РАҲИМ АБДУЛҚОДИР

АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ 17 январи соли 1963 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1979 Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг), соли 1984 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ва баъдтар, дар мактаби №29 ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) фаъолият бурда, дар рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ва маҷаллаи «Фарҳанг» идома додааст. Аз соли 1993 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекунад.
Китобҳояш бо номи «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати оина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006), «Пайванди марзҳо ва дилҳо» (2011), «Домони абр» (2014), «Ашки сари мижгон» (2014), «Назари лутф» (2014) чоп шудаанд. Мақолаҳои хуби публитсистӣ менависад. Соли 1995 барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст. Соли 2010 бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.