НУРИ ВАХШУР

 НУРИ ВАХШУР

Рустам ВАҲҲОБЗОДА, Шоири халқии Тоҷикистон

 

Нури Вахшури мо мешавад интишор,

Садди шаб мебарад аз раҳи интизор.

 

“Ними умрат бидеҳ, рушноӣ бихар”,*

Тоҷи тоҷик буд аз азал ин шиор.

 

Рӯшноисуроғ сӯхт мисли чароғ

Аз сари гоҳвор то ба пойи мазор.

 

Нури ақлу хирад, нури имону дил

Буд ҷонмояи халқи хуршедёр.

 

Бо ҳазорон синони мунаввар чу

Меҳр Зидди зулмат басе кард ӯ корзор.

 

Рӯ ба Хуршед рафт, сӯйи уммед рафт,

Ҳамчу дарё дамон, ҳамчу кӯҳ устувор.

 

Оби ӯ обрӯст, нур неруи ӯст,

Зери хокистараш хирмане аз шарор.

 

Рӯҳи қақнуси ӯ, рамзи номӯси ӯ,

Пар кашад ҷовидон аз ҷигаргоҳи нор.

 

Садди Роғун зи сад достон шуд баланд,

Халқи кӯҳофарин, офарин шоҳкор!

 

Чашми ту равшан, эй Тоҷикистони ман,

Ҷони ту равшан, эй бонии кӯҳсор.

 

Роҳи ту равшан, эй насли фардопараст,

Гавҳари тобнок, миллати тоҷдор!

 

Шеди дастурнур, чашми бад аз ту дур,

Даври ту бардавом, давлатат барқарор.

———

*. Ними умратро бидеҳу рушноӣ бихар. — масали халқии тоҷикӣ.

 

ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

Зи мавҷи Вахш сар бармезанад хуршеди истиқлол,

Зиҳӣ ҷоми ҷаҳонбин дар кафи Ҷамшеди истиқлол.

 

Сади Роғун шумори қуллаҳоро мекунад афзун,

Чу кӯҳе устувор истода ин уммеди истиқлол.

 

Уқоби авҷи озодист гӯё бар ситеғи кӯҳ

Ватансозе, ки бинад бар ҷаҳон аз диди истиқлол.

 

Бувад ҳар чархаи Роғун ҳарифи чархаи гардун,

Ки бо ҳар гардиши худ мекунад тавлиди истиқлол.

 

Садоқат бо дурахши нури нобат мешавад тасдиқ,

Зафар бо муҳри меҳрат мекунад таъйиди истиқлол.

 

Забони мо, равони мо, нишони мо, бақои мост,

Нигаҳ дорад Худо ин давлати ҷовиди истиқлол.

 

Ба лаб ҳар чашмаат пайғом аз Хуршед меояд,

Ҳама рӯзи ту бод, озода миллат, иди истиқлол.

Дигар хабарҳо