Равшан Махсумзод Лахти ҷигар дар бағал
Равшан МАХСУМЗОД
(Ҳикоя)
Рўз аз нисф гузашта буд. Ҳаво сард, офтоб гоҳ рух менамуду боз паси туман нопадид мегашт. Димоғи ҳаво гирифта, нам-нами борон меомад. Шамоли хунуки фасли поиз, ки торафт шиддат мегирифт, сару рўяшро лесида, роҳгардиро барои ҷавони бисту ҳафтсола мушкил мегардонд. Мансур ном дошт ў. Дар бағалаш ҷасади кўдаки парпечшудааш андаруни кампали пашмин. Вай гоҳ ҷасадро сари ду даст мегирифт, баъзан оғўшкунон ба банди дилаш зер мекарду тобути фарзанд бар дўш, сараш хам роҳ мепаймуд. Ҳарчанд тифли яксола вазни зиёд надошт, ғами фарзанди дар ғарибиҳо фавтидааш зўр меовард ба дасту бозуи паҳлавононаи вай. Дилаш хун, ҷигараш пора, бо як ҷаҳон дарду алам ба роҳи номуайяне, ки Худо медонад, дар пеш чӣ аҷубае барои ў дар камин ниҳодааст, пеш мерафт.
Аз қафо зани тақрибан ҳамсоли худаш дилу бедилон қадам мезад ва амсоли оҳуи баррачаашро гумкарда дилкашол тез-тез ба ақиб менигарист. Нохост ҷавонзан рўи роҳ ба зону заду ба панҷаҳояш заминро беихтиёр харошидан гирифт. Гўё зар меҷуста бошад, беист ханҷол мезад ва оқибат нохунҳояш дард ёфтанд магар, даст аз замин бардошт ва аз умқи дил фарёди ҷонхароше берун овард: «Во бачаяки ғарибхокам! Ин дарду аламро ба кӣ гўям, ин сари сахтамро ба кадом гўри даҳонво занам!»
Мансур аслан гиряву оби чашм кардани занонро тоқат надошт, агар зани нолонро бубинад, сабраш сар меомад, дар хона бошад, зуд берун мерафт. Ва инак дилаш пур аз ғаму андўҳ, дар гўшаш нолаи ҷонхароши ҳамсар ҳама рагу паяшро таранг кашида, мекўшид ашк аз косаи чашмонаш берун наояд. Пеш мерафт, аз ақиб нигаристан метарсид: мабодо ба ҳоли табоҳи ҳамсараш дилаш ганда шаваду беихтиёр лаҷоми гиряро раҳо кунад. Зеро лаҳза ба лаҳза дилаш пур шуда, нафас дар шушаш гиреҳ мехўрд.
Ҳамин тариқ гоҳе пиёда мерафтанд онҳо, баъзан бахта-шон хандад, ба мошин ё аробаи раҳгузар савор мешуданд. Оқибат ба як рустои сердолу дарахт, аммо алҳол шохҳояшон орӣ аз баргу мева расиданд. Дар саргаҳи деҳа таваққуф кард Мансур ва расидани ҳамсарашро, ки даҳ-бист қадам аз вай қафо монда буд, мунтазир истод. Аз пас ҳамоно нолаҳои пасти зан ва мангиданаш ба гўш мерасид.
– Роҳ гард, – гуфт Мансур, гарданашро каме ба ақиб тофта. Садояш на фармонро ифода мекарду на хоҳишу илтиҷоро. Ў ин суханҳоро ба ҳамсараш мегўяд ва ё ба худ, аз овозаш фарқ кардан душвор буд.
Зан гўё дубора рўҳи тоза гирифт, ки осемасар омаду аз остини шавҳараш дошта, гуфт:
– Биё ақиб мегардем, дигар тоқатам тоқ шуд. Охир, мо фарзандамонро ба кӣ партофта меравем? Кӣ сари гўри ў фотиҳа мехонаду хасу хошоки рўи қабрашро тоза мекунад? Метарсам, ки қабраш ботил мешавад дар ин мулки бегона ва аз бачаҳаки номуродам ному нишоне намемонад дар ин дунёи бевафо. Мефаҳмӣ ё не?!
