МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 24 ДЕКАБРИ СОЛИ 2021

 МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 24 ДЕКАБРИ СОЛИ 2021

24-уми декабри соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Мувофиқи барномаи ҷаласа дар оғоз ҳисоботи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи фаъолияти яксолаи ин созмони адабӣ шунида шуд (матни он дар ҳамин шумора пешкаш шудааст).

Дар идома нақшаи фаъолияти ИНТ дар соли 2022 аз тарафи аъзои Раёсат тасдиқ гардид.

Аъзои Раёсат дар натиҷаи баррасии осори адибони ба узвият пешбаришуда Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар, Шоҳбегим, Абдуманнони Хаммор, Сурайё Аҳмадзод ва нависанда Мўҷибахон Ҷавҳариро ба сафи аъзои ИНТ қабул карданд. Ҳамчунин, шоирони тоҷики кишвари Ўзбекистон Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, нависанда Юнуси Имомназар ва шоири тоҷиктабори Русия Алексей Афғонов аъзои ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуданд.

Сипас, асарҳои барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз ҷониби бахшҳо ва нашрияҳои ИНТ пешбаришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни баррасӣ аъзои Раёсат Низом Қосим, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Абдуллоҳи Раҳнамо, Толиби Луқмон ва дигарон андешаҳояшонро дар бораи осори манзуршуда баён карданд.

Дар натиҷа аз 8 асари пешбаришуда дар бахши адабиёт романи «Сарои санг»-и Ато Мирхоҷа ва китоби роман, қисса ва ҳикояҳои «Киштии Нўҳ»-и Юнус Юсуфӣ, аз бахши адабиёти кўдак маҷмўаи қиссаҳои «Як каф гандум»-и Азизи Азиз, дар бахши ҷоизаи байналмилалӣ силсилаи тарҷумаҳои шоири Ўзбекистон Одил Икром аз адабиёти тоҷик ба Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ пешниҳод гардиданд.

Дигар хабарҳо