Нависандаи мубориз

 Нависандаи мубориз

Рӯзи 12-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ ҳамоиши пуршукӯҳи илмиву адабӣ сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ қаламкашон, пажуҳишгарон, дӯстону ҳамкорон ва наздикону пайвандони соҳибҷашн ширкат варзиданд. Дар оғоз гардонандаи ҳамоиш, муовини раиси Иттифоқи нависандагон Муҳаммадуллоҳи Табарӣ доир ба ҷойгоҳи Марямбону дар муҳити адабии кишварамон  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки қисмати ин эҷодкор бо қисмати миллати хеш гиреҳ хурдаву пайванди ногусастанӣ дорад. Бозтоби рӯзгори мардум дар навиштаҳояш рӯшан ба назар мерасад. Мавқеи шаҳрвандии ӯ баланд буда, шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад.

Нависандаи шинохта Абдурауф Муродӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари эҷодии Марямбонуи Фарғонӣ маъруза пешниҳод намуд. Дар маърузаи мавриди назар омада, ки таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ ва фазои адабию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ ба ҷаҳонбинии нависанда таъсири амиқ гузошт. Сипас ӯ ба Душанбе омада, муҳити созгори зиндагӣ ва эҷодии хешро пайдо кард. Гуфта шуд, ки меҳри Ватан дар навиштаҳои ӯ аз зодгоҳ сарчашма гирифта, батадриҷ маънои фарохи миллиро касб мекунад.

Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Марямбонуи Фарғонӣ зани мубориз ва нависандаест, ки ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ талошу кӯшиши ҳамешагӣ дорад. Ҳанӯз узви Иттифоқи нависандагон набуд, ки Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернакро ба даст овард. Бо ҷустуҷӯйи пайваста ҷойгоҳи фарқкунандаи худро дар олами адабиёт дарёфтааст. Нашри китобҳои Марямбону дар Эрон нишони эътирофи эҷодиёти ӯ аз сӯйи ҳамзабонони мо мебошад. Ин дастоварди шахсии нависанда ва комёбии адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад.

– Марямбону умеди рафтагони Фарғонаву Сӯх аст, ки имрӯз дар миёни мо нишастааст. Ӯ бо ғайрат ва иродаи қавияш Гурдофариди роҳи эҷод мебошад, – гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.

Адабиётшинос ва тарҷумони маъруф Абдураҳмони Абдуманнон низ дар навбати худ ба ҷасорату устувории нависанда ишора карда, ёдоварӣ намуд, ки устоди зиндаёд Муъмин Қаноат Марямбонуро “қайсари Фарғона” меномиданд ва ин таъбир ба хислату иродаи ӯ мувофиқ аст.

Дар ҷараёни чорабинӣ муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Эҳсон Сафарзода, номзади илмҳои филологӣ Камоли Қурбониён, рӯзноманигорон Қироншо Шарифзода,  Ноилшо Нуралиев, Одили Нозир ва шоир аз ноҳияи Сӯхи кишвари Узбекистон Расулбек Аҳмадзода низ аз шахсият ва осори бадеӣ ва публитсистии Марямбонуи Фарғонӣ сухан гуфтанд. Чуноне таъкид гашт, вақти он расидааст, ки навиштаҳои Марямбону, ки то ин муддат дар матбуот ба табъ расидаанд, бояд гирдоварӣ шаванд.

Дигар хабарҳо