МУҲТАРАМ АТО ҲАМДАМ!

Адибон дар ҳама давру замон ҳамқадами ҳаёт ва ҳамдами халқи хеш будаанд ва дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор доштан аз таъриху фарҳанг ва бузургони миллати хеш тарбия намудани ҷавонону наврасон  саҳми бориз доштаанд.

Шумо низ бо дарки амиқи ин масъулият дар назди Сухану хонанда солҳо боз, ин бори гарон бар дӯш, заҳмат мекашед. Дар тӯли фаъолияти панҷоҳсолаи эҷодиатон қариб шаст маҷмӯаи очерку ҳикоя, қиссаю роман ва пйесаҳоятон дастраси хонандагон гардид. Алалхусус, очеркҳоятон, аз ҳаёти бунёдкорони иншоотҳои азим, роҳсозону ангиштканон, пахтакорону чорводорон, офарандагони нозу неъмат — деҳқонону механизаторон,  ки дар маҷаллаю рӯзнома ва маҷмӯаҳои «Хандаи бахт», «Маънии умр», «Давоми роҳ», «Дастони тиллоӣ», «Баландӣ», «Роҳи дилҳо», «Ба истиқболи субҳ», «Пеш аз борон», «Фиғон», «Фикр кардан лозим», «Дидор» ва ғайраҳо ба табъ расидаанд, хонандагон хуш пазируфтанд.

Хидматҳоятон дар соҳаи драматургия ва театр низ қобили таваҷҷуҳ аст. Бист асари калонҳаҷми драмавӣ, сӣ асари якпардагӣ ва беш аз сад интермедия, аз қабили «Ибтидо», «Писари Ватан», «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Сафармахсум», «Хезед, суд меояд!», «Барзуи шуғнонӣ», «Парвози Шоҳин», «Агар ҷанг намебуд» ва ғайраҳо, ки дар бисёр театрҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби коргардонҳои шинохтаамон ба саҳна гузошта шудаанд, ба қалами Шумо мутааллиқанд. Ин намоишномаҳоро мунаққидону тамошобинон хуш пазируфта, баҳои баланд додаанд. Мазҳакаи «Сафармахсум» дар озмуни «Парасту-93» соҳиби Шоҳҷоиза ва дар озмуни байналмилалии «Наврӯз-93» дар шаҳри Ашқобод сазовори ҷои аввал гашт ва Театри академии ба номи Мулло Непеси Туркманистон низ онро ба саҳна гузошт. Ҳамчунин, асарҳоятон — «Қурбонии охирин», «Самар», «Кори Рашид…» дар озмунҳои умумииттифоқӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Шумо дар ҳамкорӣ бо адиби русзабони кишварамон Леонид Чигрин чандин қиссаю асарҳои саҳнавӣ ва даҳ романи калонҳаҷми таърихӣ — «Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи Абрешим», «Садди Суғд», «Садди Хатлон», «Озар аз Уструшан ё худ Шамшери Спартак», «Хатои Темурланг», «Ишқи помирии венетсиягӣ», «Ситораи рӯзи Имоми Аъзам», «Спитамен» ва «Подвиг Эмомали Рахмона»-ро эҷод кардед, ки ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуда,  дар инъикоси саҳифаҳои норӯшани таърихи миллат, корнамоиҳои фарзандони шуҷои он ва, ба ин васила, дар рӯҳи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани насли наврас саҳми бориз доранд.

Боиси хурсандист, ки асарҳоятон ба бисёр забонҳои дунё  тарҷума ва нашр шудаанд. Худатон низ ба тарҷумаи бадеӣ шуғл варзида, хонандагони тоҷикро бо асарҳои адибони машҳури дунё — Ги де Мопассан, А. Несин, Ҷ. Голсуорси, Г. Марков, А. Вампилов,  Т. Пӯлодов, Тавфиқ-ал-Ҳаким ва дигарон ошно кардаед.

Дар баробари эҷоди асарҳои бадеӣ вазифаҳои масъули давлатӣ — Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҶТ, депутати Шӯрои Олӣ, директори нашриёти «Адиб», сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро бар дӯш доштед. Саҳматон дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон низ назаррас аст.

Имрӯзҳо низ ба ҳайси мудири бахши робитаҳо, тарҷума ва драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони ИДМ ва Балтия дар тарғиб ва тарҷумаи асарҳои адибони муосири тоҷик ба забони дигар халқҳо ва мустаҳкам намудани робитаҳои адабӣ бо кишварҳои олам саҳм мегиред.

Хидматҳоятон дар рушди матбуоту фарҳанги тоҷик бо унвони Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанг ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шудаанд.

Шумо, ҳамқалами азизро, бо ҳафтодсолагиатон самимона муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, умри дароз ва илҳоми саршор таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо