Дилу дидаи бози Табарӣ

 Дилу дидаи бози Табарӣ

Ба муносибати 85-солагии адиби зиндаёд Нурмуҳаммад Табарӣ

«Вақти хеле зиёде ба кор омад, то ӯ вориди гулбоғи адабиёт ва билхосса, драматургия шаваду он ҷо муқимӣ гардад, – менигорад Ғулом Ҳайдар дар бораи дӯсти ҳамқаламаш Нурмуҳаммад Табарӣ. – Вагарна чандин дафъа аз нависандагони корозмуд шунидаам, ки мегуфтанд: ин кас қалами бурро ва махсусан тасвирҳои зебо доранд, кай ба навиштани чизҳои гаронҳаҷму гаронвазн мепардохта бошанд? Ба ин оҳанг хеле дақиқ баромад пешгӯии хушгуфторонаи устод Мутеулло Наҷмиддинов нисбат ба ин дастниҳолаш:

– Нури мо дару дарвозае мепӯяд, то ба мардум рӯшании бештаре дода бошад, чунон ки «Дарёи ман маҷро».

Он замон ин мазмун боиси хушҳо лию хандаи аҳли нишасти хосса гардида буд, ҳоло бошад, ин дар зеҳни ман чун як дуои хайри устоде нисбат ба шогирде ҷилва медиҳад. Ва рӯзгор ин пешгӯиро собит кард».  Нурмуҳаммад Табарӣ тавассути драматургия ҳамон дару дарвозаеро ба рӯйи худ ва тамошогарон боз кард, ки аз он то ҳол нур мебораду зарраҳои ҳикмат мерезад.

Драматургияи Н. Табарӣ аз публитсистикаю насраш дертар ташаккул ёфта бошад ҳам, бо онҳо дар як ҷараён инкишоф ёфта. Тамоюли умумии публитсистии Табарӣ бо драматургияаш вобастагии зич дошта, ба ҳам тавъам омадаанд. Бисёр мавзую масъалаҳои дар драматургияаш мавриди баҳсу талош қарордодаро ӯ аввал дар асарҳои публитсистиаш омӯхтаву таҳлил карда.

Масъалаҳои муҳимми ахлоқии ҷомеа бо рӯйи саҳна омадани драмаи «Дар чорсӯ» оғоз гардида, дар асарҳои «Мусичаро напарронед», «Тарс», «Суробҳо», «Вагони охирин» ва “Навгонӣ дар Сангистон” идома ёфтанд. Зиёӣ ва мавқеи шаҳрвандию маънавии ӯ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мавзуи асосии адиб гардида, дар асарҳои ӯ таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеа дар давраи охири садаи гузашта ва оғози қари ХХI тасвир шудаанд.

Нурмуҳаммад Табарӣ анқариб чиҳил соли умри азизи хешро ба жанри аз ҳама мураккаб ва доманадори адабӣ – драматургия бахшидааст. Бояд гуфт, ки ба осору эҷоди ӯ муносибат ва андешаи ҳамқаламону мунаққидон ва ҳунармандони театр мухталиф аст. Агар бархе дар симои ӯ драматурги чирадастро бинанд, дигарон асарҳояшро орӣ аз камбудӣ намедонанд. Оре, воқеият, аҷаб не, ҳамин гуна аст, аммо ӯ шахсест, ки суханаш касро бетафовут гузошта наметавонад, зеро дар осори ӯ зиндагии муосирони мо бо тамоми ҳусну қубҳаш рӯнамо гардидааст. Бо ӯ розӣ мешаванд,  баҳс мекунанд… Ҳамин худ нишони он аст, ки асарҳояш хонандаву тамошогарро бетараф намегузоранд. Муаллифи тақризи «Субуров ва дигарон» профессор Иброҳим Усмонов нуктаҳои баҳсталаби намоиши «Дар чорсӯ»-и Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро таъкид намуда, ба образи Шариф махсус ишора мекунад. «Ин ҷо баҳс дар мавриди ҳунарнамоии актёр нест, – мегӯяд ӯ. – Аммо ба назари ман, худи ин образ ба бандубасти асар пайвасти қавӣ пайдо накардааст, ҳатто баъзан репликаҳои ӯ тамошобинро саргарми шӯхӣ карда, аз мавзуи асосӣ дур мекашанд».  Т. Ғаюрова бошад, дар нигоштаи хеш фикри ҷолиберо иброз доштааст. Ӯ менигорад: «Ба ин мӯйсафедон чанд бор бо истеҳзо «собиқҳо» – гӯён гап паррондани Шариф-тормоз ҳам (вай дар пйеса чун «садои халқ» баромад мекунад) бесабаб нест. Ин ҳамчун суд, ҳамчун ҳукм барои онҳоест, ки на аз рӯи виҷдон зиндагӣ кардаанд»…

Ин нукта қобили зикр аст, ки Н. Табарӣ ба драматургия бо қадамҳои устувор, хеле ҷиддӣ ва донистани хуби ҷаҳони афкору андешаи муосиронаш ворид гашта буд. Аз ин лиҳоз, асарҳои нахустинаш аз қабили «Дар чорсӯ», «Мусичаро напарронед» ва «Кафшҳои Абулқосим» ҳам аз лиҳози муҳим будани мавзуъ, тезу тундии низоъ, ҳам аз ҷиҳати фарогирии ҷаҳони маънавии муосирон ҷанбаҳои пурқувватро фарогир буданд.

Дар оғози фаъолияти драматургии Табарӣ донишёр Иброҳим Усмонов дар ҳамон тақризи ба намоиши «Дар чорсӯ» бахшидааш, иброз медорад, ки «сабки драматург ва театр то андозае сабки «Қуллаи Фудзияма», «Вақте ки шаҳр хуфта буд» ва «Лавҳаи инқилобӣ»-ро ба ёд меорад». Оре, дар ташаккули сабки бадеӣ ва услуби нигориши Н. Табарӣ  асарҳои мазкур, ки дутои охирашро худи ӯ тарҷума кардааст, нақши ҳалкунанда бозидаанд. Бо мурури замон драматург драмаи публитсистиро ташаккул дода, баробари дарки камбудиҳои хеш, маҳорати ҳунарии худ ва имконоти жанрии онро то андозае васеъ ҳам кард. Аз драмаҳои  «Шикори аҷинаҳо» ва «Дар чорсӯ» то драмаи таърихии «Маздак» мо шоҳиди ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ҳунарии эҷодкоре мегардем, ки бо дарки тамом ба кори мушкили драмнигорӣ даст зада, тавассути он мавқеи шаҳрвандӣ ва мароми инсонии хешро возеҳ баён намудааст.

Театри сиёсии тоҷик дар тули солҳои ҳаштоди қарни гузашта ва оғози садаи навин бо тамоми шаҳомат ва камбудию норасоиҳояш дар мисоли эҷодиёти Нурмуҳаммад Табарӣ мунъакис гардидааст. Тавре медонем, дар ин давра тамоми анвои ҳунар берун аз сиёсат набуда. Ва, умуман, театри даврони шуравӣ бе Табарӣ низ сиёсатзада буд. Ба театри сиёсӣ даст задани адиб аз солҳои зиёд корманди ҳизбӣ буданаш маншаъ намегирад, он худ гулест, ки аз замини сиёсат сабзидааст. Вале бахти Нурмуҳаммад Табарӣ ҳам дар он аст, ки танҳо ҷиҳатҳои мусбати театри сиёсиро аз бар намуда, дар инъикоси воқеии ҳаёт, гузоштану ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ хеле муваффақ гардида буд.

Метавон бо қатъият иброз дошт, ки ҳамбастагии драматургияю публитсистика дар эҷодиёти Нурмуҳаммад Табарӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои тафаккури бадеии ӯ маҳсуб меёбанд. Драматургияи ӯ бо масъалагузории ошкоро асос ёфта, ҳалли он ва қазоват ба ҳолату вазъияти баамаломада бештар ба дӯши хонандаву тамошогар гузошта мешавад. Муколама ва монологҳои драматург хосияти маҳрамонаи худро аз даст дода, на ба ҳунарманд – ҳамкор, балки ба толор, тамоми мардуми кишвар ва ҷаҳон равона мегарданд. Ҳамаи ин дар худ драматизми тезутунд, мураккабии сарнавишту хислати қаҳрамононро дар муҳорибаҳои рӯёрӯю ботинӣ нишон медиҳад.

Драматургияи Нурмуҳаммад Табарӣ бо ин ҳама дар доираи драмаи публитсистӣ маҳдуд намонд, он аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакл хеле ғанӣ аст. Ғановат ва паҳнои мухталифи мавзуъ, масъала, шаклу анвои адабӣ ва сабки эҷодии муаллиф бо мурури замон ташаккул ёфтааст. Таъсири қавии насли нахустини драматургони тоҷик, аз қабили Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Сотим Улуғзода ва Файзулло Ансорӣ дар осори ӯ ба назар расад ҳам, бо қатъияти том метавон гуфт, ки он таҳти таъсири бевоситаи драматургияи русу шуравӣ, аз қабили Михаил Шатров ва Александр Чхеидзе сурат гирифтааст.

Ба публитсистикаи саҳнавии драматург Табарӣ  ҷанбаи хулосавии бадеию ҳунарии дигаргуниҳои маънавию ахлоқии замони мо хос мебошад. Диди бадеии адиб аз дигар ҳамқаламонаш бо он фарқ дорад, ки дар осораш мушоҳидаи дақиқи навгониҳои зиндагӣ, тобишҳои ноаёни равонии муосирон дақиқтар акс ёфтаанд.

Ба андешаи Нурмуҳаммад Табарӣ, маънию мароми зиндагӣ некӣ ва накӯкорист. Ҳар амали бади инсонро худи зиндагӣ қазоват намуда, ба ӯ ҷазои сазовор медиҳад. Ин фалсафаи аз авроқи китобҳо мазмунбардошта нест, ин ҳамон ҳақиқати талхест, ки адиб таъми онро аз ҷоми зиндагӣ чашидааст.

