МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 25 ИЮНИ СОЛИ 2021

25-уми июни соли равон маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Рўзномаи маҷлис аз чунин масъалаҳо иборат буд:

  1. Ҷамъбасти Машварати омўзишии адибони ҷавони мамлакат;
  2. Муайян намудани барандагони ҷоизаҳои адабии Итифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2021;
  3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Иттифоқи нависандагоникишвар Низом Қосим вобаста ба масъалаи аввал гузориши мухтасар ироа намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Машварати омўзишии адибони ҷавон имсол дар сатҳи баланд баргузор шуд ва натиҷаҳои хуб ба бор овард. Дар ҳама бахшҳо истеъдодҳои нави умедбахш кашф шуданд. Боиси хурсандист, ки дар ин машварат дар баробари шоирону нависандагони хуби ҷавон, чанд драмнавису публитсист ва мунаққид низ иштирок доштанд ва асарҳои пешниҳодкардаашон ҷолиби диққат буданд. Номбурда афзуд, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон минбаъд низ бо адибони ҷавон ҳамкории доимӣ ба роҳ хоҳад монд ва навиштаҳои ононро дар нашрияҳои худ чоп хоҳад кард.

Сипас аъзои Раёсат осори ба ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ нависанда ва пажўҳишгар Қодири Рустам барои тарҷумаи романи «Бозгашт ба Панҷрўд»-и нависандаи рус Андрей Волос (Душанбе, «Эр-граф», с. 2020, пешниҳоди бахши тарҷума ва робитаҳои адабии ИНТ), нависанда ва тарҷумон Абдуҷаббори Абдуғаффор барои тарҷумаи романи «Сад соли танҳоӣ»-и нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсиа Маркес (Душанбе, «Адиб», с. 2020, пешниҳоди бахши тарҷума ва робитаҳои адабӣ) ва адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳои публитсистӣ (21 асари публитсистӣ, «Адабиёт ва санъат», солҳои 2019-2021, пешниҳоди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат») сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ дониста шуданд.

Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ба шоирон Хайрандеш барои китоби «Ҳамешабаҳор» (Хуҷанд, «Ношир», 2020, пешниҳоди бахши назми ИНТ ) , Абдуҷаббори Суруш барои маҷмўаи ашъори «Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу» (Хуҷанд, «Ношир», 2020, пешниҳоди бахши назми ИНТ), Толиби Луқмон барои силсилаи шеърҳо («Садои Шарқ», № 10, 2020, пешниҳоди маҷаллаи «Садои Шарқ») ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ («Садои Шарқ», № 11, 2019, № 12, 2020, пешниҳоди маҷаллаи «Садои Шарқ») насиб гардид.

Дар охир аз ҷониби аъзои Раёсат баъзе масъалаҳои ҷории адабиётамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дигар хабарҳо