Нигоҳе ба “Достони Ҷоми Ҷам”

 Нигоҳе ба “Достони Ҷоми Ҷам”

Устура дар воқеъ тахайюли ибтидоии башар аст, ки ҳар падида дар ҷаҳон бар асоси фаҳм ва дарки боварҳои ибтидоӣ маънӣ пайдо карда, ба ҳамин далел ба назар шоиронаву ҳунарӣ мерасад. Аҳаммияти устура он қадар зиёд аст, ки дар бораи ин мавзуъ китобҳову мақолоти зиёде бо дидгоҳҳои гуногун аз тарафи донишмандони Шарқу Ғарб матраҳ ва таълиф шудааст.  Аз ҷумла С. Шамисо дар таҳқиқоти худ дар китоби “Анвои адабӣ” менависад: “Нависандагони наҳлаи румонтики олмонӣ, аз қабили Шеллинг ва Шлегел ақида доштанд, ки шоирони ҷадид барои офаридани адабиёти олӣ бояд дастгоҳи асотирӣ биёфаринанд, ки дар он бинишҳои куҳани асотирии Ғарб бо ёфтаҳои ҷадиди фалсафӣ ва илмӣ дар ҳам омехта бошад”. Абдуҷаббор Раҳмонзода, яке аз барҷастатарин адабиётшиносони тоҷик дар мавриди устура дар китоби худ “Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи XX” чунин назар дорад: Устура барои падид омадани тафаккури бадеӣ хидмат кардааст. Дар ҳама давру замонҳо “мусофират”-и асотирӣ муҷиби кашфиёти тозаи адабӣ ва бадеӣ гардидааст”.

Устура ҳамвора дар миёни мардуми одӣ ҳузур дошта, бо боварҳои ин мардум рушд кардааст ва решаи амиқ дар фолклор дорад. Он дар ҳақиқат бардошт ва боварҳои инсони қадимӣ ва авалия аст, ки пайванди ногусастанӣ ба таъриху фалсафа ва биниши башар аз назари тафаккуру боварҳо  дорад. “Достони Ҷоми Ҷам” бештар аз 130 мисраъ аст. Он бо лаҳни ҳамосӣ ва дар қолаби шеъри озод суруда ва дар офариниши мазмуну муҳтаво ва тасовири он аз шахсиятҳо ва аносири устураӣ баҳрабардорӣ шудааст. Шахсиятҳои устураӣ дар ин достон Ҷамшед, Таҳмурас, Аҳуро неруҳои хайр ва Заҳҳок неруи шарр аст. Нақши аслӣ дар ин достони манзум гуфтугӯи ровӣ, яъне муаллифи асар – устод Аскар Ҳаким  бо Ҷамшед ва тасовире аст, ки муаллиф дар Ҷоми Ҷам мебинад. Достон хеле ҷолиб шуруъ мешавад бо  ёдоварӣ “Ҷоми Хайём”-и устод  Лоиқ Шералӣ ва ҳолати мастӣ аз девони шароб, ки ин мурооти назир ва таносуб пайванди зебову устувор бо дигар тасовири байтҳо эҷод кардааст.

Чӣ неку гуфтаанд аз Ҷоми Хайём ангубинӣ шеър,
Ки ман ҳар шом аз як байти нобаш масти мастам маст.
Вале ҳарфе, ки  гӯям ҳол аз Ҷоми Ҷам асту ҳеҷ монояш набинӣ шеър,
Агарчи ҷумла девони шаробе бошадат дар даст,
Ки ин шеъри вазин дар хобу руъёҳо ба ман илҳом шуд як шаб,
Ки ман худ ҳам намедонам чӣ ҳикмат дошту матлаб.

Устод Аскар Ҳаким хоб мебинад, ки Ҷамшед шабе дар хобаш меояд ва ӯро даъват мекунад ба зодрӯзи падараш – Таҳмурас. Ин хоби шоир ва даъват ба чунин зодрӯзе маъмулӣ нест, чаро ки як шахсияти маъруфу таърихию устураӣ, монанди Ҷамшед, шоирро ба зодрӯзи падараш, ки ҷашни муҳимму шукӯҳманд аст, даъват кардааст ва ин хоксории Ҷамшедро дар муносибат бо мардум нишон медиҳад.

Шабе дар хобам омад Ҷам ба каф Ҷоми Ҷаҳонбинаш,
Ва гуфтоям:
“– Ҳамин медонам аз шаҳре, ки меойӣ,
Туро бар зодрӯзи Таҳмурас
–
                           моро падар меҳмон фиристоданд,
Ки ту аз тухмаи мойӣ,
Нишони Ориё
– тоҷики фарзодӣ,
Ба фарҳанги авастоӣ.

