ПАРТАВ АБДУҒАФФОР

 ПАРТАВ  АБДУҒАФФОР

АБДУҒАФФОРИ ПАРТАВ (Партоев Абдуғаффор) 13 августи соли 1943 дар деҳаи Арали ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» («Маданияти Тоҷикистон – «Адабиёт ва санъат»), нашриёти «Ориёно», маҷаллаи «Тоҷикистон» ва шуъбаи илмию методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фаъолият бурдааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана» мебошад.

Қиссаву ҳикоя ва тарҷумаҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Деҳи баланд», «Аҳли дил», «Нури дида», «Сарои канора», «Ҳикояҳои гурҷӣ» мунташир гардида, чанде аз ҳикояву очерку тарҷумаҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Ҳикояҳои адибони Тоҷикистон» (ба забони украинӣ), маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Хордаста», «Тазкираи адабиёти советӣ барои кӯдакон» (ҷилди 2), «Бо мавҷҳои зиндагӣ», куллиёти А.П. Чехов (ба забони тоҷикӣ; 1-4) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Баъзе аз навиштаҳояш дар китобҳои дарсӣ ва дигар дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла, «Забони тоҷикӣ» (синфи 5), «Забони тоҷикӣ» (синфи 7) ва ғ. истифода ва чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ тарҷума шуда, бархе дар Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд

Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо