КЕНҶА МИРЗО
МИРЗО КЕНҶА 1-уми майи соли 1961 зодаи Душанбешаҳр, таҳсилдидаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ашъораш аз тариқи нашрияҳои ватанию кишварҳои ҳамзабон, ҳамчунин маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Соли 2010 ду маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони «Панҷаи хуршед» ва «Шарфаи пои ошно» аз тариқи нашриёти «Адиб» дастраси хонанда гардид.
Як силсила шеърҳои шоирони рус – аз ҷумла С.Есенин, Р.Рождественский, белорус – М.Танк, арман – Л.Ананян, С.Багдасарян, фаронсавӣ – В.Гюго, инглис – Ҷ.Байрон ва дигаронро ба тоҷикӣ бозгӯ намудааст.
Аз соли 2004 узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ ва аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Барои кори шоён» ва ҳамчунин бо дигар нишону медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Русия сарфароз карда шудааст.