Ромишгари оромишбахш

 Ромишгари оромишбахш

— Аз хурдӣ мусиқӣ бароям оромиш мебахшид. Ҳар бор, ки садои созеро мешунидам, гӯшу ҳуш мешудам. Ҳеҷ намефаҳмидам, ин ҳама дилбастагӣ аз куҷост, вале медонистам, ки дар вуҷудам муҳаббати бекаронае нуҳуфтааст, — мегӯяд ҳунарпешаи шинохта, директори Оркестри симфонии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Салимҷон Бурҳонзода.

Зиёда аз 50 сол аст, ки Салимҷон Бурҳонзода дар соҳаи мусиқӣ фаъолият мекунад.

Ӯ яке аз беҳтарин скрипканавозони кишвар аст. Майлу рағбати ӯ ба ин сози мусиқӣ аз овони бачагияш пайдо шудааст. Он давронро бо ҳавас ба ёд меорад:

— Ҳамон сол донишҷӯе хонаи мо ба суроғи иҷора омад. Модарам, ки зани меҳрубону раҳмдил буд, он ҷавонро фарзандвор қабул намуду барояш ҳуҷраеро ҷудо кард. Ҳамин тавр, он ҷавони ношинос узви хонаводаи мо шуд. Ман боре вориди ҳуҷраи ӯ гаштам ва дар дасташ сози аҷиберо дидам. Бо ҳаяҷон номи он созро пурсидам.

— Ин скрипка аст. Дар Тоҷикистон навозандаи он хеле кам дорад. Хоҳӣ, гирифта бубин, — ҷавоб дод ӯ.

Бо хушҳолӣ гуфтам:

— Бале, майл дорам.

Донишҷӯ ба ман наздик шуда, созро дароз кард.

— Бигир. Бо майли худат навоз.

Шояд ба ту ҳам писанд ояд. Агар дӯст доштӣ, бо худ бубару тамрин кун.

Баъд аз ин ман ошиқи скрипка шудам. Ҳар рӯз назди радио менишастаму мусиқӣ гӯш мекардам ва онро бо скрипка такрор менамудам. Он қадар вақти худро сарфи навохтани скрипка мекардам, ки ахиран хоҳарбузургам Луъбат тасмим гирифт маро ба омӯзишгоҳи мусиқӣ бибарад. Дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов навохтани скрипкаро интихоб кардам ва бо тамоми вуҷуд ба омӯзиш пардохтам.

Дар он давра театрҳо ва ансамблу Оркестрҳои навтаъсис донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Салимҷон Бурҳонзода сараввал дар оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро шуруъ кард. Дар ин ҷо аз мутрибони ҳирфаӣ, ки созҳои мусиқии мухталифро менавохтанд, дарсу таҷрибаи зиёд гирифт. Асарҳои ҷаззобу дилнишини бастакорони ҷаҳонӣ дар он ҷо иҷро мешуд.

Соли 1970 ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Ӯ дар ин давра мутриби шинохта буд ва минбаъд барои боз ҳам бештар такмил ёфтани маҳораташ омӯзгори ботаҷриба Виктор Ҳазратов саҳми арзандае гузо- штааст. Зеро ӯ бештар шогирдонашро водор мекард, ки асарҳои мураккабро иҷро кунанд. Дар донишкада низ Салимҷон Бурҳонзода шогирди шинохтаву бомаҳорат буд. Дар тамоми чорабиниву консертҳои ҳисоботӣ аз худ маҳорати баланд нишон медод.

Вақте донишгоҳро ба итмом расонид, ба хидмати аскарӣ ҷалб шуд. Баъди адои хидмат дар Оркестри симфонии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кори худро шуруъ намуд. Ин ҷо низ муҳит ба куллӣ дигаргун буд. Мусиқӣ бо нақшҳои ҷаззоби ҳунар пешаҳо омезиш меёфт ва дар кул намоиши хубу диданӣ рӯи кор меомад. Оркестри мазкур барои ӯ зиндагии дигар гашт. Он қадар ин муҳит барояш писанд омад, ки ҳеҷ вақт натавонист аз ин фазо дур шавад. Сараввал ҳамчун навозандаи скрипка, баъдтар консертмейстери оркестр ва имрӯз ба ҳайси директори Оркестри симфонии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад.

Номбурда мегӯяд:

— Бинанда дар Театри опера ва балет ҳам намоиши зебову ҷолиб тамошо мекунад ва ҳам оҳанги дилнишину руҳафзо мешунавад. Мусиқӣ руҳи намоиш аст. Шодиву нишот, андуҳу дард маҳз ба воситаи мусиқӣ дар театр баён мешавад. Барои одамҳо шунидани дилхоҳ мусиқӣ писанд аст. Аз ин лиҳоз кор дар театр бароям хушоянд мебошад.

Дар баробари он, ки ҳар рӯз дар оркестр ҳамроҳи дигар мутрибон оҳанг менавозад, дар танҳоӣ бо сози скрипка мусиқиҳои ҷаззобу дилнишинро иҷро мекунад. Ҳамин аст, ки ҳамчун солист чандин барномаи кансертиро ба роҳ мондааст. Соли 2010 бо оркестри «Базморо» асарҳои бастакори машҳур Бежани Муртазавиро иҷро карда буд, ки яке аз корҳои беҳтарини ӯ ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо масъулияти хеле зиёд дорад. Нигарон аз он аст, ки ҷавонон камтар эҷод мекунанд. Ба ин хотир бештар онҳоро роҳнамоиву дастгирӣ мекунад, то муҳаббаташон нисбат ба мусиқиву пешаи интихобнамудаашон бештар бошад.

ШАҲЁД, «АС»

Дигар хабарҳо