Наққош, аҷаб сафҳа мунаққаш кардӣ!

Наққош, аҷаб сафҳа мунаққаш кардӣ!

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия намоиши «Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки он то 23 август идома меёбад.

Дар намоиш 62 мусавва- раи 50 рассоми рус аз қабили офаридаҳои И. К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А. К. Саврасов, Б. М. Кустодиев, В. А. Серов, В. Е. Маковский, И. Н. Крамской, И. Э. Грабар, И. Е. Репин, И. И. Левитан, П. С. Шилтсов, В. И. Суриков, И. И. Шишкин, Ю. И. Пименов, Ю. П. Кугач ва дигарон ба маъраз гузошта шудаанд.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе: Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Фаластин, Афғонистон, Ҳиндустон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ва дигар ҳаводорони санъату ҳунари рассомӣ иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр кард, ки «ҳадаф аз баргузории намоиш инъикос намудани робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия буда, инчунин фароҳам овар- дани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад».

Дигар хабарҳо