МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 9 ИЮНИ СОЛИ 2021

9-уми июни соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорати ИНТ баргузор гардид.

Раиси ИНТ Низом Қосим маҷлисро бо муаррифии барномаи он оғоз бахшид.

 Аъзои Садорат маърўзаи адабиётшиноси шинохта, профессор Абдунабӣ Сатторзодаро дар мавзўи «Бозтоби масъалаҳои замони муосир дар адабиёти даврони Истиқлол» гўш карданд. Номбурда бо такя ба осори манзуму мансуре, ки аз солҳои 90-и қарни гузашта то ин ҷониб эҷод шудаанд, вазъи умумии адабиёти даврони Истиқлол ва тарзу шеваи инъикоси масъалаҳои замони муосирро дар оийнаи он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Сипас иштирокдорони маҷлис дар атрофи маърўзаи ироашуда мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким нуктаҳои дар маърўза баёншударо муҳиму асоснок арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ин мавзўъ вобаста ба шохаҳову жанрҳои адабиёт ба баррасии бештару густардатар ниёз дорад ва хуб аст, ки чунин таҳлилҳо минбаъд ба таври алоҳида сурат бигиранд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба бахши марбут ба насри маърўза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор кард, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, хушбахтона, имкон фароҳам омадааст, ки асарҳои хуби насрӣ эҷод шаванд ва нависандагон андешаҳои худро аз қолабу чаҳорчўбаҳо берун баранд. Ҳамчунин нависанда бо таассуф афзуд, ки бисёр асарҳои арзишманди мансур аз доираи нақди адабӣ берун мондаанд ва бояд ба хонандагон муаррифӣ шаванд.

Адабиётшиноси номвар Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи вазъи нақди адабӣ, адиби ўзбек Ўрунбой Усмонов перомуни бурду бохти асарҳои адибони ўзбекзабон, нависанда Ҷумъа Қуддус дар бораи вазъи осори адибони русзабони Тоҷикистон, адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода ва нависанда Абдурофеъ Рабизода роҷеъ ба таҳаввули робитаҳои адабӣ дар замони Истиқлол андешаҳои судманд баён карданд. Музокираҳоро низ хонандагон дар шумораи оянда мутолиа хоҳанд кард.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда иштирокдорон қарори маҷлиси Садорати ИНТ-ро қабул намуданд.

Дигар хабарҳо