Маҷлиси ҷашнии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Рӯзи 4-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагон сурат гирифт. Дар он аъзои раёсат, адибону адабиётшиносон ва рӯзноманигорон иштирок карданд. Гардонандаи маҷлис, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар оғоз ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатиямон шодбош гуфта, бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Чунонки мавсуф иброз дошт, барои тамоми халқу давлатҳо Истиқлоли давлатӣ ҷашни муҳимтарин ба шумор меравад.
Барои мо низ ҷашни муборак буда, имрӯзу фардоямон ба он вобастагии амиқ дорад.
Сипас дар мавзуи Истиқлоли Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик суҳбатҳои судманди аъзои Раёсати ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо ва Рустам Ваҳҳобзода шунида шуданд.
Абдуллоҳи Раҳнамо дар суханронияш зикр кард, ки барои ба Истиқлол расидан, соҳиби давлат, парчаму нишон ва суруди миллии худ шудан миллати мо садсолаҳо мунтазир буду муборизаи беамон мебурд. Ба андешаи номбурда, мо насли хушбахтем, ки тантанаи ормони чандсадсолаи миллат, бавижа, тантанаи ормони қаҳрамононамонро мебинем. Ҳамаи қаҳрамонҳои мо дар масъалаи ватандориву давлатдорӣ ва Истиқлол ин унвони баландро сазовор гаштаанд. Агар қаҳрамонҳоямонро ба се гурӯҳ тақсим кунем: қаҳрамонҳои устуравӣ, қаҳрамонҳои таърихӣ ва шаш қаҳрамони имрӯзии Тоҷикистон ва моҳияти корномаҳои онҳоро таҳлил кунем, дар ҳамин хулоса мегардад, ки барои Ватан, Истиқлол ва ҳувияти миллӣ талош ва муборизаи якумрӣ доштаанд. Инак, 35 соли Истиқлоли давлатӣ марҳалаи нави давлатдории мо мебошад. – Таъсиси давлати мустақили мо, воқеан, муъҷиза аст. Ба ҳар зарра хоке, ки насибамон гаштааст, ҳамчун ба як муъҷиза бояд бингарему баҳо диҳем. Бояд таъкид намуд, адабиёти мо дар ҳар замон ҳувияти миллӣ, сиёсӣ, таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии моро ҳифз кардааст. Ифтихори миллии ниҳоят баланди устод Садриддин Айнӣ буд, ки бо асарҳояш исбот кард, мо миллати мубориз ва истиқлолхоҳ ҳастем. Дар ҷаҳон тақрибан 200 давлати мустақили узви СММ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин миён Тоҷикистони азизи мо аз назари масоҳат дар ҷойи 94-ум буда, 106 кишвари дигар аз кишвари мо хурд аст. Барои мисол, Юнон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Булғория, Куба, Венгрия, Австрия, Чехия, Швейтсария, Белгия, Исроил, Қатар, Малдова… Аз ин рӯ, Тоҷикистонро набояд хурд гуфт ва шукри ҳар ваҷаб хокашро ба ҷой овард, – таъкид дошт Рустам Ваҳҳобзода ва аз чандин ҷиҳати дигар бартарияти давлати миллиямонро баршумурд.
Дар идомаи маҷлис ғолибони озмуни шеъру ҳикояи беҳтарин, муаллифони фаъоли нашрияҳои Иттифоқи нависандагон ва кормандони ин созмони эҷодӣ бо мукофот ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Чуноне ки огоҳед, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон моҳи феврали соли равон дар байни адибон озмуни беҳтарин шеър, ҳикоя ва асарҳои кӯдакона эълон карда буд. Ҳадафи он эҷоду пешниҳоди асарҳои шоиста дар васфу тараннуми арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони Истиқлол, саҳми Пешвои гиромии миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Дар ҷаласа аз сӯйи ҳайати доварон – Низом Қосим (раис), Толиби Луқмон (котиб), Муҳаммадулло Табарӣ, Ато Мирхоҷа ва Абдуллоҳи Раҳнамо натиҷаи озмун эълон карда шуд.
Тавре таъкид гардид, шеъру ҳикояҳои ба озмун пешниҳодшуда дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба нашр расиданд, вале дар ягон бахш касе сазовори ҷойи якум дониста нашуд. Аз ин рӯ, дар бахши назм Шаҳрия Аҳтамзода ва Сафармуҳаммад Аҳмад ҷойҳои дувум, Мирзо Кенҷа ва Бузургмеҳри Баҳодур ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.
Дар бахши наср ба Азизи Азиз ҷойи дувум ва ба Матлубаи Ёрмирзо ҷойи сеюм насиб гашт.
Ҷиҳати ҳавасманд кардани шоирони дигар – Хушомади Алидод, Шаҳодат Амонзода ва Абдумалики Абдуҷаббор низ барои шеърҳои хубашон тадбирандешӣ сурат гирифт.
Ғолибони ин озмуни адабӣ бо мукофотпулӣ ва сипосномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозӣ ёфтанд.
Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» адибонро барои пирӯзияшон табрику таҳният мегӯянд.
Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз гуфтугӯҳои аҳли қалам дар бораи Истиқлоли давлатӣ, заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафти ин сарзамини муқаддас ба поён расид.



