Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 2 апрели соли 2024

2 апрели соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати ИНТ баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим нахуст нависанда ва шоири маъруфи тоҷик Маҳбуба Неъматзодаро ба муносиба­ти зодрӯзаш шодбош гуфта, ба ном­бурда нишон ва дипломи барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро супурд.

Аъзои Раёсат бо лоиҳаи рӯзно­маи ҷаласа шинос шуда, бо ибрози фикру мулоҳизаҳо онро тасдиқ кар­данд. Тибқи он масъалаҳои «Даъвати маҷлиси навбатии Садорати ИНТ», «Муайян намудани мавзуи баррасии маҷлиси Садорат ва маърузакунан­да» ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба масъалаҳои зикршуда аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Рустам Ваҳҳобзода, Юнус Юсуфӣ, Камол Насрулло, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон изҳори андеша карданд.

Қарор дода шуд, ки маҷлиси на­вбатии Садорати ИНТ даҳаи аввали моҳи октябри соли равон ва дар мавзуи «Иттифоқи нависандагон ва адабиёти муосири тоҷик» (ба муно­сибати 90-солагии ИНТ) баргузор гардад.

Аъзои Раёсат дар робита ба ҳо­дисаи мудҳиши иқдоми террористии дар ноҳияи Красногорски вилояти Москваи Федератсияи Россия рухдо­да мулоҳиза ронда, онро сахт маҳкум карданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои ди­гари муҳимми ҳаёти адабии кишвар қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дигар хабарҳо