Ӯ ҳамеша ҳамқадами замон, ҳаммаслаку ҳаммароми ҳамраҳони худ дар роҳи такмили зиндагӣ буд. Воқеияти зиндагӣ, дигаргуниҳои замона ва вобаста ба инҳо дигар шудани рафтору муносибати инсон ба худ ва дигарон ҳамеша дар маркази диққати драматург қарор дошт. Дар ин раванд мавқеи худи муаллиф низ дигар гашта, дар худ ҷиҳатҳои нав ба навро касб менамуд.

Ба асарҳои драмавии адиб амиқ донистани зиндагӣ, дарки дурусти тамоилҳои инкишофи ҷамъият, тасвири таҳаввулоти равонӣ, хислат, фикру зикр ва мафкураю ҷаҳонбинии одамон хос аст. Нурмуҳаммад Табарӣ дар устокорона сохтани низоъҳою тарзи марғуби ҳалли онҳо, муколамасозиҳои моҳирона ва ҷамъбастҳои фалсафӣ моҳир буд.

А. Луначарский ҳамгароии театр ва драматургияро шарти асосии вуҷуди онҳо мешуморид. Дар ин боб ӯ фармуда, ки: «Театр бояд бо драматургия дар ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ бошад, паи ҷустуҷӯи он гардад ва ба равнақу ривоҷаш мусоидат намояд».  Театр ба Нурмуҳаммад Табарӣ чизеро дод, ки дар журналистика ба он ноил нашуд. Тавассути театр адиб тавонист рӯёрӯй бо тамошогар суҳбат ороста, аз минбари он афкору андешаи худро озодона ва доманадор ифшо намояд. Маҳдудияти чаҳорчӯбаи саҳифаи рӯзномаро саҳнаи театр шикаста, ба публитсист имкон фароҳам овард, ки зиндагиро пурратар – ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба нишон бидиҳад. Драмаи «Дар чорсӯ» дар саҳнаи театрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бухоро ва Ишқободи Ҷумҳурии Туркманистон ба намоиш гузошта шуд. Ҳунармандони соҳибсалиқае аз қабили Ато Муҳаммадонҷонов, Бурҳон Раҷабов, Майрам Исоева, Носир Ҳасанов, Убайдулло Раҷабов, Нурулло Абдуллоев, Исо Абдурашидов, Маҳкам Ҳоҷиқулов, Саидмурод Мардонов, Ибодулло Машраб, Светлана Шамгунова орзую омол ва андешаю афкори ҳамзамонони офаридаи ин адибро иброз доштаанд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ – Ато Муҳаммадҷонов дар бораи нақши Сабуров аз рӯйи асари драматург офаридааш бо меҳру муҳаббати бепоён чунин ибрози ақида намуда: «Дар тули чанд соли дар театру кино фаъолият доштанам нақшҳои зиёдеро бозидаам, ки ҳар кадомаш бароям азизанд. Нақши муаллим, коммунисти матин Сабуров барои ман бештар азиз аст».

Таҳиягарон Ҳабибулло Абдураззоқов, Мирзоватан Миров ва Давлаталӣ Убайдуллозода  дар пайравии андешаҳои драматург саҳнаҳое офаридаанд, ки дар лавҳи хотири тамошогарон нақш бастаанд.

Дерест, ки миёни  ходимони театр оид ба бурду бохти драматургияи миллӣ баҳсу талошҳо идома доранд. Бархе таъкид намоянд, ки ба ҳар ҳол драматургияии миллии мо чеҳраи хоси худро доро буда, ба дастовардҳои назаррас низ ноил шудааст, дигарон аз заифии он бечоранолӣ менамоянд.

Сари ин мавзуъ ҳакамӣ накарда, бо ҳамин як нуктаи овардаи шоир Сафар Аюбзодаи Маҳзун, ки аз боби ҳамкориҳои таҳиягар Мирзоватан Миров бо драматургони ватанӣ ҳикоят менамояд, иктифо месозем. Ӯ дар китоби «Дунёи Мирзоватан» чунин менигорад: «Бо таҳияи намоишҳои «Шабистон»-и Ҷумъа Қуддус, «Раъно»-и Насриддин Исломов, «Дар чорсӯ»-и Нур Табаров, «Фишор» ва «Заволи Чамбули Мастон»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ Мирзоватан Миров дар ҳамкорӣ бо драманависони тоҷик даъвои онҳоеро, ки аз нарасидани драматургони соҳибистеъдод ва асарҳои арзандаи миллӣ шикоят мекарданд, рад намуд. Исбот кард, ки иртиботу ҳамкории намояндаҳои санъат бо адибон метавонанд драманависони барҷаста ва асарҳои пурарзиши миллиро ба вуҷуд биёранд».

Тамоми зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию ҳирфавии Нурмуҳаммад Табарӣ намунаи корнамоии шаҳрванд ва адиби сарсупурдаест, ки ҳастӣ, истеъдод ва ҳунари асили худро ба хидмати халқу Ватани азизаш бахшидааст.

Т. Муҳаммадуллоҳ

Дигар хабарҳо