Рафи китоб

 Рафи китоб

Гурез Сафар . Лутфи Ашўр Сафар (нашри дувум бо таҳриру иловаҳо ). — Душанбе. «Адиб». 2022.

Лутфи намакин, тунду завқбахш ва нишонраси устод Ашўр Сафар дар ҳама маврид, дар ҳама сатҳ бадоҳатан ба гўш мерасид, шодиву нишот, дасттакониву санохониро меангехт, атрофиёнро сари андеша мекашид ва аз даҳон ба даҳон мегузашту аз қаламрави Кўлоб берун баромада, ба дуриҳо мерасид. Ин китоб бо лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Ашўр Сафар акнун дар шакли комилтар нашр шудааст.

***

Исматулло Ибод. Марвориде аз дарёи ақл. — Душанбе. 2022.

Ин дастагули пур аз меҳру муҳаббат, ки замони дар қайди ҳаёт будани нависанда, шоир ва рўзноманигори пурмаҳсул ба чоп омода шудаву вале ба табъ нарасида буд, ҳамакнун ба муносибати 70-солагии шодравон эҳдо мегардад.

***

«Мусибатнома». — Душанбе.

« Дониш » , 2022 . Таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.

Маснавии « Мусибатнома » — и Шайх Фаридуддини Аттор ирфонӣ буда, аз 40 мақола иборат мебошад ва ҳар мақола бо ҳикоёти судманди ибратбахш ороста гардидааст.

***

Масъуди Сипанд. Ман ориёиям… — Душанбе, 2022.

Хонандаи тоҷик бо эҷодиёти шоири шинохтаи эронии муқими Амрико Масъуди Сипанд солҳост ошноӣ дорад, зеро ў бо доираҳои адабиву фарҳангии мамлакати мо робитаи қавӣ дорад.

Китоби мазкур ба хонандааш аз ишқу дилбастагӣ, дарди ғурбату ҳисси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва дигар мавзўъҳои мухталиф қисса мекунад. Ҳамчунин дар ин маҷмўа як силсила мусоҳибаҳои шоир бо рўзноманигорони тоҷик ҷой дода шудааст, ки самимияти ўро нисбати Тоҷикистону тоҷикон нишон медиҳад.

***

Субҳия. Шамими ёсҳои бунафш. — Душанбе. «Эр-граф», 2022. Бо ин ном маҷмўаи нави ашъори узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоираи хушбаён ба табъ расид.

Дар ин китоб ашъори баргузидаи Субҳия, ки солҳои охир сурудааст, чоп шудаанд.

Нигина ҚАМАРИДДИНОВА

Шоири тоҷик – барандаи озмуни шеъри Фаҷр

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар шонздаҳумин ҷашнвораи шеъри Фаҷр, ки ҳамасола дар Эрон байни шоирони форсизабон баргузор мегардад, бо китоби ашъори «Оҳанги боду борон» баранда шуд.

 Шоири тоҷикро дар бахши вижаи ин озмун, ки махсуси ашъори шоирони форсигўи берун аз Эрон аст, бо ҷоиза сарфароз гардониданд. Ҳамчунин дар ин бахш аз Афғонистон Муҳаммадшариф Саидӣ ва аз Ҳиндустон Маҳдии Боқирхон соҳиби ҷоиза шуданд.

Китоби ашъори «Оҳанги боду борон»- и Аскар Ҳаким бо хатти форсӣ соли 2020 аввал дар Деҳлӣ ва сипас, соли 2021 дар Теҳрон ба нашр расидааст.

Нигина Қамариддинова

Дигар хабарҳо