«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ»

 «ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ»

 

Рӯзи 28.02.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили муттаҳидии миллат» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил ва барпо карда шуд.

Дар ҳамоиш Раҳмонзода Абдулло – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо – Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо — директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Мирзозода Иброҳим — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Абдуллоҳи Раҳнамо – директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои нақлиёт, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, Бонки миллии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макотибҳои олии кишвар, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназия, гирандагони стипендияи президентӣ, аскарону афсарони қисмҳои низомии пойтахт ва ВАО фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ иштирокчиён оид ба ин мавзӯи аҳамиятнок ва зарурати қабули чунин қонун суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки ватандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ОН аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Зеро, ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.

Воқеъан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки санаи 24-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад.

Дигар хабарҳо