Мансур карахт шуда буд, маҷоли даҳон кушодан ва ё аксуламалу эътино кардан надошт. Ин фоҷиа ўро ончунон гарангу пакар карда буд, ки мағзаш гўё аз кор монда буд. Ҳоло дар сари вай танҳо як андеша мечархид: ҳарчи зудтар аз дарё гузаштан!
– Ту дил дорӣ ё не? – ҳамоно остини пиҷаки шавҳарро раҳо намекард зан.
– …
– Ихтиёрат, ман бармегардам, – рў ба қафо овард зан.
Мансур филфавр ба худ омад ва аз дасти ҳамсараш дошта, танг ўро ба оғўш кашид ва ашк гўё мисли вулқон аз чашмонаш берун ҷаста, рухсорашро мисли лахчаи оташ сўзонд. Вай анголаки худро ба фарқи сари ҳамсараш гузошта, борони ашкро раҳо кард. Зан бо ду даст камари шавҳарро дар ҳалқа гирифта, сар ба сандуқи синаи ў гузошту низ зор-зор гирист. Дар саргаҳи рустои бомҳои гилинаш пасту баланд ин ду муҳоҷир аз тақдири талху номард безабон шикваҳо карданду гиристанд.
– Бояд биравем, – гуфт Мансур, сари занро сила карда. – Пешонаамон шўр будааст, дар кўдакӣ синаи модарро сахт газида будаем. Дигар чора надорем, тири аз камон ҷастаро баргардонида намешавад. Ҷуз тоқат дигар роҳе нест. Ё ту мехоҳӣ, ки ин писарамонро низ ин ҷо ба хок супорему як умр аз дарди фироқ бисўзем?
– Мехоҳам дар бари Фаромўз бихобам, то ў азоби танҳоӣ накашад. Куш маро дар сари қабри ў.
– Дунё ба умед гуфтаанд, Худованд раҳим аст, боз фарзанд меёбем. Худатро обу адо накун, кори нашуданӣ шуд.
– Не, ман дигар рў ба раҳми Худои бераҳм нестам! – дод зад зан.
– Андеша кун, гапҳои бенур нагўй, қаҳри Парвардигорро наор, ки гунаҳгор мешавӣ, – гуфт аз суханони зан ларзида Мансур.
– Дигар зиндагӣ кардан намехоҳам, мефаҳмӣ ё не? Шум шудааст дар назарам ҳама чиз. Дигар аз фарзанд ёфтан ва аз доғи ҷудоӣ сўхтан метарсам.
Зан аз ҳол рафта, дар ҷояш нишаст. Мансур низ дар бари ў ҷой гирифта, дасти росташ дар гардани зан гуфт:
– Майитро маътал кардан хуб не, занак. Мо бояд ҳарчи зудтар ҷойи тунукоби дарёро ёфта, ба ватан бирасем. Он тарафаш мулки худамон, одамони савобҷўй ёфт мешаванд, то Даштак рафтан ёрӣ медиҳанд. То ҳол касе дар ватани худ раҳгум назадааст.
– Мо задем-ку раҳгум дар ватани худамон, – гуфт зан бо остини куртааш ашки чашмонашро поккунон, – аз тарси ҳамсояву ҳамқавмони хеш ҷилои ватан карда, дар мулки мардум дарбадару овораи ду дунё шуда, ду тифли маъсума-монро бой дода, якеашро ғарибхоку тобути дигараш бар дўш сарсону саргардон гаштем-ку…
Мансур ба дарди дили зани аламзадааш чӣ посух доданашро намедонист. Зеро ў низ дар дил чунин аламҳо дошт. Ба худ суол медоду ҷавоб намеёфт. Ў тўли ду моҳи гуреза шуда, ба Афғонистон омаданаш дар хусуси ҷанги бародаркуш зиёд меандешид: аз куҷо сар зад ин бало, кўтоҳақлӣ аз кӣ гузашт, чаро мардуми серу пур, соҳиби дару хона, боғҳои меваҳояш шаҳдбор гумроҳу фирефта шуда, гиребони якдигарро гирифт?
