МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 28 ИЮНИ СОЛИ 2017

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба иттиллои аъзои арҷманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони хушзавқи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мерасонад, ки мақолаи «Достони ҷавонмардӣ» (№ 48, 1 декабри соли 2016) фикри шахсии муаллифи он буда, принсипу мавқеъ ва назари ҳирфаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро оид ба асари бадеӣ ва танқиди адабӣ ифода намекунад.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар роҳи иҷрои супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳбуди сатҳу савияи асарҳои адабиёт (дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 апрели соли 2016) пойдору устувор аст ва ин дастури созанда минбаъд низ асоси фаъолияти он хоҳад буд.

Қарори Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

  1. Маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим «Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳ дати миллӣ» ба инобат гирифта шавад.
  2. Нашрияҳ ои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маърӯзаро пурра чоп кунанд.
  3. Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват карда шаванд, ки бо иштироки фаъолона дар инъикоси масъалаҳ ои муҳими ҳаёти халқу давлат ва асарҳои арзандаи замон дар тарғиби ғояҳои сулҳу Ваҳдат, бахусус миёни наврасону ҷавонон, ҳиссагузорӣ намоянд.
  4. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тадқиқи бадеии мавзӯи Ваҳдати миллиро самти афзалиятноки фаъолияти худ бидонанд.
  5. Раҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  таҷассуми бештару мушаххаси мавзӯъҳои муҳими ҳаёти миллату давлат, аз ҷумла Ваҳдати миллиро дар адабиёт, пайваста пайгирӣ намояд.

Дигар хабарҳо