Се асари нави драмавис дар саҳна

 Се асари нави драмавис дар саҳна

Аҳли эҷоди Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони  Хуҷанд ба номи О.Назаров мавсими 24 — умро бо нахустнамоиши драмаи мусиқии «Қонуни ҷангал» -и Ҷумъа Қуддус анҷом доданд, — хабар дод корманди театр Мирзоюсуф Аҳмадов. Дар ин мавсим намоишҳои ҷолиби диққати «Дӯсти ҳақиқӣ» — и М. Бартенев, ««Қурбоққачаи якрав» — и Озарахш, «Тозагӣ гарави саломатӣ» ва «Сеҳри асо» — и Бароат Аҳмадзода, «Қонуни ҷангал» — и Ҷумъа  Қуддус, барномаи консертии театрикунонидаи «Мо насли хушбахти Истиқлол», «Наврӯзи кӯдакон» пешкаши тамошобинон гардиданд.

Бар замми ин кормандон театр дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доштанд. Режиссерони театр дар Лабораторияҳои байналмилалии режиссёрӣ ҳунармандони театр дар ҷашнвораю озмунҳои ҳунарӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби сипосномаву ифтихорномаҳо гаштанд.

Бароат Ахмадзода — сарвари театр, коргардони шинохта, драмнависи муваффақ: «Конуни чангал»-ро саркоргардони театр Темурҷон Султонӣ рўи сахна овард. Ахли эҷодии театр асари устод Ҷумъа Қуддусро тамрину тафсир намуда, бо саҳнаҳои мусиқии миллӣ ғанӣ гардониданд. Дар сахна чор нафар хунармандони наврас нақш офарида, сазовори баҳои баланди хунармандони касбӣ гардиданд… Сипоси беинтихо барои чунин асари тарбияви.» Саркоргардони театр Темур Султонӣ аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки заҳмату ҷустуҷуҳои эҷодии ҳама дастандаркорони намоиш барор ёфта, мутахассисон ва мухлисон онро гарм истиқбол карданд.

 Айни замон, сарвари Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии Данғара Махмадсаид Махсумзода низ хабар дод, ки мавсими навбатии театри мазкур бо  нахустнамоиши драмаи нави Ҷумъа Қуддус «Хазинаи иблис» дар мавзуи хеле мураккаби рўз, дар таҳияи коргардони чавони кобилиятнок ва сохибназар Кобил Давлатов анчом дода шуд. Мавзуъ ва муҳтавои асар тамоми ҳунармандонро ба таҳрик овард ва аз  ҷониби тамошобин хуш қабул карда шуд.  

Сеюмин асари драмнавис Ҷумъа Қуддус мазҳакаи «Арўси хаппак» мавсими имсолаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро оро дод, — хабар дод сарвари театр, ҳунарпешаи боистеъдод Отахон Саидзода. — Мазҳака аз ҷониби коргардони ҷавони маъруф, барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ Баҳром Қурбонзода таҳия шуда, ҳама ҳунармандони театр дар он нақшҳои ҷолибро иҷро намуданд. «Арўси хаппак», ки моҳи марти соли ҷорӣ таҳия шуд, дар як муддати кўтоҳ писанди мухлисон гардид.

Ҷумъа Қуддус аз ҷумлаи драмнависони сермаҳсул буда, 8 соли охир театрҳо соле 4-5 асари нави ўро таҳия мекунанд. То охири соли ҷорӣ боз ду асари ў ба нақшаи таҳияи театрҳои ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Мавриди зикр аст, ки чанде пеш намоиши дигари ў таҳти унвони «Лаъли Бадахшон» аз ҷониби ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Назарови ш. Хоруғ, ки қаблан дар фестивали театрии Эрон бомуваффақият манзур гардид, бахшида ба рўзи Вахдати миллӣ дар шаҳрҳои Кўлоб, Данғара, Бохтар, Душанбе, Норак намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Москва театри қирғизҳо «Аян» драмаи «Офариниши охирин» (Поччо-бозӣ)-ро ки соли 2018 нахустнамоиши он баргузор гашта буд, бо такмилу тафсири нав дубора таҷдид намуд. Сарвари театр Айнаш Козубаева изҳор намуд, ки бо назардошти талаботи аҳли ҷомеа, акнун тамошобин намоишро тавассути дастгоҳи аудиовизуалӣ бо забони русӣ низ шунида метавонад.

Мижгона Халилова, хабарнигори «Адабиёт ва санъат»

Дигар хабарҳо