Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 7 апрели соли 2023

 Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 7 апрели соли 2023

Даъвати маҷлиси навбатии Садорати ИНТ

 Бо қарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз 7-уми апрели соли 2023, маҷлиси навбатии Садорати ИНТ 26 майи соли равон соати 10-00 даъват карда мешавад. Дар маҷлиси Садорат мавзуи «Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ» баррасӣ мегардад.

7-уми апрели соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ҷаласаро оғоз намуда, аъзои Раёсатро бо рӯзномаи он шинос кард.

Мувофиқи рӯзнома, нахуст масъалаи даъвати  маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон, муайян намудани мавзуъ ва маърузакунандаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди мулоҳизаронӣ ва пешниҳодҳои аъзои Раёсат қарор шуд, ки маҷлиси Садорати ИНТ 26-уми майи соли ҷорӣ баргузор гардад ва дар он мавзуи «Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ» таҳлилу баррасӣ шавад ва маъруза аз ҷониби Раиси ИНТ Низом Қосим ироа гардад. Аъзои Раёсат Ато Мирхоҷа, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб ва Рустам Ваҳҳобзода перомуни ин масъала изҳори назар карданд ва муҳим будани онро таъкид намуданд. Зикр шуд, ки имрӯзҳо ба таври комил дастрасӣ надоштани аксари хонандагон, хусусан сокинони ноҳияҳои дурдасти кишвар ба осори тозанашри адибон ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст ва боис шудааст, ки онҳо аз тозагиҳои адабиёти имрӯзамон бехабар монанд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки бисёр асарҳои ба ном бадеӣ бе таҳриру тасҳеҳ ва риояи қоидаҳову меъёрҳои адабиёт чоп мешаванд ва аз ин рӯ, ин ҷанбаи масъала низ бояд дар мадди назар қарор бигирад.

Сипас масъалаи дигар – таъйини иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи русии ИНТ – маҷаллаи «Помир» дар миён гузошта шуд ва дар ин хусус аъзои Раёсат Ато Мирхоҷа, Абдураҳмони Абдуманнон ва дигарон андешаҳояшонро баён карданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки маҷаллаи мазкур солҳои охир бо хатоҳои зиёд чоп мешавад ва муҳтавояш низ қонеъкунанда нест. Баъди баррасиҳо пешниҳод гардид, ки бо назардошти мулоҳизаҳои баёншуда шоир, нависанда ва тарҷумони русизабон Саид Сангин иҷрокунандаи ин вазифа таъйин карда шавад. Аъзои Раёсат ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлис, мувофиқи рӯзнома, масъалаи пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2023 матраҳ гардид. Аъзои Раёсат асарҳои аз ҷониби бахшҳо ва нашрияҳои ИНТ пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд ва ҳамин тариқ аз 19 асари пешниҳодшуда 14 асар аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Дар охир баъзе масъалаҳои ҷорӣ аз тарафи аъзои Раёсат баррасӣ шуданд.

 

ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БА ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ ИНТ

Бо қарори Раёсати ИНТ аз 7 апрели соли равон асарҳои зерин барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2023 роҳ дода шуданд:

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ:

  1. «Барфи хунолуд» (маҷмуаи ҳикояҳо ва қисса). Сироҷиддин Икромӣ. Нашриёти «Адиб», Душанбе, 2022. Пешниҳоди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
  2. «Филмномаҳои Шераки Ориён» (ёздаҳ филмнома ва чанд ангеза). Шераки Ориён. Чопхонаи «Ашӯриён», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои драматургияи ИНТ.
  3. «Кайфар» (романи таърихӣ). Диловари Мирзо. Нашриёти «Адиб», Душанбе, 2022. Пешниҳоди маҷаллаи «Садои Шарқ».
  4. «Дасти боло» (маҷмуаи ҳикояҳо). Шодӣ Раҷабзод. Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои насри ИНТ.
  5. «Шакардара» (маҷмуаи ҳикоя, шеър, чистон ва афсонаҳо барои бачаҳо). Маҳбуба Неъматова. Нашриёти «Адиб», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои адабиёти кӯдакон ва наврасони ИНТ.
  6. «Чароғи ҳидоят» (маҷмуаи қисса ва ҳикоёт). Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод. Матбааи «Балоғат», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои насри ИНТ.
  7. «Ҳар давру ҳар мард» (маҷмуаи қиссаҳо ва ҳикояҳо). Тоҳири Муҳаммадризо. Нашриёти «Истеъдод», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои насри ИНТ.

Дар бахши тарҷума:

  1. «Метин» (тарҷумаи маҷмуаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ). Ӯринбой Усмон. Нашриёти «Анис», Хуҷанд, 2022. Пешниҳоди Шурои робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеии ИНТ.

Дар бахши таҳқиқи осори насрӣ:

  1. «Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода (рисолаи илмии адабиётшиносӣ). Равшан Раҳмонӣ. Чопхонаи МДМТ, Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои нақд ва адабиётшиносии ИНТ.

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА:

  1. «Дӯст дор зистан» (маҷмуаи ашъор). Абдуллоҳи Раҳнамо. Нашриёти «Эр-граф», Душанбе, 2021. Пешниҳоди шурои назми ИНТ.
  2. «Коинот» (маҷмуаи ашъор). Гулноз. Нашриёти«Ношир», Хуҷанд, 2022. Пешниҳоди Шурои назми ИНТ.
  3. «Лозар » (маҷмуаи ашъор). Хушомади Алидод. Нашриёти «Маърифат», Хоруғ, 2022. Пешниҳоди Шурои назми ИНТ.
  4. «Афсонаи себ» (маҷмуаи ашъор). Ҳасани Султон. Нашриёти «Эр-граф», Душанбе, 2022. Пешниҳоди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат».

Дар бахши таҳқиқи осори манзум

  1. «Ҷустуҷӯҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир» (маҷмуаи мақолаҳои адабиётшиносӣ). Мисбоҳиддини Нарзиқул. Нашриёти «Аршам», Душанбе, 2022. Пешниҳоди Шурои нақд ва адабиётшиносии ИНТ.

Дигар хабарҳо