Шумораи 7-и нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» ба табъ расид.
Шеъру ҳикоя, қисса, мақолаву тарҷума, тақризу китобиёти хонданӣ пешкаши ҳаводорони маҷалла гаштааст. Ба муносибати 70-солагии нависанда Баҳманёр қиссаи «Дуди ҳасрат»-и ў, ғазалу чорпораҳои Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ дар ситоиши Ватан, волидайн, кўдакӣ, муҳаббат, дўстӣ ва ғайра, қиссаи «Фарзандони рў ба хуршед»-и нависанда Мирзо Шукурзода, ғазалҳои ошиқона ва шеърҳои дар қолаби нав гуфтаи шоири ҷавон Насимбек Қурбонзода чандин саҳифаи “Садои Шарқ”-ро рангин кардаанд.
Ҳикояи “Роҳи оромгоҳи ғарибон”-и нависандаи ҷавон Ховари Пўлод дар мавзуи муҳоҷират, ба пешвози 80-солагии адиб, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимзода як силсила таърихҳои манзуми вафоти шахсиятҳои маъруфи фарҳанги навини тоҷик, ки бар қалами ў мансуб аст, чоп гаштаанд.
Агар умр вафо мекард, шоир Ҷамолиддин Каримзода имсол 80-сола мешуд. Ба поси хотири ў дар маҷалла шеърҳои дар мавзуъҳои мухталиф навиштааш, идомаи «Мусиқии шеър»-и Шафеии Кадканӣ, “Гули сурх”-и Иван Тургенев дар тарҷумаи Маҷид Салим пешкаш гардидаанд.
Маҷалла бо ин матлабҳо ва матлабҳои дигар дар хидмати ихлосмандони худ мебошад.