Озмуни байналмилалии адабии насрӣ таҳти унвони «ЭтноПеро»
Муассисаи давлатии буҷавии фарҳанги вилояти Свердловск «Китобхонаи байнимиллатҳои вилояти Свердловск» зери васояти Вазорати фарҳанги вилояти Свердловск бо мақсади ташаккули муносибати некбинона бо намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Федератсияи Русия, пешгирии экстремизму шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҳамчунин ҷиҳати ҳавасмандгардонии муаллифони асарҳои бадеӣ, ки дар самти таблиғу тарғиби таъриху фарҳанги халқҳои ФР, густариши муколамаҳои фарҳангӣ дар ФР метавонанд саҳмгузор бошанд, Озмуни байналмилалии адабии насри хурдро таҳти унвони «ЭтноПеро» эълон мекунад.
Озмун дар ду номина, «Озмуни асосӣ» ва «Арзишҳои оилавӣ» гузаронида мешавад.
Маводи (асарҳои) ба номинаи аввал пешниҳодшуда бояд фарогири мавзуъҳое бошанд, ки ба халқҳои Русия ва таъриху фарҳанги хоси онҳо алоқаманданд ва ё ба гуногуншаклии этникию фарҳангии ФР бахшида шудаанд. Ҳамчунин маводи (асарҳои) ироашуда метавонанд фарогири мавзуъҳои ҳамкориҳои судманди байниэтникӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ бошанд.
Дар чаҳорчӯби номинаи дуюм маводе (асарҳое) пазируфта мешаванд, ки аз рӯйи мавзуъ ба таҷассум ва инъикоси аломатҳои зеҳният (менталитет), таърих, фарҳанг ва анъанаҳои оилавии халқҳои Русия, аз ҷумла вафодор будану нисбат ба ҳамдигар ва фарзандону волидайн муҳаббат варзидан, талқини меҳрубонию ғамхорӣ, саъю талош барои даст ёфтан ба саодатмандӣ ва ҳадяи хушбахтӣ ба одамони маҳбуб бахшида шудаанд. Маводи ба озмун пешниҳодгардида метавонад ба таҳкими пояҳои оиладории муосир ва иҷтимоикунонии наслҳо дар ҷомеаи сермиллати ФР равона гардад.
Барои дарёфти маълумоти бештар ба сомонаҳои Китобхонаи байнимиллатҳои вилояти Свердловск муроҷиат шавад:https://www/somb.ru/ proekty-issledovaniya-konkursy-4/literaturnyj-konkurs- etnopero/3579-etnopero-2024.html.