Ҷоми Ҷам дар ин достон намоди огоҳист, ки шоир ҳолу аҳволи гузаштагон ва ҳолоро дар он мебинад. Шоир дар ҳақиқат бо сафар ба гузашта ва аҳволи рӯзгорони қадим ва шоҳон, ки дар Ҷоми Ҷам мебинад, тасовири зебои иҷтимоӣ меофарад. Шоир дар оғоз аз фурӯтанӣ ва хоксории Ҷамшед ҳарф мезанад, ки вайро ба зодрӯзи падараш, ба як ҷашни хонаводагӣ даъват кардааст.  Дар ин ҷашн Ҷамшед ровӣ-шоирро даъват мекунад, ки дар канори ӯ биншинаду ба Ҷоми Ҷам нигарад ва аҳволи рӯзгорони гузаштаро бо чашми сар бубинад.

Бишин эдар канори мо, нигар ойинаи Ҷоми Ҷаҳонбинро,
Ки бинияш чиҳо буду чиҳо ҳасту чиҳо бояд бувад з-ин пас,
Дар ин даҳри куҳанбунёди навпардоз,
Ки дар сад парда дорад роз пинҳон аз нигоҳи кас.

Тасовире, ки шоир дар Ҷоми Ҷам мебинад, хеле муҳим аст, чаро ки онҳо ҷанбаи иҷтимоию ахлоқӣ дошта ва дар ҳақиқат ойинаи тафаккури шоиранд. Шоир дар ин Ҷом таърихи шукуфои Пешдодиён ва асри Ҷамшедро мебинад, ки анвои ҳунарро ба мардум меомӯзад ва ба хотири ҳимоят аз мардум ва  кумак ба онҳо ба  фарри яздонӣ ороста мешавад ва Аҳуро низ аз вай хушнуд шуда, ба вай тахту тоҷу ангуштари шоҳии оламро медиҳад:

Сипас Ҷоми Ҷаҳонбинро ниҳода
бар кафам гуфто, ки:
                                                                – Эдун бин,
Чӣ буда дар замони ман,
Ки мо ҳам буда гоҳе зин ба пушту гоҳ рӯйи зин.

Ва дидам дар майи софии  Ҷоми Ҷам, ки рахшон буд,
Чу дар ойина мешуд акс ҳам дирӯзу ҳам имрӯзу
ҳам фардои кулли олами мавҷуд.

Бидидам Таҳмурас дар хумб Ҳум афшурдаву май сохт,
Ба сармастии май подош додаш Ҳум,
Яке бар Таҳмурас фарзанд,
Ки ӯро ном кард ӯ
–  Ҷам – шаҳе ҷовиду варҷованд.

Ва медидам, ки Ҷам бо меҳр меомӯхт,
Ба мардум риштабофӣ, пираҳандӯзию пӯшидан,
Силаҳсозӣ, дифои хеш аз душман,
Бурун овардан аз зери замин симу зару оҳан,
Гулоб аз гул гирифтан, баҳри дониш сахт кӯшидан.

Ва Ҷам рӯзе ба дидори Аҳуро рафт бар гардун,
Худо хушнуду бораш дод, пас подоши кораш дод
Ва тахту тоҷи заркориву ангуштар ба хотам дод
Ва яъне хотами шоҳии олам дод.

Устод бахше аз даврони Ҷамшедро бо таҳсин ёд мекунад ва ҳамчунин дар ин давра, ки дар Ҷоми Ҷам наззорагар аст, давраи   баробарию адл, осудагии мардум ва  равшаноии Наврӯзи оламафрӯзро ки бо дасти Ҷамшед ҷашни Наврӯз бунёд  шудааст мебинад ва аз он шоду хушнуд мешавад.

Чу аз назди Аҳуро бар замин Ҷам боз меомад,
Халоиқ дар само рахшанда ду хуршед медиданд,
К-аз он ду шуълавар хуршед
Яке Ҷам буд,
Ки аз он рӯз ӯро ном шуд Ҷамшед,
–
Ки хуршеде фурӯзон бошаду ҷовид.
“Анӯша!” халқ мегуфту ба пояш зар ҳамепошид,
Замин аз зар чу шаб гардуни ахтарзор мерахшид.

