МАХСУМЗОД РАВШАН

 МАХСУМЗОД РАВШАН

РАВШАН МАХСУМЗОД 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳаашон ба итмом расонда, вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) идома дода, соли 1990 соҳиби диплом гаштааст. Сипас мухбири ҳафтаномаи «Сухан», котиби масъули ҳафтаномаи «Саховат», мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва мудири бахши насри ИНТ  будааст. Алҳол муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Нахустин ҳикояҳояш ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе» ба табъ расидаанд. То имрӯз маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳояш «Арзи дил» (1997), «Қалами шинос» (1998), «Духтари кӯҳистон» (2003), «Сояи ишқ» (2007), «Кафан киса надорад» (2009), «Пули Сирот» (2012), «Дили модар»(2016) ва «Ишқи зистан»(2020) интишор ёфтаанд.

Дар баробари иншои асарҳои бадеӣ навиштаҳои публитсистиаш пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд. Эссеву мақолаҳои ӯ дар хусуси зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти пурсамари чеҳраҳои мондагори илму фарҳангу адаби тоҷик, монанди Устод Айнӣ, ҳунарпешаи номӣ Ҳошим Гадо, олими маъруф Ҳамид Мансуров, нависандагони машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Муаззама ва диг. аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудаанд.

Соли 2011 ҳикояи ӯ «Човандоз», ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ нигошта шудааст, барандаи дипломи нахустин Озмуни байналхалқӣ гардид, ки Иттифоқи журналистони Русия таҳти унвони «Искусство жить вместе» («Фарҳанги ҳамзистӣ») эълон карда буд.

Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ ва белорусӣ тарҷума шудаанд. Худи ӯ низ ҳикояҳои адибони русу белорус, амрикоӣ, франсавӣ, ҳиндӣ ва  ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2015).

Бо Нишони «Сухан», Ифтихорномаи Шӯрои Олии СССР, ордени «Шараф ва мардонагӣ», медалҳои «Барои шуҷоат» ва «100-солагии матбуоти тоҷик» мукофотонида шудааст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2006). 

Дигар хабарҳо