Ахтарони адаб — ахтарони миллат

 Ахтарони адаб — ахтарони миллат

Дар шаҳри Душанбе рўнамоии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашри нашриёти «Адиб» баргузор гардид.

Дар маросими ботантанае, ки ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, адибони шинохта, олимону муҳаққиқон ва дигар дўстдорони илму фарҳанг иштирок намуданд.

Силсилакитоби «Ахтарони адаб» осори адибони тоҷик, аз Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то муосирони моро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» аз соли 2007 оғоз гардида, инак дар 50 ҷилд ва бо сифати баланд ба нашр расид.

Зимни ҳамоиши фарҳангӣ шоирону нависандагон ва олимони маъруф Низом Қосим, Камол Насрулло, Кароматулло Олимзода ва дигарон сухан гуфтанд.

Дигар хабарҳо