– Ҳоло ҷойи ин гапҳо нест, – гуфт байни лабу даҳон Мансур. – Тоқат бояд кард.
– Албатта, – гуфт зан кинояомез, – ба ҷуз мурда-мурда тоқат кардан дигар чора нест. Чанд бор ба ту гуфтам, ки мо гуноҳ надорем, ҷойи гармамонро беҷо накунем, гўш накардӣ. Ана оқибати кор.
– Рост мегўӣ, хато кардем, бояд намегурехтем… аммо вақте дар ҷангал оташ меафтад, тару хушк баробар месўзад. Ҷон ширин.
– Ҷони ду тифли маъсумамон магар ширин набуд? – гуфт зан ба овози гиряомез. – Ҷони худамон ширину аз онҳо сабил?
Мансурро аз ин гапҳои заҳрдори зан тоқаташ сар омада, гуфт:
– Бас будагист, агар одам пешомадашро медонист, ҳаргиз хато намерафт. Агар омадани ин мусибатро медонистам, қадамамро аз остона берун намемондам. Бигузор мекуштанд, якбора халос мешудам. Акнун фаҳмидам, ки дар хоки ватан мурдан низ бахт будааст. Боре автобуссавор аз Душанбе меомадем, ки дар деҳаи сари роҳ одамон тобут сари китф аз ҳавлие баромада, ҷониби қабристон равон шуданд. Пирамарди ҳамроҳамон даст ба рўй кашида, гуфт: «Худованд моро низ чунин насиба диҳад». Ману ошноям Мурод хандида, гуфтем: «Мўйсафед, саросема нашав, ҳатман хоҳад дод». «Э писарам, ман дигар чизро дар назар дорам, – гуфт пирмард, – дар ҷогаҳи гарму нарми хеш ҷон ба ҷонофарин таслим кардану тобутро рўи даст бардошта ба мазор овардани мардум на ба ҳар кас муяссар мегардад». Он замони тинҷу осуда, рости гап, ба умқи гуфтаҳои мўйсафед сарфаҳм нарафтам, зеро аз рўзе ки ақламро шинохтам, майитро ҳама дастҷамъона гўру чўб мекарданд. Аммо баъд… вақте дар ин ҷанги бародаркушамон бо чашми сар ҷасади одамро хўрдани саг, бо либоси тан, бе кафан, мисли халтаи пору зери хок кардани ҷасади ҷавононро дидам, ҳамон суханони мўйсафеди нуронӣ ёдам омад… Тақдири Мурод ба худат маълум, кафан набурд бечора, тани захминашро аз об кашида натавониста, фурў рафт ба қаъри он. Кӣ медонад, дар кадом хафол аст алҳол ҷасади варамидааш. Ё шояд дар поёноб дарё ба соҳил баровард мурдаашро…
Ҳамин тариқ зану шавҳар дар саргаҳи Чилчароғ ном деҳаи сернуфус ба ҳамдигар рози дил карданд, гуфтанду шуниданду гиристанд. Баъд, вақте ки зан андаке ором гирифту аламаш паст шуд, онҳо ба деҳа ворид шуданд. Ошхонаи сари роҳ камодам, манзараи гирду атрофаш ҳузнангез, дару девораш шояд кайҳо боз рўи таъмирро надида буд. Ҷиҳозаш низ фақирона буд. Аз ин манзара табъаш хира шуда, лоилоҷ рўи кат гузошт ҷасадро Мансур. Хонсолор, пири айнакӣ, ба писарбачаи тахминан даҳ-дувоздаҳсола ишора кард, ки ба навомадагон хидмат бикунад. Дере нагузашта писарбача як чойник чой, ду нон ва дар тақсимчае ширинӣ оварда, рўи дастархон гузошт.
– Чӣ мефармоед? – пурсид писарбача даст пеши бар ва посухи Мансурро мунтазир нашуда, дар лаб табассуми малеҳ, ба ҷасад ишоракунон пурсид:
– Хобаш бурд?
Зану шавҳар лаҳзае гаранг шуданд, зеро ин савол бароя-шон ногаҳонӣ ва посух гуфтан ба он гарон буд. Мансур акнун лаб ҷуфт кардан мехост, ки ногоҳ зан мўякунон ҷасадро ба оғўш гирифт. Мизоҷони чойхона ба зану шавҳар мутаваҷҷеҳ шуданд. Писарбача ҳайрон қафо гашт. Хонсолор аз кат поин шуда, назди онҳо омаду аз Мансур пурсид:
– Чӣ мушкилоте дорӣ, бародар? Мариз аст фарзандат?
– Фавтид, – гуфт Мансур ба овози хаста.
Зан аз нав овоз баланд кард.
Марди афғон даст ба рўй кашида, гуфт:
– Чӣ кумак бикунам?
– Ҳеҷ. Мо гурезаем, мехоҳем ҳарчи зуд аз сарҳад гузашта, фарзандамонро дар ватан ба хок супорем.
– Бародари азиз, ҳама ҷо замини Худост, ҳоҷати тифлро ба ин роҳи дароз бурдан нест. Дар қарибӣ қабристон ҳаст, биё, бубарем он ҷо ба хок супорем.
– Якеашро гўр кардем ин ҷо, инашро бояд дар ватан дафн кунем. Ҳар вақт дард зўр оварад, сари қабраш рафта, алами дилро паст мекунем.
Мард сар ҷунбонду чанд лаҳза хомўш дар бари Мансур нишаст ва баъд бо ҳамдардӣ даст ба китфи ў гузошта, гуфт:
– Ҳама кор дар дасти Худост, мо бандаҳояш дасткўтаҳем. Ғусса махўр, хости Худо ҳамин будааст. Акнун дер шуд, шаб дар масҷид бимон, субҳ роҳатро идома медиҳӣ.
Хонсолор ҷониби матбах рафт ва дере нагузашта писарбача дар як табақ оши палав оварда, болои дастархон гузошт ва ба нигоҳи ҳайрони Мансур рамуз гирифта:
– Коком фиристод, бахшиш… пайса лозим не, – гуфту аз онҳо дур шуд.
***
Онҳо шабро дар масҷид гузарониданд.
Ҳанўз чашми рўз накафида Мансур бедор шуд. Одамон як-як барои гузоридани намози бомдод меомаданд. Имом, ки шаб барои онҳо аз хонааш ғизо оварда буд, низ расид ва барои роҳбаладӣ ҷавонеро ба онҳо ҳамроҳ карду секаса ба роҳ даромаданд. Тақрибан ду фарсах роҳро паймуда, ба лаби дарё расиданду каме пойин-боло рафта, ҷойи тунукобро пайдо намуданд. Об сард буд, суръати шамоли фасли пойиз меафзуд ва дар рўйи оби ором ҷорӣ ҳар гуна нақшҳо мекашид. Мансур ба ҷавони роҳбалад сипосгузорӣ намуд, аммо бо вуҷуди ин ў чанд дақиқа мунтазир истод ва чун дид, ки меҳмонон дар тараддуди рафтананд, гуфт:
– Пайсам наметӣ?
Мансур аз ин саволи ногаҳонӣ гаранг шуд, зеро ҳузури роҳбаладро аз дилсўзии имоми масҷид ангошта буд. То вай ба худ омад, ки:
– Надорем, – гуфт зан бо оҳанги маъюсона.
– Вақти ман сарф шуд, – изҳори нохушӣ кард ҷавон, – мулло гуфт, то лаби дарё бубар, бароят пайса медиҳанд. Ман вақти бекор надорум…
– Бародарҷон, ҳама пуламон ба роҳкирою ғизо сарф шуд, – илтиҷоомез гуфт зан. – Кори савоб кардӣ, дуо мекунем бароят аз даргоҳи Худованд, баракат меёбӣ.
– Ман ба дуои шумо зор нестум, – шўрид ҷавон, – шумо барои худатон дуо кунед, ки зинда то он соҳил бирасед. Ҳоло пайсаи маро бите.
– Инсоф кун, бародар, – ба забон омад Мансур.
– Наметӣ?! Хуб, агар не, ҳозир пулиса ба сарут меорум, – бо таҳдид омодаи рафтан шуд ҷавон.
– Ист, – аз дасти ҷавон дошт Мансур ва ба занаш рў оварда, гуфт. – Либосҳои Фаромўзро бидеҳ… барои бачаҳояш барад.
Занро гўё қувваи барқ зада бошад, ларзида аз ҷой хеста:
– Намедиҳам! – гўён дод зад ва анбони дасташро, гўё аз дасти дарозе ҳифз мекарда бошад, ба қафаси синааш пахш кард. – Ягона ёдгор аз бачаҳакам ҳамин либосҳояшанд. Намедиҳам, бикушӣ ҳам, намедиҳам! Шабҳо бў кашида хоб меравам, – инони гиряро сар дод зан.
Мансур аз зўри дарду ғазаб меларзид.
– Бидеҳ! Агар пулисро биёрад, як дунё ғавғо мехезад.
– Намедиҳам, бигзор биёрад!
Ҷавони афғон аз муҷодалаи зану шавҳар тоқаташ тоқ шуда, Мансурро сари нанг овардан хост:
– Ту чӣ рақам мард ҳастӣ?.. Меравум.
– Бирав, дафъи муъминон шав! – бехудона дод зад зан. – Магар шумо мусулмонед… дар рўзи сиёҳи як муъмин пул кор кардан мехоҳед… Маҳ! – бо дастони ларзон ангуштари никоҳиашро аз ангушти беномаш кашида, ҷониби ҷавон ҳаво дод. – Саратро хўрад пайса, заҳру зақуми фарзандонат шавад. Мисли ман занат аз доғи фарзанд як умр биноладу асло оби чашмонаш хушк нашавад…
– Девона аст магар? – ғур-ғуркунон ҷониби мошинаш рафт ҷавони афғон.
То дер зан менолиду Мансур намедонист, бо кадом роҳ ўро ором кунад. Дили худаш низ пур аз зардоб буд, ба дард меомад, сўзиш мекард: аз сарсонию саргардонӣ, аз пеши касу нокас сархаму мулзам шудан, миннати номардеро кашидан, аз аҳволи хоҳаронашу падари пири дар он дашти бекарон андаруни хаймаи сард танҳомондааш, ки ҳангоми гусел кардан бо дастони ларзон оби чашмони камнуращро поккунон гуфта буд: Бачам, дигар умеди ба ватан баргаштан надорам, медонам, рўзам башумор мондааст, шабҳо сих мезанад дилам. Бигузор ман дар ин замини бегона хок шавам, дидагиамро дидам, хўрдагиамро хўрдам. Аммо ту ин фарзандатро низ ғарибхок накун, ба ҳар азоб бошад ҳам, ақаллан ба ватани бобоиамон, ки ором аст, бурда дафн бикун, вагарна рўзе ба ватан бармегардию ними дили тую келин ин сўи дарё мемонад. Тасаввур мекунам, душвор аст бо ин дард зистан. Бирав, бачам, ҳарчи дар пешониат навишта бошад, ҳамонро мебинӣ. Агар замона тинҷ шаваду мардум ба сулҳу салоҳ оянд, чор-панҷ мўйсафеди шиносро ҷамъ оварда, ба арвоҳи мани ғарибхок низ оши худоӣ бидеҳ. Паноҳат ба Худо!
– Ором шав, – гуфт Мансур, даст ба китфи ҳамсараш гузошта. – Ин кишвари бегона… капитализм. Бе пул як қадам намегузоранд ин ҷо, ҳатто ба саломи худоият бепул ҷавоб намедиҳанд. Қадри одамро ба андозаи ҳамёнаш бармекашанд. Мо, ки дар ҷамъияти дигар тарбия ёфтаем, ин гуна рафтори инҳо сахтамон мерасад.
– Мардум барои ҳамин гуна ҷамъият майдоншинӣ кар-данд? – бо оҳанги маломат пурсид зан. – Мехоҳанд ҳама чиз ба пул андоза карда шавад? Ҳамон зинадагии серу пурамон чӣ бадӣ дошт? Чанд бор гуфтам, ки оқибати ин корҳо вой аст, бовар накардӣ.
– Худат нағз медонӣ, ки қисми зиёди мардум агар ба майдон намерафтанд, радди маърака мешуданд, – гуфт Мансур. – Хоҳӣ, ки нашавӣ расво, ҳамроҳи ҷамоат бош, гуфтаанд.
– Магар расвоӣ аз ин зиёд мешавад?
– Инсон шири хомхўрда, баъзан хато рафта, суду зиёни худашро намефаҳмидааст.
Ҳарду хомўш монданд. Дарё дар ин мавзеъ ором ҷорӣ буд. Дар он тарафи соҳил мошини боркаше, ки болояш чанд нафар сиёҳӣ мекарданд, базўр кўталро боло шуда, дар гардиш нопадид гашт. Ҳама атроф дар ҳукми сардӣ, зардию хазонрезӣ буд. Вақте ки андаке заҳри об шикасту ба тани ҷонзоту табиат нармӣ давид, аз дарё гузаштанд онҳо. Мансур по ба соҳил гузошту чуқур нафас кашид ва дар дил ҳазорон бор шукр гуфту рўҳаш болида гашт. Ў мисли қаноти уқоб ҳангоми парвоз ду дасташро кушода, қафаси синаашро дамонд. Дигар ташвише, ки дар он сўи об дар дил дошт, гум шуд. Аз чизе хавотир набуд, аз манзараҳои шинос, талу кўҳпуштаҳо дилаш боғ-боғ кушода мешуд. Каме дуртар аз соҳил дар сояи харсанге ли-босҳояшонро аз об ҷафида, дар тараддуди ба роҳ афтидан буданд, ки ду нафар марзбон болои сарашон пайдо шуд: яке миёнақад, қазоқнажод, дар танаш фуфайка ва дар сараш панамаи паҳнлапар дошт. Ҳамроҳи ў қадбаланд буд, дар танаш шинели нимдошт, дар дасташ дурбин буд. Ҳарду бо автомат мусаллаҳ буданд.
– Сафарҳо бахайр! – хитобид қадбаланд ба забони тоҷикӣ. – Аз куҷо пурсем?
– Аз он тараф, – ором посух дод Мансур. – Гурезаем, додар, кўдакамон фавтид, барои гўрондан овардем.
– Аз куҷоӣ, ака?
– Аз Қўрғонтеппа.
– Дар ин ҷо чӣ гум кардӣ?
– Вазъияти Қўрғонтеппа ба худат маълум, додарҷон, – ба гап ҳамроҳ шуд зан, – ҷанг он ҷо. Асли мо аз ҳамин Даштак, бобоҳоямонро муҳоҷир кардаанд солҳои шастум. Мехоҳем дар қабристони бобоиямон ба хок супорем.
