КЕНҶА САЛИМ
САЛИМ КЕНҶА 31 марти соли 1936 дар гузари Кенҷаёғчии шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Мактаби ҳафтсолаи №31 ноҳияи Самарқандро (1951) итмом бахшида, солҳои 1951-1956 дар Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд, солҳои 1958-1963 дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1958 оғоз намуда, солҳои 1958-1963 дар мактаби миёнаи №32 ноҳияи Самарқанд муаллимӣ кардааст. Солҳои 1963-1964 дар кумитаи радиошунавонии вилояти Самарқанд муҳаррири бахши тоҷикӣ будааст. Солҳои 1969-1996 аввал дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ, сипас дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ омӯзгор ва мудири кафедраи педагогика будааст.
Номзади илми педагогика. Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон.
Ба фаъолияти эҷодӣ аз соли 1956 шурӯъ намудааст. Ашъори нахустинаш дар рӯзномаҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамчунин, дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Хордаста», «Гулдастаи Самарқанд», «Корвони орзу» ва ғ. ба чоп расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Сайқали дил» (1991) ва «Садои Самарқанд» (1999), қиссаҳои «Ман, модарам ва дигарон», «Мӯъҷиза», «Тӯйи писарам» мебошад.
Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.