод!
Маҷид САЛИМ,
адиб