Хуриш фармуд Ҷамшеду майи ҷонбахшу хонанда, навозанда,
Ҳамон оғоз базми осмонкаф шуд,
Ба рақс омад ҷавону пир, марду зан,
Ҳама бо ҳам баробар
– шоҳ бо банда.
Бишуд он рӯзро Наврӯз номи неки ҷовидон.

Бо ин ҳама боландагии бахту тахти Ҷамшед шоир ногаҳон дар Ҷом тирагии сарнавишти  Ҷамшедро  мебинад. Ин бахши достон бахши ахлоқӣ аст, ки Ҷамшед бо он ҳама карру фарр гирифтори кибру ғурур ва ин боиси сарнагунӣ ва тазалзули вай мешавад.

Вале з-ин пас чаро шуд тира Ҷоми софи ойина,
Ки дар он менамуд ояндаи Ҷамшед,
Ман онро хуб медидам аён, Ҷамшед аммо на.

Дилам аз бим ларзон шуд, набуд таскину оромаш,
Ва ҳайрат мефузудам ҳолати Ҷамшед бо Ҷомаш.
Вале кам-кам, агарчи тира буд, бар чашм меомад,
Давоми қиссаи Ҷамшед,
Ки бо тадриҷ мекард он хамӯшам шуълаи уммед.

Чаро дар худ ғуруру оз парвард ӯ,
Гузашт аз хоксориву ба кибру ноз рӯ кард ӯ,
Зи нафъи халқ бигзашту ҳама суди табораш хост,
Зи ҳаққи мардумон мекост,
Ба худ коху саро месохт, меорост.

Чаро бигзашт аз Яздону худро ҷойи ӯ бархонд,
Чаро маҳбуби мардум буду маҳруми муҳаббат монд?!

Дар охири достон саҳнаи кушта шудани Ҷамшед ба дасти Заҳҳок, ки ин бахши ғамгангезу тирожедӣ дар ҳақиқат подоши кибру ози Ҷамшед аст:

…Ҳамора ҳар шаҳеро душмане андар камин буда,
Ки ӯро ҳам чунин буд дар камин
                                – дар дашту саҳрои араб Заҳҳок,
Ки бар ӯ тохт, яксар сарнагунаш сохт,
Ва Ҷамро даст канд аз осмону пой ҳам аз хок.

Гирифту бар дарахте баставу бо арра аз боло ду нимаш кард.
Магар дар ҳар ду олам достоне ҳаст аз ин пурдард,
Ки Ҷамшеде шавад бо дасти Заҳҳоке ду ним аз сар,
Чӣ мегӯйӣ дигар з-оне, ки аз худкомагиҳо мешавад бесар?!

Суоле нест, Хаёле нест, ҳоле нест,
Маро ҳам бар сухан дигар маҷоле нест,
Ҷаҳонро ҳам аз ин сахту малоловар малоле нест.

“Достони Ҷоми Ҷам”  дар ҳақиқат пайванди имрӯзи мо бо устураҳост, ки ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллии мо ҳастанд. Аскар Ҳаким тавонистааст, ин пайвандро бо гузаштагон, ки навъи эҳтиром ба онҳо ва зеҳни нохудогоҳии ҷамъии мост, бо баҳрабардорӣ аз Ҷоми Ҷаҳонбин ба хубӣ ва  бо тасовири имрӯзӣ ба қалам диҳад. Паёми ин достон илова бар эҳтиром ба гузаштагон дорои андешаи ахлоқӣ ва иҷтимоист, ки инсони имрӯз набояд гирифтори фирефтагию худбинӣ шавад. Дар ҳақиқат, сохтори шеър ба ду сурат аст: ҷанги хайру шар.

Аз назари равоншиносӣ шахсияти хайр ва шарр дар вуҷуди Ҷамшед дар ҳоли зӯрозмоӣ ҳастанд.  Тазалзул ва фурӯ рехтани фарри подшоҳӣ аз Ҷамшед далели оз ва худбинии ӯст.  Дар ин достон унсурҳои устураи қадим бо устурасозии маъноӣ дар мисраъҳо ва таркиботи устураӣ омехта шудаанд ва ҳар кадом аз ин аносири устура рамзу намод аст, ки бо зиндагии мо пайванд хӯрдааст. Имрӯзҳо эҷоди  достони манзуми ҳамосӣ ва баҳрабардорӣ аз устураҳои қадим кори осон нест, аммо устод Аскар Ҳаким тавонистааст бо зеҳни халлоқи устурасози хеш чунин достони устувор ва ҳамосаи устуравиро бо тасовири зебо биофарад.

Рустами Аҷамӣ

 

Дигар хабарҳо