Озмуни ҷумҳуриявии драманависон

Аз моҳи феврал то рӯзи 1-уми сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли дав­латӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад. Барои ғолиби ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюм 8 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюм 6 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гаштааст.

Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣ ва созанда­гию ободкорӣ доир мешавад.

Ҳамчунин, он барои муаррифии анъанаҳои неки таърихию фарҳангӣ, муқовимат ба коррупсия, тер­роризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ ва пурра гарди­дани репертуари театрҳои касбии мамлакат пешбинӣ шудааст.

Асарҳо дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда‚ бояд мавзуъҳои муосири таҷассумгари дастовар­дҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамла­катро дар замони Истиқлол дар бар гиранд. Инчунин асарҳои бо забони русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.

Дигар хабарҳо