– Мурод, ба застава мебарем, – гуфт ҳамроҳи ў, ки аз гуфтугўи онҳо торафт бетоқат мешуд, ба забони русӣ.
– Додарҷон, мо чӣ гуноҳ кардем? – гуфт зан ба забони шикастаи русӣ.
– Чӣ гуноҳ кардем, мегўӣ? – тамасхур кард марзбон. – Сарҳад шикастан гуноҳ нест магар? Ҷиноят аст, барои ин кор чор-панҷ сол дар маҳбас мешинӣ. Пеш даро!
– Муродҷон, – зора кард зан тоҷикписарро, – мурдаро дар роҳ мондан убол. Бе ин ҳам қариб ду рўз дар роҳ будем.
– Апа, пеш даро! – овоз баланд кард марзбони миёнақад.
Пеш-пеш тоҷикписар, дар байн зану шавҳар ва марзбони дигар аз ақиб ба роҳ даромаданд.
Дар застава зану шавҳарро ба назди капитани рус бурданд. Одами қавоқию ҷиддӣ менамуд вай. Пас аз арзи марзбонон капитан чанд лаҳза чашм аз Мансур наканда, гуфт:
– Дар куҷо фавтид кўдакатон?
– Дар Афғонистон.
– Чаро ҳамон ҷо нагўрондед?
– Як нафарашро ба хок супоридем… диламон нашуд, ба ҳар ҳол хоки бегона.
Капитан хеле аз вазъи гурезагони тоҷик дар Афғонистон пурсида, вазнин аз ҷой хест ва сигор даргиронда, назди тиреза рафт. Дар рўйи ҳавлӣ манзараи аҷиберо дид магар, маҳин табассум карду аз тиреза чашм набардошта гуфт:
– Аҷиб мардумед шумо, фаҳмидан душвор.
Ва баъд шишаи тирезаро пушти нохун зада, аз берун касеро имо кард. Дере нагузашта ҳамон сарҳадбони тоҷик ҳозир шуд. Капитан ба вай фармуд, ки меҳмононро то роҳи калон гуселонад. Вақте ки Мансур берун баромад, чашмаш ба чанд нафар марзбон афтид, ки давра гирифта, бозии сагу гурбаеро тамошо доштанд. Гурба бо нозу карашма ба гардани овчаркаи бузургҷуссаи немисӣ савор шудан мехост, аммо саг бо фуки дарози хеш ўро аз худ дур мекард. Гурба ду-се раҳ ғел хўрда, аз нав ба саг дармеафтод ва ин дафъа вафодор навозишкорона бо пойи росташ ўро ба замин хобонд. Марзбонон аз ин манзара ба ваҷд ме-омаданд.
Мансур ҳамроҳи занаш рост ба қабристон рафтанд ва аз нафаре пурсида, посбонро пайдо намуданд. Зан то дарвозаи қабристон тифл дар бағал мўя мекашид. Мансур бо як азоб ҷасади фарзандро аз дасти ў гирифта, ҳамроҳи посбон дохили қабристон шуд. Посбон, марди тахминан шастсолаи қоматбаланд, ки дар зери чашми росташ холи сиёҳе ба андозаи танга дошт, аз хонае, ки дар дами дарвоза буд, бел, зоғнўлу мисрон гирифт ва онҳо дуртар аз дарвоза қабр канданд. Вақте майитро дохили қабр гузоштанд, аввал Мансур чанд бел хок партофт, баъд посбон шояд ба ҳоли ў раҳмаш омад, ки «белро ба замин гузор» гуфт. Сипас онро аз замин бардошта, тез-тез хок партофтан гирифт ва вақте пуштачае пайдо шуд, хоки ҷо-ҷо мондаро аз гирду атроф ҷамъ оварда, болои қабр партофт ва ҳар замон бо остини ҷома ашки чашмонашро сутурда, зери лаб пичиррос мезад: Бубахш моро, тифли бегуноҳ, бубахш…