• 30.04.2024

Савте, ки ба қалб шӯр ангехт

 Савте, ки ба қалб шӯр ангехт

Ба муносибати 100-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ

Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ аз ҷумлаи адибони сермаҳсул мебошад. Достонаш дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бо номи «Шаби пеш аз марг» аз он хотир таъсирбахшу ҷолиб иншо шуд, ки саҳнаҳои ошноро рӯйи коғаз овард. Адибе, ки наср ҳам навишту назм ҳам, ҳаҷв ҳам иншо карду очерку публистистика ва драмаҳо низ.

Мавсуф 7 январи соли 1924 дар деҳаи Лангари Бобои ноҳияи Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт ва мероси зиёде аз худ ба ёдгор монд.

Маҷмуаҳои «Суруди бахт» (1948), «Гуфтугӯ бо меҳмон» (1958), «Гули баҳор» (1959), «Шаби пеш аз марг» (1968),«Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Шоҳиди зинда» (1985), «Машъалафрӯз» (1987), «Минбари шоир»(1988), «Қиссаи нави «Юсуф ва Зулайхо» (1988) «Ашки ширин» (1995) ва маҷмуаҳои бачагонаи «Дили оташин» (1948), «Қиссаи пахта» (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1959), «Таркиш» (1975) ва «Шайтон» (1980) ва ғайра аз таълифоти ӯ дар бахшҳои адабиёту ҳунар ва фарҳанганд.

Адибон, мунаққидон ва адабиётшиносон, аз ҷумла Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Қутбӣ Киром, Раҷаб Амонов ва дигарон дар бораи ашъор, наср ва шахсияти адабии ӯ фикру андешаҳои ҷолиби худро рӯйи авроқ овардаанд.

Шеърҳои нави Абдуҷаб­бор Қаҳорӣ, ки таассуроти аз сафари кишвари Афғонистон ҳосилнамудаи ӯро таҷассум кардаанд, дар эҷодиёти ӯ саҳифаи нав мебошанд.

Шоир ба мавзуъҳои гу­ногун дахл мекунад. Ин мавзуъҳо ҳар кадоме як ҷиҳати муҳимми ҳаёти мар­думи ин кишварро инъикос менамоянд.

Шоир зуҳуроти фараҳбах­ши ин дӯстиро дар шаҳрҳои Афғонистон бо чашми худ мушоҳида карда, илҳом ги­рифта, ба шавқ омадааст ва ин аз ҳар мисраи шеърҳои ӯ ҳис карда мешавад.

Ӯ шеърҳои худро «Оҳан­гҳои дӯстӣ» номидааст ва на­хустин шеъри ӯ бо калимаи дӯст шуруъ мешавад:

Аз дӯст ишорат шуд,

Мо азми сафар кардем.

Дар ҷашни шумо хушнуд

Мо замзама сар кардем.

Аз кишвари тоҷикон

Нав-нав ҳунар овардем,

Ҳам ҳурмати бепоён

Бори дигар овардем.

Савти дафу чангу тор,

Аз Нораку Рӯшон аст,

Ин рақси нави «Дилдор»

Мавҷи дили ҷӯшон аст.

Шеъру ғазали тоҷик

Бо ҷашни шумо пайваст,

Ҳар як суханаш наздик

Бар мардуми афғон аст.

Шоир ба кадом мавзуе, ки дахл кунад, дӯстиро дар назар дорад. Як шеъри ӯ дар бораи аз чодар озод шуда­ни занону духтарон гуфта шудааст:

Ҳаст шаҳре аҷаб ба шарқзамин,

Ахтаронаш ниқоб бигрифта,

Гар аз онҳо яке кушояд рӯй,

Сурати моҳтоб бигрифта…

Ин шеърро, ки аз шаш банд иборат аст, шоир ба духтари ҷалолободӣ -Моҳрӯя, ҳамон духтаре, ки нахустин шуда дар Афғони­стон аз сар чодар партофт, эҳдо кардааст.

Шодии ифтихорангез дар ҳамаи шеърҳои «Оҳанги дӯстӣ» равшан ва таъсир­бахш садо медиҳад.

Шоирро ҷасорати духтари аз чодар беруншуда, зебо­иҳои Кобул, ҳусни табиати Афғонистон, санъати фараҳ­бахши мардуми ин мамла­кат, нигоҳи пурмеҳри шоири афғон ва корнамоиҳои бар зидди бегонагон нишондо­даи халқи ҷасуру озодихоҳ илҳом бахшидааст.

Ӯ аз ҳамаи ин дилхуш ва руҳбаланд гардида, ҳаяҷо­ни дили худро изҳор меку­над. Ривояти аҷиби халқӣ дар бораи пайдоиши шаҳри Кобул диққати шоирро ба худ кашида, мавзуи яке аз шеърҳои дилчаспи ӯ қарор гирифтааст. Дар ин ривоят меҳри мардуми ин мулк ба пойтахти босафои ватана­шон – Кобул шавқангез ва басо нозук ифода гарди­дааст. Шоир манзараи ба рӯйи гул омада нишастани қатраи обро ба риштаи назм кашида, ҳусни дилфиреби табиатро хеле хуб ба ҷилва меоварад:

…Чун қатраи об рафт поин,

Афтод миёни ғунчаи гул.

Он ҷо, ки ба ғунча қатра афтод,

Машҳур бишуд ба номи Кобул.

А. Қаҳҳорӣ ба халқу мам­лакати дигар шеър бахшида, ҳамеша дар бораи мамлака­ти худ фикр мекунад ва дар мавридаш ба ин ё он ҷиҳати зиндагии халқи маҳбубаш ишорае менамояд. Ин ишо­раҳо дар шеърҳои ӯ хеле ба маънӣ ва зебо воқеъ шуда, ба ҳусни шеъри ӯ ҳусне ило­ва кардаанд.

Шоир дар шеъри «Рас­сом» зебоии ҳайратангези кӯҳистони тоҷикро тасвир мекунад. Дилрабоии ман­зараҳои тасвиргардида, об­уранги нафиси ин манзараҳо аз ҳар мисраи шеър аён мегардад. Хонанда ба хубӣ ҳис мекунад, ки дар мусо­фират, дар сарзамини халқи дигар дар дили шоир нисбат ба ватанаш чӣ муҳаббати пурифтихор ба туғён омада будааст.

А. Қаҳҳорӣ яке аз шеърҳо­яшро «Суруд ва рӯд» но­мидааст. Дар шеър суруди афғонӣ васф шудааст. Шоир изҳор мекунад, ки суруди ин мардумро табиати босафо ва файзи рӯдҳои пурмавҷи ин сарзамин шӯху ботароват ва дилнавоз кардааст:

Ногоҳ суруду рӯд омехт,

Як савти хуше ба гӯш омад,

Савте ки ба қалб шӯр ангехт,

Ҷайҳун шуда дар хурӯш омад.

З-он вақт суруди халқи афғон,

Шуд шӯх чу рӯди кӯҳсорон.

Илҳоми шоир ба шавқи дили дӯстон пайвастааст ва шеърҳои ӯ ҳавои софу ҳус­ну латофати ин сарзамини дӯстро дар бар карда, ба сурудҳои пурҷӯшу хурӯши меҳрангез мубаддал гарди­даанд.

Раҷаб Амонов

Дигар хабарҳо