Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 3 апрели соли 2026

Рӯзи 3-юми апрел маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Бахши аввали ҷаласаи раёсат ба масъалаи бозтоби муҳтаво ва самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон ва муҳити адабӣ бахшида шуд. Дар ин робита нахуст сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба инъикоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи адабии кишвар «Адабиёт ва санъат» маълумоти мухтасар дод.

Ӯ аз ҷумла, зикр намуд, ки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамчун минбари адибони кишвар фикру мулоҳизаҳои адибон, мавқеъ ва дидгоҳи аҳли адаб ва фарҳангро дар мавриди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври васеъ бозтоб кардааст. Дар ин росто, дар ҳафтанома шеъру мақола, хабару гузориш ва мусоҳибаҳо ба табъ расидаанд, ки дар маҷмуъ 25 маводи гуногунро ташкил медиҳанд. Ӯ хулоса намуд, ки маҷмуи маводҳои чопшуда нишон медиҳанд, ки аҳли адаб ва фарҳанги кишвар бо сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати Пешвои миллат ва самтҳои асосии Паём ҳамқадам ва ҳамсадо мебошанд.

Дар идомаи муҳокимаи масъала сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа дар бораи инъикоси Паём дар саҳифаҳои ин маҷалла суханронӣ карда, изҳор дошт, ки дар чор шумораи ин маҷалла, ки то имрӯз ба чоп расидааст, мавзуи инъикоси Паём яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин мавзуъ маҷалла як силсила шеър, мақола ва осори дигари адабию бадеиро чоп кардааст.

Мавзуи дигаре, ки дар ҷаласаи раёсат мавриди таҳлилу баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор гирифт, аҳаммияти таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе буд. Тавре маълум аст, имсол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯйи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, ки бояд ин ду маркази муҳим дар шаҳри Душанбе таъсис ёбад. Дар мавриди аҳаммияти таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода суханронӣ карда, таъкид намуд, ки андешаи соҳиби тамаддуни ориёӣ ва ворисони ин фарҳанги бузург будани халқи тоҷик ҳанӯз дар осори устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва адибони дигари муосирамон ҳамеша матраҳ буд, вале маҳз давраи Истиқлол имкон дод, ки ҳимоят аз арзишҳои тамаддуни ориёӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шавад. Ва бо ташаббуси Пешвои миллат эълон шудани таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз маҳз нишондиҳандаи ҳамин воқеият аст.

Дар бораи аҳаммияти таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе узви раёсати ИНТ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Наврӯз, дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллӣ ва мардумии мо буда, адабиёти тоҷик низ ба он таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ пешниҳод намуд, ки худи мафҳуми адабиёти наврӯзӣ бояд ҳамчун як мафҳуми илмӣ ва як жанри адабӣ қабул шавад, зеро адибони мо дар атрофи Наврӯз аз қадим то имрӯз садҳо асари бадеӣ офаридаанд.

Дар муҳокимаи ин мавзуъ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо суҳбат намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки иқдоми Пешвои миллат дар бораи таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дар марҳилае садо дод, ки, дар ҳақиқат, тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги миллии мо бо таҳдиду чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, ин иқдом посухи бисёр ҷиддӣ ба таҳдидҳои мавҷуда буда, моҳияти бисёр ҷасурона дорад. Ва таъсиси ин конун на танҳо масъалаи фарҳангӣ ва илмӣ ва тамаддунӣ, балки фарогири масъалаи амниятӣ, давлатӣ ва сиёсӣ низ ҳаст.

Ба таъкиди ӯ, таъсиси чунин ниҳодҳо нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷумҳурии мо дар самти эҳёи миллӣ акнун ба марҳилаи ниҳодӣ нашудан ё институтсиянализатсия ворид шудааст, зеро то замони таъсис наёфтани ниҳодҳои мушаххасе, ки аз назари сохтор ва рисолат бонии ин арзишҳо бошанд, ҷанбаи амалии ин масъала такмил намеёфт. Бинобар ин, ба вуҷуд омадани чунин ниҳодҳо акнун давом ё ҷамъбасти мантиқии ҳамин сиёсат мебошад.

Дар идомаи кори раёсат масъалаи қабули аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раёсат эҷодиёт ва фаъолияти ҳар номзади пешниҳодшударо баррасӣ намуда, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аъзои навро ба Иттифоқи нависандагон қабул карданд. Аъзои нави Иттифоқи нависандагон: Боймурод Шарифзода – адабиётшинос, Низомиддин Зоҳидӣ – адабиётшинос, Мурод Муродӣ – муҳаққиқи публитсистика, Сайидалӣ Муҳиддинов – нависанда, Ҷумъахон Сайидалӣ – нависанда, Руъё Усмонӣ – шоир, Мирзоюсуф Тоҳирӣ – шоир, Ойдиннисо Юлдошева – тарҷумон..

Дар ҷамъбасти кори раёсат раиси ИНТ Низом Қосим барои хозирин таъкид намуд, ки адибон дар ростои масъалаҳои матраҳшуда дар ҷаласаи раёсат, аз ҷумла, тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу фаҳмонидани зарурат ва аҳаммияти таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар осори худ фаъол буда, дар саҳифаҳои нашрияҳои ИНТ онро ба табъ расонанд, ҳамчунин дар вохӯриҳо миёни мардум ин мавзуъҳо бояд пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Бо ҳамин раёсати ИНТ кори худро анҷом дод.

Дигар хабарҳо