Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 23 сентябри соли 2022

Дар маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаҳои фаъолияти ин созмони адабии мамлакат дар нимаи аввали соли равон, узвият ба ИНТ ва масъалаҳои ҷории дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси ИНТ Низом Қосим аз фаъолияти ин давра ба аъзои Раёсат гузориш дода, изҳор дошт, ки созмони адибони ҷавон ҷиҳати тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ва пешбурди адабиёти миллии созгор бо ормонҳои давлатдории имрӯза талош варзид ва минбаъд низ талош мекунад, ки фаъолияташро дар ин самт густариш диҳад.

Баъди баррасӣ ва мулоҳизаронӣ аъзои Раёсат якдилона Бахтиёр Ҳамдамов (публитсист), Субҳони Аъзамзод (мунаққид ва адабиётшинос), Нусратулло Бобоев (шоир), Гулсара Авазова (нависандаи бачаҳо)-ро ба узвият ва муҳаққиқи эронӣ Алӣ Деҳбоширо ба узвияти ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул намуданд.

Дар атрофи масъалаҳои мавриди баррасӣ Низом Қосим, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Муҳаммад Ғоиб, Юнус Юсуфӣ, Ато Мирхоҷа ва Абдуллоҳи Раҳнамо изҳори назар карданд.

Дигар хабарҳо