Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 29 декабри соли 2023

29 декабр маҷлиси Раёсати ИНТ баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшид. Нахуст аъзои Раёсат рўзномаи маҷлисро, ки аз масъалаҳои зерин:
1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2023;
2. Тасдиқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ барои соли 2024;
3. Тасдиқи рўйхати ҷашнҳои адибон дар соли 2024;
4. Пешниҳоди асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ барои соли 2024;
5. Қабул ба узвият;
6. Масъалаҳои ҷорӣ
иборат буд, тасдиқ намуданд. Маърузаи Раиси ИНТ Низом Қосим оид ба иҷрои нақшаи кории Раёсат ва фаъолияти серпаҳлую муҳимми созмон дар соли 2023 ироа гардид.

Нақшаи кори Раёсати ИНТ ва рўйхати ҷашнҳои адибон ба тасвиб расид.

Дар робита ба пешниҳоди асарҳо ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ Абдураҳмони Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдулҳамид Самад, Муҳаммадулло Табарӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Парда Ҳабиб ибрози назар намуданд. Раёсати ИНТ китоби «Қаламрави меҳр»-и Рустам Ваҳҳобзодаро дар бахши адабиёт ва китоби «Кафшергар»-и Равшан Махсумзодро дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кўдакон ва наврасон ба дарёфти ҷоизаи мазкур пешниҳод карданд.

Дар бахши ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ) номзадии адабиётшиноси барҷастаи рус И. С. Брагинский пешниҳод гардид.

Дар маҷлис адибони ҷавон Синои Абуалӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Баҳманёр Саид (Баҳман), Адибаи Ҳабиб, Бузургмеҳри Ҳаким, Садриддин Ҳасанзода, Наргиси Муродалӣ, Файзулло Абдулазизов ба узвияти ИНТ пазируфта шуданд. Асадулло Исмоилзода (Ўзбекистон) узви ифтихории ИНТ гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Адибон ба иҷрои вазифаҳое созмон дар соли нав, аз ҷумла тарғиб ва иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, омодагӣ ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳим даъват карда шуданд.

 

Дигар хабарҳо