РАИСИ ИНТ НИЗОМ ҚОСИМ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “СИТОРАИ ИТТИҲОД” ГАРДИД

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» қадрдонӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ хабар доданд.

Шӯрои тақдими ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии гуманитарии ИДМ-ро барои соли 2017 эълон кард. Дар баробари шоири тоҷик Низом Қосим, инчунин дирижёр Юрий Башмет (Россия), скрипканавоз Айман Мусохоҷаева (Қазоқистон), оҳангсоз Степан Шакарян (Арманистон), филолог Наргиз Пашаева (Озарбойҷон), адабиётшинос Абдилдажан Акматалиев (Қирғизистон), қаҳрамони чоркаратаи олимпӣ оид ба биатлон Даря Домрачева (Беларус) ва физик Ион Бостан (Молдова) бо ин ҷоизаи байнидавлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Маросими мутантани  супоридани ин ҷоиза 19 июн дар  Форуми XIII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Остона сурат гирифт. Соли ҷорӣ барои дарёфти ин ҷоиза 11 нафар аз 8 кишвар пешниҳод шуда буданд. Бо қарори аъзои ҳакамон 8 нафар барандаи ҷозаи «Ситораи Иттиҳод» гардиданд.

Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» соли 2009 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст. Ҷоиза ҳамасола аз рӯи се номгӯй тақдим мегардад: дар соҳаи илм ва маориф, фарҳанг ва санъат, фаъолиятҳои гуманитарӣ. Ба барандагони ҷоиза диплом, нишони фахрӣ ва 2 миллион рубли русӣ тақдим мегардад.

Соли гузашта рассоми тоҷик Вафо Назаров ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов барандаи ин ҷоиза гардида буданд.

                                                                                                                                                                 МАНБАЪ:ХОВАР

Дигар хабарҳо